Баҳси қазо ва қадар
“Қазо ва қадар” ва “фарбеҳ будани бинӣ”
Фарқи маорифи исломӣ ва қуръонӣ бо соири маорифи башарӣ дар ин аст, ки одам бо сирфи мутолеа наметавонад бо маорифи исломӣ ошно шавад, бояд пеши як устоди ворид ва босавод онро фаро гирифт. Ба хилофи соири маорифи башарӣ, ки бо ин ки онро низ бояд пеши устод омӯхт, вале маҳол нест бо мутолеа бо онҳо ошноӣ пайдо кунед.
Бо қотеият арз мекунам, маҳол аст, ки одам бо сирфи мутолеа битавонад масалан ба масъалаи қазо ва қадаре, ки Қуръон аз он мегӯяд маърифат пайдо кунад ва ошно шавад. Ин маҳол аст. Қазо ва қадаре, ки Қуръони Карим аз он мегӯяд, собиқа надорад ва пеш аз Қуръон аҳаде ба ин сурат, ки Қуръон баён карда, баён накардааст. Ва ба ҳамин хотир аст, ки миёни мусалмонон дар ин масъала ихтилофи назари шадиде воқеъ шуда: шуморе аз донишмандон (масалан Мӯътазила) бардоште аз он доранд, ки сад дар сад мухолиф бо бардошт ва тафсири Ашоъира дар бораи он аст. Ва ихтилофе ҳам, ки байни онҳо дар ин масъала ҳаст, сабаб ва ҷузъиёти он ва чанду чуни онро ҷуз одаме, ки бо маорифи исломӣ нек ошност ва дар назди як устоди вораста ва ворид дарс хондааст намефаҳмад.
Бинобар ин, вақте афроде, ки иддао доранд донишманд ҳам ҳастанд ва дарс хондаанд, дар бораи маорифи исломӣ — ки равшан аст фақат аз тариқи мутолеаи сирф бо онҳо ошно шудаанд – изҳори назар мекунанд, одам воқеан тааҷҷуб мекунад! Ҳарфҳояшон ба ҳадде сахиф ва хандаовар аст, ки намедонед бигирйед ва ё бихандед! Хусусан дар масъалаи қазо ва қадар.
Як одат дар миёни донишҷӯёни улуми исломӣ ва ба истилоҳ муллобаччаҳо, аз қадим роиҷ буд, ки онҳо улум ва маорифи исломиро пеши устод дарс мехонданд. Бинобар ин, онҳо агар дар масъалае ихтилофи назар доранд (масалан, яке мӯътазилӣ аст, яке ашъарӣ, яке мотуридӣ ва ғайра) ва байни ҳам баҳсу гуфтугӯ мекунанд, ҳарфи ҳамдигарро хуб мефаҳманд, эроду ишколе ҳам, ки ба якдигар ворид мекунанд, қобили дарку фаҳм аст, лоақал барои худашон. Аммо касе, ки дар ин водӣ нест, бовар кунед ҳеч чиз намефаҳмад ба ҷуз муште аз ҳарфҳои музҳик ва хандаовар: ин ки масалан қазо ва қадар ин будааст, ки одам ҳеч кора будааст ва Худо ҳамакора будааст. Ва ё ин ки одам худаш ҳамакора будааст ва Худо дар каноре нишаста ва наззорагаре беш набудааст ва ғайра… “Донишмандони” мо аз ихтилофи Ашоъира ва Мӯътазила дар масъалаи қазо ва қадар оё ҷуз ҳамин мефаҳманд?!
Сабабаш дар ин аст, ки ин “донишмандон” фақат мутолеа кардаанд. Масалан, тараф хоста бо афкору ақоиди Ашоъира ошно шавад; рафта ва китоби “Мақолот”-и Имом Абулҳасани Ашъарӣ ва ё чанд китоби Имом Фахри Розиро мутолеа карда ва сипас фикр карда бо онҳо ошно шуда. Дар ҳоле, ки агар шумо бихоҳед, бо ақоиди Ашоъира ошно шавед, роҳе надоред ҷуз ин ки солҳо пеши як устоди вораста ва мулло дарс бихонед ва ба тамоми истилоҳот ошно шавед, ки кори бисёр душвор ва сахт аст.
Ин ки ховаршиносон (шарқшиносон) гоҳе изҳори назарҳои хандаоваре дар бораи маорифи исломӣ мекунанд, сабабаш дар ҳамин аст, ки фақат мутолеа кардаанд. Як воқеияти талхро бароятон нақл кунам аз як ховаршиноси маъруф.
