Ба деҳе дигар мерафтам

Адаб

Ба деҳе дигар мерафтам

Дарвеше ба деҳе расид, чамъе кадхудоёнро дид онҷо нишаста, гуфт:

— Маро чизе бидиҳед, вагарна бо ин деҳ ҳамон кунам, ки бо он деҳи дигар кардам.

Эшон битарсиданд, гуфтанд, мабодо ки соҳире ё валие бошад, ки аз ӯ харобӣ ба деҳи мо расад! Он чӣ хост, бидоданд.

Баъд аз он пурсиданд, ки бо он деҳ чӣ кардӣ?

Гуфт: — Онҷо суоле кардам, чизе надоданд, ба ин ҷо омадам. Агар шумо низ чизе намедодед, ба деҳе дигар мерафтам.

Убайди Зоконӣ

Қаламонлайн  

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ӯ сухани ман ба ғараз мешунавад
Аъробӣ ва халифа

Матолиби пурбоздид