Бархе аз кишварҳо Тик-Токро масдуд кардаанд

Бархе аз кишварҳо Тик-Токро масдуд кардаанд

Ба далоили амниятӣ, бархе аз кишварҳо паёмрасони Тик-Токро масдуд кардаанд

Ба далели нигарониҳои амниятӣ, Кохи Сафед ба созмонҳои давлатӣ як моҳ мӯҳлат дод то апликейшени чинии Тик-Токро аз тамоми дастгоҳҳо пок кунанд.

Ҳинд, Канада ва Аврупо ҳам Тик-Токро манъ кардаанд.

Афғонистони таҳти контроли Толибон ва Покистон низ ба далели “мӯҳтавои гумроҳкунанда” истифода аз Тик-Токро мамнуъ донистаанд.

Пас аз ҳаракати як балони чинӣ бар фарози хоки Иёлоти Муттаҳида дар ҳафтаҳои ахир, ҳукумати Амрико акнун эҳтиёткортар шуда ва талош дорад то имкони ҷосусӣ аз дастгоҳҳои давлатиро ба ҳадди ақал бирасонад.

Ширкати ByteDance, ки молики барномаи Тик-Ток аст, ин нигаронии Амрикоро нодуруст хонда ва иттиҳоми ҷосусӣ барои ҳукумати Чинро рад кардааст.

Кунгураи Амрико дар моҳи декабр ба ҳукумати Байден 60 рӯз фурсат дод то истифода аз барномаи видеоии Тик-Ток дар дастгоҳҳои давлатиро мамнуъ кунад. Ин иқдом ба манзури эмин нигаҳ доштани иттилооти давлатӣ сурат гирифтааст.

Бархе аз ниҳодҳои амрикоӣ аз ҷумла Кохи сафед, вазорати дифоъ, вазорати амнияти дохилӣ ва вазорати хориҷа қаблан истифода аз Тик Токро дар компютерҳо ва телефонҳои расмӣ манъ карда буданд.

Иттиҳодияи озодиҳои мадании Амрико аммо гуфт, ки бо мамнуияти Тик-Ток тавассути конгресс мухолиф аст.

Канада низ субҳи душанбе мамнуияти истифода аз Тик-Ток дар дастгоҳҳои давлатиро эълом кард ва гуфтааст, ин барнома хатаре барои ҳарими хусусӣ ва амнияти додаҳо эҷод мекунад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаҳо аз талафоти сангини таҷҳизоти низомии Русия гузориш медиҳанд
Оғози фаъолияти дипломатҳои Толибон дар Эрон ва Туркия

Матолиби пурбоздид