Як шарқшиноси маъруфе ҳаст ба номи Артюр де Гобино (Joseph Arthur comte de Gobineau, 1816 — 1882) ва китобе дорад ба номи “Се сол дар Осиё” (Three Years in Asia). Оқои Гобино дар замони Носируддиншоҳ ба Эрон омада ва чанд сол дар ин кишвар иқомат дошта. Вай дар ҳамин китобаш (яъне “Се сол дар Осиё”) он ҷо, ки кайфияти аҳволпурсии эрониёнро шарҳ медиҳад, мегӯяд:
“Пас аз он ки шумо ва соҳибхона ва ҷамиъи ҳуззор нишастед, шумо ба тарафи соҳибхона рӯ мекунед ва мегӯед: оё бинии шумо фарбеҳ аст? Соҳибхона мегӯяд: дар сояи таваҷҷӯҳоти Борӣ Таъоло, бинии ман фарбеҳ аст, бинии шумо чӣ тавр?… Ман дар баъзе маҷолис дидаам, ки ҳатто панҷ мартиба инро аз як нафар суол кардаанд ва ӯ посух додааст ва ҳатто шунидам, дар тавсифи яке аз уламои Теҳрон мегуфтанд, ки аз бузургтарин хислатҳояш ин буд, ки вақте ба мулоқоти яке аз бузургон мерафт, на танҳо дар хусуси бинии вай ва мутаъаллиқони вай пурсиш менамуд, балки роҷеъ ба бинии тамоми навкарҳо ва ҳатто дарбон истифсор мекард…”
Мулоҳиза кунед, ки ин мард ба далели адами ошноии комил ба истилоҳоти роиҷ ва таъбироти забони форсӣ – масалан бо истилоҳи “дамоғи шумо чоқ аст?” – чӣ бардошти хандаоваре мекунад! Ӯ фикр кардааст, манзур аз “ҷоқӣ” дар ин таъбир яъне фарбеҳӣ.
Бовар кунед, изҳори назарҳои онҳо дар бораи маорифи исломӣ мисли масъалаи қазо ва қадар, шабеҳи ҳамин изҳори назари оқои Гобино дар бораи таъбири “оё дамоғи шумо чоқ аст?” мебошад.
Чанд сол пеш ба яке аз ҳамин қабил афрод вақте Мавлоноро “миёнарав” хонда буд, арз карда будам, ин ҳарфро дигар такрор накунад!
Росел ва Худо
Ин ки дар Урупо (баъд аз реннесанс) рӯшанфикрон ва бештари донишмандонаш ба Худо ва дин пушт карданд, агар шумо китобҳои онҳоро бо диққат мутолеа кунед ва дидгоҳҳо ва назароташонро баррасӣ кунед, мебинед, решаи ин таҳаввул дар онҳо дар ду чиз хулоса мешавад: яке, дар тасаввуре, ки аз Худо дар он муҳит ироа мешуда ва дигар, дар тафсири ин донишмадон аст аз инсон. Яъне, барои онҳо на Худо дуруст фаҳм шуда ва на инсонро ба таври шоиста ва бояд шинохтаанд.
Бетронд Росел (Bertrand Russell, 1872-1970), бе шак аз файласуфони номдор аст, аммо вақте Худоро инкор мекунад, бибинед, тасаввураш аз Худо чист? Яъне, Худое, ки пеши вай агар қарор аст бошад, чӣ Худоест. Ӯ мегӯяд:
“Агар ман муддаӣ мешудам, ки дар манзумаи шамсӣ миёни Замин ва Миррих як қурии чинӣ (фарфоровый чайник) гирди хуршед мегардад, ҳеч кас қодир набуд муддаои маро радд кунад агар дар идома бигӯям ин қурӣ он қадр кучак аст, ки ҳатто бо қавитарин телескопҳо ҳам қобили дидан нест. Аммо агар то он ҷо пеш мерафтам, ки мегуфтам чун муддаои ман ибтолнопазир аст ва ҷоиз нест ақли башар ба он шак кунад, ба дурустӣ ба ёвагӯӣ муттаҳам мешудам. Бо ин ҳол, агар вуҷуди ин қурӣ дар китобҳои қудамо таъйид шуда буд ва онро ҳақиқате қудсӣ шумурда ва ҳар якшанбе дар калисо дар бораи он ба панду мавъиза мепардохтанд ва дар мадорис онро ба зеҳни кӯдакон фурӯ мекарданд, тардид дар вуҷуди он, нишонаи номутаораф будан талаққӣ мешуд ва шахси шаккокро дар асри равшангарӣ ба назди равонпизишк ва дар давраи пеш аз он, ба “додгоҳи тафтиши ақоид” мефиристоданд.” (Bertrand Russell: Is There a God?)
