Блинкен рӯзҳои охири худро сипарӣ мекунад

Таҳлили хабарӣ
Блинкен рӯзҳои охири худро сипарӣ мекунад
Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм
“Як бонди саҳюнистӣ ба раҳбарии Бенёмин Натонёҳу ва шомили теъдоде аз яҳудиёни саҳюнист ба раҳбарии Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи феълии Омрико, аз заъф ва синни болои Ҷо Бойден ва ниёзи шадиди вай ба оро ва нуфузи яҳудиёни Омрико суистифода карданд. Онҳо нуфузи худро барои ба коргирии давлати Омрико дар хидмати сиёсатҳои фашистии режими Исроил ва ҳимоят аз ҷангҳои хунини он дар навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ, ки мумкин аст ба тазъифи сиёсати хориҷии Омрико дар Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом мунҷар шавад, ба кор бастанд. Ин амр метавонад ба тазъифи сиёсати хориҷии Омрико дар Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом мунҷар шавад ва муттаҳидони суннатии Омрико дар Арабистон ва минтақаи халиҷи Форс илова бар Миср, Урдун ва Ироқро дар махмасаи бисёр хатарноке қарор диҳад. Ҳамчунин ин амр таҳдидкунандаи манофеъ ва нуфузи Омрико дар ин минтақа аст, ки сарватмандтарин минтақа дар дунё аст.
Омрико ба сабаби ҳимоят аз ҷанги буздилонаи режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва эъдоми беш аз 12 ҳазор нафар аз ғайринизомиён, ки шумори зиёде аз ононро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд ва захмӣ шудани 35 ҳазор нафар ва овора кардани яку ним миллион нафар аз сокинони Ғазза, дар ин ҷиноёти ҷангӣ ва зиддибашарӣ шарик аст.
Бойден бо оташбас мухолиф аст, ки дар воқеъ ташвиқи режими саҳюнистӣ ба куштор аст. Вошингтун аз ин режим дар Шӯрои Амният ҳимоят кард, ба илова ҳимояти низомӣ ва таслиҳотӣ ва кӯмаки молии 14 миллиард долларӣ аз Телавив мекунад ва натиҷаи дар пеш гирифтани ин сиёсат дудастагии дохилӣ дар Омрико гадид, бо таваҷҷӯҳ ба рӯйкарди зиддиҷанги афкори умуми Омрико аст.
Имзои 400 корманди давлати Бойден, ки аз ӯ хостанд, ки ҷангро дар Ғазза мутаваққиф кунад, ин дар сиёсати Омрико аз замони ҷанги Ветнам бесобиқа аст.
Хуни шаҳидони Ғазза омили фурӯпошии пружаи саҳюнизм қабл аз 80-солагии умри он ва мӯҷиби тағйирот дар Ховари Миёна ва ҷаҳон гардид ва таҳаррукоти зидди саҳюнизм дар Омрикои ҷанубӣ ва Офриқо гувоҳи ин муддаост.
Энтони Блинкен ба сабаби мухолифат бо оташбас дар ростои таҳаққуқи аҳдофи хунини режими саҳюнистӣ ва тарҳи Натонёҳу барои кӯчондани сокинони Ғазза ба саҳрои Сино (дар Миср), нафасҳои охири худро мекашад ва рӯзҳои ӯ ба унвони вазири хориҷаи Омрико андак аст.
Давлати Бойден танҳо дар сурате метавонад гуноҳи худро бишӯяд, ки ин ҷангро мутаваққиф ва ҳуқуқи миллати Фаластин дар ташкили кишвари мустақил дар сарзаминашро бидуни каму кост ба онҳо бидиҳад, ки сад албатта ин корро нахоҳад кард”.
Raialyoum
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Русия: “Ҳар лаҳза мумкин аст равобити Маскав ва Вошингтун қатъ шавад”
Паёми фармондеҳи Сипоҳи Эрон ба фармондеҳи гурдонҳои Қассом

Матолиби пурбоздид