Ботил аз қувват пазирад шаъни Ҳақ
Ёддоште аз Сайфулло Муллоҷон
Ботил аз қувват пазирад шаъни Ҳаққ,
Хешро Ҳаққ донад аз бутлони Ҳаққ
Бист рӯзи охири соли 2025 як “қаҳрамон” дорад ва он ҳам раиси ҷумҳури ИМА Доналд Тромп аст. Тромпе, ки дар суханрониву гуфтани орзуву ормонҳояш ҳеч ҳадду ҳасре намешиносад. Гоҳе мегӯяд, Канада бояд як музофоти ИМА бошад, гоҳе хостори харидории Гренландия мешавад ва бар рӯйи ҳавопаймо бо судури як фармон халиҷи Мексикаро халиҷи Амрико меномад. Чанд рӯзи охир мегӯяд, акнун Ғаззаи мазлуму оғушта ба хунро соҳибӣ мекунаду мардуми онро дар Урдуну Миср пахш мекунад. Раҳбарони оҷизи ин ду кишвар низ лом намегӯянд, то балое ба сарашон наёварад. Раҳбари Урдун насаби худро ба Муҳаммади Расулуллоҳ мерасонад, ҳамон расули мактабнадидае ки бар бурё нишаставу ба фармонравоёни дунёи он рӯз – Хусрави Парвизи сосонӣ ва Ҳероқлиюси румӣ нома менавишт ва эшонро ба ойини худ фаро мехонд. Акнун, дирӯз чеҳраи Абдуллоҳи дувуми Ҳошимиро дидем, ки дар назди Тромп бо аҷзу лоба мегуфт, ки иҷозат диҳед ман бо Сисиву валиаҳди Саудӣ дидор кунам ва сипас ба шумо ҷавоб гӯям:
Шерро бачча ҳамемонад бад-ӯ,
Ту ба пайғамбар чӣ мемонӣ бигӯ!!!
Сад сол мешавад, ки ин аврупоиҳо бар ҷаҳон ҳукумат мекунанд ва ҳар вақт ки хони неъматашон танг шуд, тарҳи нав дар ҷаҳон меандозанд. Пас аз ҷанги аввали ҷаҳонӣ бо ҳам паймон бастанду сари империяи Усмониро хӯрданд ва мероси онро миёни ҳам тақсим карданд. Ҳамон вақт чизе бо номи Лигаи миллалро дар Женева таъсис доданду онро ба як созмони машруиятбахши хостаҳои худ табдил доданд. Муҳаммад Иқбол – ин марди бедору огоҳи сарзамини Ҳинд он замон бо сароҳат гуфт:
Дар Ҷенево чист ғайр аз макру фан,
Сайди ту ин мешу он нахчири ман.
Аммо бо гузашти ду даҳа Британиву Фаронсаву Олмону Шӯравӣ, ки манофеашон бо ҳам рост наомад, дубора ҷангиданд ва Аврупову Осиёро аз нав тақсим карданд. Ин бор созмони бароварандаи хоҳишҳои худро Созмони Миллал номиданду барои худ ҳаққи вето қоил шуданд. Яке аз ҷиноятҳои се қудрати пирӯз – ИМА, Шӯравӣ ва Британия таъйини ноодилонаву ситамгаронаи сарзамин ва мардуми Фаластин буд. Зулмро бинед, ки Олмони нозӣ (ҳитлерӣ) яҳудикушӣ (ҳолокост) кард, вале миллати бечораву сарсони Фаластин товон доду аз хонаву кошонааш ронда шуд. Инак, 80 сол аст, ки дунё нишаставу тамошо дорад, ки чӣ тур зӯр, ки қудрат дорад, ҳарфи худро бар курсӣ менишонад. Трамп беҳтар аз ҳама чеҳраи касифи ҷомеаи сармоядориву империалистии ҷаҳони ғарбро ба намоиш гузоштааст. Аҷаб сабре Худо дорад!!!
Пас чӣ бояд кард ай ақвоми Шарқ!?
Шарқро намедонам, аммо мо тоҷикону порсизабононро вақти қудратманд шудан аст. Бо силоҳи донишу аслиҳаи хештаншиносӣ! Алъон дигар замони иттиҳоду ҳамбастагист! Беш аз ҳар вақти дигар! Ба дур аз баҳсҳои идеоложӣ ва мазҳабӣ! Барои он ки фурӯ бурда нашавем, бояд қудрат дошта бошем. Бо дунёи разили имрӯз танҳо бо ин забон метавон гап зад. Далел? Ҳамин Эрони ҳамзабони мо! Агар ин кишвар қудрати низомӣ надошт, бо он ғарбситезиву исроилситезӣ, ки дорад, то ҳол онро тиккаву пора мекарданд! Шояд ин якдиливу ҳаммаромӣ миёни ду кишвари порсигӯй, ки дар ин авохир ҳосил шуда, гоме дар ин росто бошад! Ҳеч кори Ӯ беҳикмат нест. Боз ҳам ба Иқболи Лоҳурӣ руҷуъ мекунам,ки як қарн пеш фармуд:
Аҳли ҳаққро зиндагӣ аз қувват аст,
Қуввати ҳар миллат аз ҷамъият аст.
Ройи беқувват ҳама макру фусун,
Қуввати берой ҷаҳл асту ҷунун!
Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Устод Сайфулло Муллоҷон
Қаламонлайн