Ду нукта дар бораи ин гуфтор қобили ёдоварист:
1) Нуктаи аввал он ки: ин сухан худаш нишон медиҳад, ки Худое, ки Росел дар садади инкори он аст, Худое аст, ки калисо муаррифӣ мекарда ва дар муҳити ӯ ин тасаввур шойеъ ва роиҷ буда. Яъне, Худое, ки дар он муҳит дар зеҳнҳо тасвир мешуда ва шахси шаккок дар ӯро ба назди равонпизишк ва пеш аз он ба “додгоҳи тафтиши ақоид” мефиристодаанд, мавҷуде будааст, ки агар қарор аст бошад, бояд ё маҳсус бошад ва ё агар номаръист бояд қобили исбот бо равиши илмӣ ва таҷрибӣ бошад. Ва касе ҳам, ки билфарз дар бораи вай шакк кунад, шакки ӯ ношӣ аз ин аст, ки ӯ дар ҳоли талош барои ҷустуҷӯи он мавҷуд аст, вале ҳанӯз натавониста нишонаҳое аз ӯ пайдо бикунад. Ва калисо ҳам, ки вуҷуди он Худоро ибтолнопазир медонистааст ва ҳар рӯз ба қавли Росел, “дар мадорис онро ба зеҳни кӯдакон фурӯ мекарданд”, якчунин мавҷуди мармузе будааст, аммо номаръӣ.
Ҳоло шумо ин тасаввурро бо таърифе, ки дар Қуръон ва ривоёти исломӣ аз Худо шуда, муқоиса кунед!
2) Нуктаи дуввум он ки: мушкили Росел ва амсоли вай ин аст, ки инҳо илм (огоҳӣ)-ро мунҳасир дар огоҳиҳои ҳусулӣ медонистаанд. Тавзеҳ он ки: огоҳиҳои мо инсонҳо ду гуна ҳастанд: ҳузурӣ ва ҳусулӣ. Огоҳии ҳузурӣ он аст, ки миёни олим (огоҳ) ва маълум (чизе, ки ба он огоҳӣ пайдо кардааст) ҳеч воситае нест. Масалан, огоҳии инсон ба худаш ва ё огоҳии ӯ ба ҳолатҳои нафсонияш, ҳама аз ин навъанд. Вақте ман аз худам огоҳам, худам пеши худам ҳузур дорам. Вақте эҳсос мекунам, ки гурусна ҳастам, ин эҳсоси гуруснагӣ пеши худам ҳозир аст. Вале дар огоҳии ҳусулӣ, миёни олим ва маълум восита ҳаст. Ҳамаи огоҳиҳои мо инсонҳо аз ҷаҳони берун, огоҳии ҳусулӣ аст. Вақте шумо дарахтеро мебинед, ин маълум (дарахт) пеши шумо худаш ҳузур надорад, балки сурате аз он пеши шумо ҳузур дорад ва шумо аз тариқи ин сурат ба он огоҳ мешавед. Яъне, нуре аз чашмонатон берун мешавад ва ба як чиз бармехӯрад ва он гоҳ суратгирӣ мекунад. Он чи пеши мо ҳузур дорад, сурати дарахт аст, на худи дарахт. Инро мегӯянд, илми ҳусулӣ.
Ҳол, фарз кардем, мо инсонҳо аз роҳи илми ҳусулӣ (ки ҳамаи ёфтаҳои ақлӣ ҳам аз ҳамин навъ аст), муваффақ ба огоҳӣ ба Худо нашудем (ки албатта мешавем, аммо ҳоло фарзро бар ин бигирем), хуб, дар ин сурат, оё метавон огоҳии ҳузурӣ ба Худоро низ мункир шуд?
Донишмандони исломӣ бахусус урафо, вақте дар бораи Худо сӯҳбат мекунанд, муродашон он нест, ки аз тариқи илми ҳусулӣ ба он пай бурда бошанд. Ҳаргиз! Балки манзурашон ин аст, ки мо Худоро ҳузуран меёбем, чунон ки ба худамон ва ба ҳолоти нафсонии худ огоҳем. Ин ки дар ислом гуфта мешавад, ки “Ҳар ки худашро шиносад, Худояшро ҳам мешиносад”, манзурашон илми ҳусулӣ нест. Балки илми ҳузурӣ аст, ки дар он миёни олим ва маълум ҳеч воситае нест, балки айни маълум пеши онҳо ҳузур пайдо мекунад ва онҳо ӯро меёбанд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн