Баёнияи муқовамати Ғазза дар бораи посух ба тавофуқи пешниҳодии оташбас
Ахбори байналмилал
Alalam
Ҷунбишҳои Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ бомдоди чаҳоршанбе эълом карданд, ки посух ба тавофуқи пешниҳодии Омрико барои оташбас, бар асоси манофеи мардуми Фаластин ва хуруҷи ишғолгарон аз Ғазза аст.
Ба гузориши Алъолам, баъд аз интишори ахборе ғайри расмӣ аз сӯйи расонаҳои ғарбӣ ва саҳюнистӣ мабнӣ бар мухолифати ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) бо тавофуқи пешниҳодии Омрико барои оташбас, муқовамати Ғазза баёнияе дар ин бора содир кард.
Ҷунбишҳои Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ бомдоди чаҳоршанбе дар баёнияе гуфтанд: “Посухи мо (ба тавофуқи оташбас) манофеъи мардуми мо, таваққуфи таҷовуз ба Ғазза ва хуруҷи комили ишғолгарон аз навори Ғаззаро дар авлавият қарор медиҳад.”
Дар ин баёнияи муштарак омадааст: “Мо бар омодагии ҳайати фаластинӣ барои бархӯрди мусбат ҷиҳати дастёбӣ ба тавофуқе, ки ба ҷанг поён медиҳад, таъкид мекунем.”
Яке аз сарони Ҷиҳоди Исломӣ низ гуфт: “Ҳар ибтикоре бояд тазминкунандаи таваққуфи таҷовуз ва хуруҷи комили ишғолгарон аз навори Ғазза бошад. Мушкили воқеӣ ин аст, ки ишғолгарон намехоҳанд ба оташбаси возеҳ пойбанд бошанд.”
Пеш аз ин, шомгоҳи сешанбе буд, ки як манбаъи ҳозир дар ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) хабар дод, ки ин ҷунбиш, посухи худ ба тавофуқи пешниҳодии Омрико барои оташбасро ба воситаҳо таҳвил додааст.
Alalam
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: