Wall Street Journal: Ҳамос ҳамчунон қодир ба идомаи ҷанг барои моҳҳои зиёд аст

Wall Street Journal: Ҳамос ҳамчунон қодир ба идомаи ҷанг барои моҳҳои зиёд аст
Артиши Исроил танҳо тавониста 20 то 30 дарсади муборизони Ҳамосро аз миён бардорад
Ахбори байналмилал
Рӯзномаи Wall Street Journal эълом кард: “Баровардҳои иттилоотии Омрико нишон медиҳад, ки Ҳамос ҳанӯз дорои муҳиммоти кофӣ барои ҳадаф гирифтани Исроил дар моҳҳои оянда аст ва бо вуҷуди ҳамалоти шадиди ҳавоӣ ва заминии Исроил дар Ғазза, ҳадафи нобудии ин ҷунбиш муҳаққақ нашудааст.”
Бар асоси ин гузориш, “як гузориши маҳрамонаи иттилоотии Омрико нишон медиҳад, ки артиши Исроил тавониста 20 то 30 дарсад аз муборизони Ҳамосро аз байн бибарад; натиҷае, ки ҳанӯз то расидан ба ҳадафи Исроил барои нобудии ин ҷунбиш фосилаи бисёре дорад, ҳамчунин ин амр нишонгари тавонмандии Ҳамос барои муқовамат дар баробари ҳамалоти Исроил бо вуҷуди гузашти чандин моҳ аз оғози ҷанге аст, ки манотиқи васеъе аз Ғаззаро вайрон кардааст.”
Ин рӯзнома таъйид кард: “Бароварди омрикоиҳо аз хасороти Ҳамос нишон медиҳад, ки ин ҷунбиш ҳамчунон дорои муҳиммоти кофӣ барои идомаи ҳамалот ба шаҳракҳои исроилӣ ва сарбозони артиш дар Ғазза барои чандин моҳи оянда аст ва ин гурӯҳ дар талош аст, то нерӯи пулиси вежаи худро дар бахшҳое аз Ғазза бозсозӣ кунад.”
Таҳлилгарони низомӣ ба ин рӯзномаи омрикоӣ гуфтанд: “Токтикҳои Ҳамос шомили амалиёт дар гурӯҳҳои кучак ва камин кардан алайҳи марокизи таҷаммӯъи артиши Исроил аст.”
Ба навиштаи Wall Street Journal, гарчӣ Ҳамос мутаҳаммили хасороти зиёде шудааст, аммо арзёбиҳои Омрико ва Исроил нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ “ба соддагӣ бақои худро дунбол мекунад”. Дар ҳамин ҳол, як мақоми аршади низомии Исроил таъйид кард, ки Ҳамос “ҳадафаш пирӯзӣ нест, балки намехоҳад бозандаи майдон бошад.”
Ин рӯзнома дар идома навишт: “Доктринаи низомии Омрико бар ин бовар аст, ки нерӯи мутаъорифе, ки байни 25 то 30 дарсад аз аносири худро аз даст медиҳад, як нерӯи нокоро аз манзари размӣ талаққӣ мешавад, аммо ин дар мавриди ҷунбиши Ҳамос сидқ намекунад, зеро ин гурӯҳ дар зумраи гурӯҳҳои номуназзам табақабандӣ мешавад, ки дар ҳоли анҷоми як ҷанги дифоъӣ дар як муҳити шаҳрӣ, мутароким бо дастрасӣ ба садҳо километр тунел дар зери навори Ғазза аст.”
Ҷозеф Вотел, женероли бознишастаи артиши Омрико, ки амалиёти низомии ин кишвар дар Ховари Миёнаро раҳбарӣ мекард, гуфт: “Ҳамос нишон додааст, ки ҳанӯз тавоноии ҷангидан дорад, аммо талафот ҳамчунон фишори бештаре бар ҷунбиш ворид мекунад ва мумкин ниёз шавад ҳар мубориз ду ё чанд маъмурият анҷом диҳад.”
Сухангӯи дафтари раиси CIA аз изҳори назар дар мавриди ин иттилоот худдорӣ кард ва ҷунбиши Ҳамос низ ба дархости ин рӯзнома барои изҳори назар посух надод.
Гурдонҳои Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос, як рӯз пас аз ақибнишинии артиши Исроил аз ин минтақа, ҳамлаи мушакии бузургеро ба самти шаҳраки Нетивот аз маркази навори Ғазза тартиб доданд.
Суханони сарбозони артиши ишғолгари Исроил, ки дар набардҳои Ғазза ширкат доштанд, нишон медиҳад, ки муқовамати Фаластин аз токтики “неш” истифода мекунад, ки бар асоси он, муборизи муқовамат аз байни харобаҳои сохтмонҳо хориҷ шуда ва иқдом ба партоби рокет ва тирандозӣ ба самти ҷангафрӯзҳо ва сарбозони исроилӣ мекунанд ва пас аз макон нопадид мешаванд, аз ин рӯ шиносоии онҳо барои паҳподҳои ҷосусӣ душвор аст.
Wall Street Journal
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи тӯпхонаии Арабистони Саудӣ ба Яман
Як факти торихӣ

Матолиби пурбоздид