Нуфуз ба сабки амрикоӣ

Таҳлили хабарӣ

Нуфуз ба сабки амрикоӣ

Назари коршинос

Ба гузориши хабаргузориҳои мӯътабар, эҳтимоли вуқуи дубораи даргириҳо байни Қирғизистон ва Тоҷикистон бисёр зиёд аст. Аммо оташи ин ҷанг аз куҷо дар ҳоли забона кашидан аст?

Тибқи баррасиҳо ва гузоришоти мавҷуд, кумаки сад ҳазор долларии гӯё, башардӯстонаи Амрико ба Қирғизистон ва мардуми шаҳрҳои марзии вилояти Боткен ва ҳамчунин таҳаррукоти нируҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар манотиқи марзӣ, беш аз пеш ба чашм мехурад.

Ҳузури намояндагони неруҳои мусаллаҳи амрикоӣ ба раёсати Роберт Унгер, мушовири аршади фармондеҳии марказии Амрико дар минтақаи Боткени Қирғизистон ва пайгирии гузоришоти тахлияи ин манотиқ аз сокинони ғайринизомӣ, ҳокӣ аз дахолати мустақими Амрико дар масоили минтақаи Осиёи Миёна аст.

Илова бар ин, пас аз ин дидор, вазири дифои Қирғизистон, сароҳатан эълом кард, ки бидуни миёнаравӣ сулҳе байни Қирғизистон ва Тоҷикистон барқарор нахоҳад шуд.

Таҳлили ин иттифоқот ҳокӣ аз он аст, ки Амрико бо эҷоди ошӯби наве дар минтақаи Осиёи Миёна, фурӯши силоҳ ва ҷангафрӯзӣ ва ворид кардани зарбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Русия мебошад.

Сиёсати мудохилаҷӯёнаи Амрико бо ҳадафи зарба задан ба қудрат ва нуфузи Русия дар минтақа ҳамроҳ аст. Амрико бо дахолатҳои худ дар муносибатҳои сиёсии кишварҳои минтақаии Осиёи Миёна бо Русия, ибтидо беэътимодӣ ва сардии равобитро тазриқ мекунад ва баъд бо фиреб ва татмеи сиёсатмадорон аз тариқи пулу сарват, фурӯши таслиҳоти низомӣ ва…, бо эҷоди ошӯб ва ҷангу шикастани иттиҳод миёни кишварҳои Осиёи Миёна дар паи баҳонае барои ҳузури сиёсӣ ва низомии худ дар минтақа аст. Таърих борҳо нишон додааст, манфиат ва сиёсати иқтисодии Амрико металабад, кумакҳои гӯё, башардӯстонааашро бо ҳадди ақал даҳ баробар суд, бозпас бигирад. Ва дар ниҳоят, боз ин мардум ҳастанд, ки қурбонии зиёдахоҳиҳои Амрико мешаванд.

Пойгоҳи фарҳагӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Забон ва хатти муштарак
Қирғизистон; табдили хусуматҳои сиёсӣ ба хусуматҳои қавмӣ ва миллиятӣ

Матолиби пурбоздид