БА ҶОЙИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ” ВА “ТУРКИСТОН” ТӮРОН БИНАВИСЕМ!

Таърих
БА ҶОЙИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ” ВА “ТУРКИСТОН” ТӮРОН БИНАВИСЕМ!
Пантуркизми модерн майдонро барои тохтутози нави худ тоза мекунад. Кишварҳое чун Туркия ва Ӯзбакистон тасмим гирифтанд, ки аз ин ба пас топоними “Осиёи Марказӣ” ба истилоҳи “Туркистон” иваз карда шавад. Гуфта мешавад аз оғози соли хониши 2024-25 дар осори илмӣ ва матолиби таълимӣ номҷойҳои таърихӣ ва фарҳангӣ тағйир дода мешаванд.
Чӣ бояд кард?
Ҳақиқатро набояд пинҳон кард, зеро он танҳо арзиши ҷовидонаи таърих аст.
Тӯрону Эрон ду чашми як косаи саранд. Ба хотир дошта бошем, ки тӯрониён бародарони эрониён ва аз ариёҳои фарорӯдии куҳани таъриханд!
Рабт додани номи Тӯрон ва тӯрониён ба туркон, бузургтарин иштибоҳи масоили ҷуғрофиёи таърихӣ дар илм ва аз зиштарин анахронизми таърихист, ки асрҳои аср по барҷост.
Вокуниш кардан алайҳи хар навъ беадолатӣ вазифаи миллату давлат аст. Агар давлат накард, пас миллат бояд кунад!
Кореро бояд анҷом бидиҳем, ки падаронамон натавонистанд анҷом бидиҳанд!
Тӯронро бояд рӯҳи ҷадиде бахшем!
Хостан тавонистан аст.
Мо метавонем!
Батафсил р. ш. ба: Тӯронро бояд рӯҳи ҷадиде бахшид! https://www.facebook.com/groups/164349237440455/posts/928064614402243
ФБ, “Тураника”,
11.06.2024.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маънии мафҳуми тоҷик дар мутуни таърихӣ
Бахшҳое аз дуои Арафа

Матолиби пурбоздид