Барқарории муносиботи иқтисодии Душанбе ва Боку
Ахбори байналмилал
Барқарории муносиботи иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон аз муҳимтарин ҳадафҳои сафари Илҳом Алиев ба Душанбе хоҳад буд.
Дар торихи 4-апрел, раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари расмӣ, ба Тоҷикистон хоҳад омад.
Тибқи гузоришоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар, дар доираи ин сафар, Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор мегардад.
Ба гуфтаи манбаъ ҳадаф аз баргузории ин форум “пайдо намудани имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот мебошад”.
Гуфта мешавад дар форум роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо ширкат хоҳанд намуд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн