Беътимодии Эрону Русия дар Сурия

Таҳлили хабарӣ

Беътимодии Эрону Русия дар Сурия

Давлат Усмон

Беътимодии Эрону Русия дар Сурия

Бозпахш аз “Сангар”

Ҳукумати Асад ва нерӯҳои русӣ бо Исроил алайҳи Эрон ҳамкорӣ мекарданд

Нависанда: Давлат Усмон, коршиноси аршади масоили минтақаӣ (Тоҷикистон), махсус барои “Сангар”

Ҳаводиси 27-уми ноябр то 8-декабри соли равон дар Сурия, ки ба ҳокимияти 53 солаи хонадони Асад хотима дод, тағйироти ғайриинтизореро дар геополитикаи Шарқи Наздик ба вуҷуд овард. Шарқи Наздике, ки ба таври хос баъд аз хатми Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ майдони бозиҳои геополитикӣ дар оғоз байни ду абарқудрати Шарқу Ғарб, яъне Амрикову Шуравӣ ва баъд аз пошхурии дуввумӣ, байни қудратҳои ҷаҳониву минтақаӣ қарор гирифтааст.

Кишвари Сурия бо дарназардошти мавқеъи ҷуғрофӣ ва стротегиаш дар ин бозӣ ҷойгоҳи вижаеро дорад. Суқути барқосои режими Башор Асад дар тӯли 11 рӯзро мешуд як кудатои низомӣ ва ё ошуби низомӣ номид, агар тавасути низомиёни артиши Сурия сурат мегирифт. Аммо як артиши 200-ҳазорнафара, ки дар муқобили гуруҳҳои мусаллаҳи аксаран радикали 25-30-ҳазорнафарӣ муқобилияти ҷиддие ҳам накард, хеле ҳам суолангез аст ва тахмину фарзияҳои зиёдеро халқ мекунад.

Таҳаққуқи идеяи бисёрқутбӣ шудани ҷаҳон, ки ҳанӯз аз замони нутқи раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар соли 2007-ум дар конфронси Мюнхен матраҳ шуда буд, ҳоло камокон бо номи Амалиёти махсуси низомии Русия, дар асл як ҷанги тамомайёр дар Укроин ва амалиётҳои гуруҳҳои хусусии низомии ин кишвар дар қораи Африқо идома дорад. Дар тӯли чанд соли охир, хусусан баъд аз ворид шудани неруҳои низомии Русия ба хоки Сурия барои ҳимояти режими Башор Асад дар соли 2015 ва ба дунболи он шикаст додани ДОИШ дар як барномаи муштарак бо неруҳои Эрону ҳукумати Сурия, ҳимояти бевоситаи Амрико, ки амалан Сурияро ба се бахш тақсим кард, оғози давраи амалии руёрӯӣ сари тақсимоти дубораи ҷаҳон аз сӯи даъвогарони асосӣ, хусусан, Русия номид, ҳарчанд. то вориди қазияи Сурия шудани русҳо аллакай ҷанги шаҳрвандӣ дар он кишвар бештар аз чор сол ба ин сӯ идома дошт.

Мавқеъи кишвари дигар, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали шуруъи ин нооромиҳо ба кӯмаки Башшор Асад расида, қавӣ шуда буд, Ҷумҳурии Исломии Эрон буд. Қаблан Ҷумҳурии Исломӣ дар кишвари дигари минтақа – Ироқ, ки ҳамсояи Сурия аст, – баъд аз дахолати низомии Амрико дар соли 2003, ки мунҷар ба суқути ҳукумати Саддом Ҳусейн ва тағйири ҳокимияти он кишвар шуд ва ҳамчунин ба ҷанги шаҳрвандӣ ва муқовимати мардуми Ироқ алайҳи ишғолгарони хориҷӣ овард, худро мустаҳкам ва устувор карда буд. Воқеан дахолат ва таҷовузи Амрико бо баҳонаи аз байн бурдани силоҳи кимиёии Ироқ, ки дар асл баҳонае беш набуд ва Амрико ҳам худро қудрати яккатози дунё меҳисобид, ба нафъи Эрон хатм шуд.

Бо ворид шудан дар қазияи Сурия дар соли 2011 Эрон амалан аз роҳи заминӣ бо нерӯи дигари наёбатиаш – Ҳизбуллоҳ, ки то он замон кишвари дигари стратегии минтақа – Лубнонро таҳти контроли худ гирифта буд, пайваст. Дар ин ҷо бояд як нуктаи ҷолиберо қайд намуд, ки дахолати низомии Русия то замони шуруъи он хеле махфиёна ва ҳатто барои Эрон ҳам ғайричашмдошт сурат гирифт ва ҳатто аз ҳамон ибтидо як беэътимодиеро на танҳо байни ин ду, балки то андозае байни Сурияву Эрон низ ба вуҷуд овард.

Ин нобоварӣ то охир идома дошт ва саранҷом сабаби асосии суқути режими Башор Асад шуд. То суқути режими Башшор Асад на танҳо ба таври расмӣ роҳбарони Эрону Русия ин ҳамкориро натиҷаи мувафақи ҳамкории худ, балке яке аз сангарҳои асосии мубориза барои чандқутбӣ шудани ҷаҳон қаламдод мекарданд.

Ҳамкории Русияву Эронро метавон аз замони вуруди низомии Русия ба се марҳила тақсим кард.

Марҳилаи аввал аз замони вуруд то саркӯби ДОИШ ва гуруҳҳои дигари тундгарои ҷиҳодӣ.

Марҳилаи дувум вориди қазия шудани Туркия ва тақсими Сурия ба се бахш. Нахуст, минтақаи зери нуфузи давлати марказии Сурия, ки бо пуштибонии Русияву Эрон 63,7% қаламрави кишварро таҳти контрол дошт. Дуввум, минтақаи таҳти контроли курдҳо ва як қисм қабилаҳои араб ба номи Нерӯҳои демократии Сурия, ки таҳти ҳимояи Амрико буданд ва беш аз 25% хоки Сурияро дар контроли худ доштанд. Ва ниҳоят, гуруҳҳои боқимондаи тундгарои исломӣ ва артиши милли Сурия, ки аз ҷониби Туркия ҳимоя мешуд, то 10% дигари онро дар ихтиёри худ доштанд. Марҳилаи дувум то шурӯъи амалиёти низомии Русия дар Укроин идома дошт.

Марҳилаи севум, марҳилаи руёрӯии бевоситаи Эрону Исроил баъд аз амалиёти “Туфони Ақсо” – и Ҳамос бар зидди Исроил аст, ки мунҷар ба як ҷанги харобиовар ва куштори бераҳмонаи аҳолии осоиштаи Фаластин аз сӯи артиши Исроил ва аз байн бурдани тамоми зерсохторҳои Навори Ғазза ва бехонумону овора шудани миллионҳо нафар шуд.

Чаро мо ба се марҳила тақсим намудем?

Дар ин марҳилаҳо заминаҳои суқути низоми режими Башор Асад оҳиста-оҳиста омода мешуд. Агар баъд аз анҷоми марҳилаи аввал нобоварӣ байни Русияву Эрон бартараф, ҳимояи воқеии онҳо аз ҳукумати Сурия бештар мешуд ва ҳарду барои бозсозии артиши Сурия, сармоягузорӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодии минтақаи таҳти контроли ҳукумати Башор Асад иқдом мекарданд, шояд имрӯз вазъияти дигаре мебуд. Аммо дар марҳилаи дувум як рақобати пинҳоние байни ин ду кишвар, яъне барои мустаҳкам намудани мавқеъи худ дар Сурия қувват гирифт ва ҳатто гоҳ-гоҳе мунҷар ба даргирӣ миёни ҷонибдорони ду тараф мешуд. Дар айни замон, алайҳи амалиётҳои ҳавоии Исроил, ки асосан бар зидди қуваҳои эронӣ ва тарафдоронаш анҷом мешуд, ягон аксуламале аз ҷониби Русия ва тарафдоронаш дар артиши Сурия сурат намегирифт.

Баъд аз шуруъи амалиёти низомии Русия дар Укроин ва тарафдории комили Эрон аз Русия бо ироаи кӯмаки низомӣ, ҷониби Эрон умедвор буд, ки ҳамкориҳои ду тараф минбаъд дар Сурия ва пуштибонии Русия аз нерӯҳои тарафдораш дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил беҳтар мегардад. Аммо баракс баъд аз даргириҳои Ҳамосу Исроил баъд аз 7 октябри соли 2023 ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои қароргоҳо ва маконҳои неруҳои эронӣ ва тарафдоронаш дар қаламрави Сурия натанҳо афзоиш ёфт, балке бо додани маълумотҳои дақиқ аз дохили Сурия, ки тарафи эронӣ бештар гумон дорад аз ҷониби авомили Моссад дар дохили режими Башшор Асад ва нерӯҳои русӣ сурат мегирифт, талафоти ҷубронноопазире мутаҳамил гардид.

Азбаски амалиётҳои бештари неруҳои заминӣ тавасути неруҳои тарафдори Эрон, назири Ҳизбуллоҳ, Фотимиюн ва Зайнабиюн муштарак бо неруҳои ҳукумати Асад аз қаламрави зери контроли давлати Сурия сурат мегирифт, Эрон маҷбур шуд, ин неруҳоро дар пайи зиёд шудани талафоташон аз хоки Сурия берун кашад.

Имрӯз мо мебинем, ки дар вақти суқути ҳукумати Башор Асад ягон нафар аз ин нерӯҳо ба асорат наафтоданд, зеро онҳо ҷисман ҳузур надоштанд ва ин вазъ барои нерӯҳои мухолифин хуб маълум буд ва бовар ҳам доштанд, ки неруҳои ҳукуматӣ беруҳия ва дар ҳолати азҳампошидагӣ қарор доранд.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳукумати Башор Асад бо як зарба аз ҳам пошид. Ҳимояи ҳавоии Русия ҳам кора накард. Бо шикасти низом ва тағйири қудрат дар Сурия, бешубҳа, тағйири ҷиддие дар геополитикаи Шарқи Наздик ба вуҷуд омадаааст, ки паёмадҳои он ба зудӣ зоҳир хоҳад шуд.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “Саҳюнистҳо ба дунболи эҷоди “Исроили бузург” ҳастанд”
Сирия: Очередная партия в шахматной доске геополитики

Матолиби пурбоздид