Баргузории ҳамоиши сармоягузори рушди Тоҷикистон дар Ландан

Баргузории ҳамоиши сармоягузори рушди Тоҷикистон дар Ландан

Ахбори байналмилал

Ба гузориши сомонаи Ховар, 28-29 марти соли 2023 дар шаҳри Лондон, Ҳамоиши сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ин ҳамоиш, ки дар таърихи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир бори нахуст баргузор гардид, доираи васеи роҳбарону масъулини вазорату идораҳои Тоҷикистон, соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи ҷаҳон ширкат  намуданд.

Дар ин барнома аз ҷониби Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи идораи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ, Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири об, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои навин ва масъулони дигар ниҳодҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи баргузории барномаи мазкур, таҳкиму густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, дарёфти роҳҳои нави амалӣ дар самти бунёд ва таъсиси корхонаҳои муштарак унвон шудааст.

Дар поёни ин ҳамоиш ҳамчунин барномаи фарҳангӣ ва тафреҳӣ ба муносибати ҷашни бостонии Наврӯз баргузор гардид.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чин: Амрико бузургтарин таҳиди амнияти ҷаҳонӣ
Намоишгоҳи саноати дастии Эрон дар Қазоқистон

Матолиби пурбоздид