Сиёсати Эрдуғон дар қиболи Исроил чӣ гуна натиҷаи акс доштааст

Таҳлили хабарӣ

Сиёсати Эрдуғон дар қиболи Исроил чӣ гуна натиҷаи акс доштааст

Таҳлиле аз Раҷаб Суйлу дар Middle East Eye

Ишора: Раҷаб Суйлу, раиси мизи Туркия дар Middle East Eye аст. Ӯ пештар хабарнигори расонаҳои туркӣ чун рӯзномаи “Сабоҳ” (наздик ба Эрдуғон) ва шабакаи хабарии ATV будааст. Ӯ ҳамчунин бо созмонҳои хабарӣ ва расонаии мухталиф аз ҷумла CNN ҳамкорӣ доштааст.

Инак, мақолаи Раҷаб Суйлу:

Ҳангоме, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, дар авоили соли ҷорӣ барои интихоботи маҳаллӣ дар пойгоҳи раъйи муҳофизакорон дар Сокориё дар ҷамъи ҳазорон нафар суханронӣ мекард, ҳолу ҳавои шодӣ дошт. Бо ин вуҷуд, чанд лаҳза пас аз он баннере дар миёни ҷамъият зоҳир шуд ва ҳолу ҳавои ҷамъро тағйир дод. Рӯйи баннер навишта шуда буд: “Ба нанги тиҷорат бо Исроил поён диҳед!”

Дар ҳоле, ки дурбинҳо бар рӯйи баннер мутамаркиз шуданд, маъмурон дар он маросим ба суръат онро ҳазф карданд ва мӯътаризонро аз миёни ҳозирон ҷудо карданд. Эрдуғон дар мавриди ин баннер тавзеҳе надод ва мушаххас нест, ки оё онро дидааст ё хайр. Як моҳ баъд ҳизби ҳокими Адолат ва тавсиа – ҳизби таҳти раҳбарии Эрдуғон, дар рақобати шаҳрдории Сокориё пирӯз шуд, аммо саҳми орои он дар муқоиса бо интихоботи шаҳрдории соли 2019, 18 дарсад коҳиш ёфт. Ҳизби Адолат ва тавсиа се ноҳияро ба як ҳизби исломгарои ҷадид ба номи “Рафоҳи нав” вогузор кард; ҳизбе, ки ба шиддат барои қатъи равобити Туркия бо Исроил талош карда ва шиорҳои интихоботиро бар ҷанги Ғазза мутамаркиз карда буд.

Ин ҳизб дар саросари Туркия тавонист орои ҳизби Адолат ва тавсиаро бишканад ва бо тақсими орои раъйдиҳандагони муҳофизакор, мавзеи номзадҳои ҳизби ҳокимро тазъиф кард. Ҳизби Адолат ва тавсиа дар ниҳоят дар панҷ шаҳри бузурги Туркия мутаҳаммили шикаст шуд ва шоҳиди коҳиши қобили таваҷҷӯҳи оро дар саросари кишвар буд, ки мунҷар ба бартарии ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ шуд. Ин иттифоқи назар вуҷуд дорад, ки мушкилоти иқтисодии кишвар аз ҷумла коҳиши ҳуқуқи бознишастагӣ ва ҳуқуқи воқеӣ дар авҷи таварруми сарсомовар нақши аслиро дар шикасти интихоботи ҳизби Адолат ва тавсиа ифо карданд.

Ба гуфтаи манобеи ҳизбӣ, алорағми он ки идомаи тиҷорати Туркия бо Исроил бузургтарин мавзӯе набуд, ки раъйдиҳандагони муҳофизакорро ба мондан дар хона ё раъй додан ба аҳзоби дигар тарғиб кард, аммо яке аз омилҳои таъсиргузор буд, ба гунае, ки ҳатто Эрдуғон низ дар авоили ҳафтаи ҷорӣ дар нишасти ҳизбӣ дар мавриди натоиҷи интихобот ба он эътироф кард.

Эрдуғон рӯзи сешанбе дар бораи бадтарин шикасти ҳизби Адолат ва тавсиа дар интихобот аз соли 2002 ба ин сӯ гуфт: “Мутаассифона, ҳатто дар мавриди масъалае монанди бӯҳрони Ғазза, ки мо ҳар коре аз дастамон бармеомад, анҷом додем ва баҳои онро пардохт кардем, натавонистем аз ҳамалоти сиёсӣ ҷилавгирӣ кунем ва натавонистем бархе аз мардумро мутақоид намоем”.

Равобити тиҷории Туркия ва Исроил

Чӣ гуна ин иттифоқ имконпазир шуд?

Исроил Котз, вазири умури хориҷаи Исроил гуфта, ки ба назар мерасад, раъйдиҳандагони Туркия Эрдуғонро ба хотири ҳамалоти лафзии ӯ ба Исроил танбеҳ мекунанд. Ин ба дунболи изҳороти соли гузаштаи Эли Куҳен, вазири энержии Исроил аст, ки гуфта буд, Туркия “мизбони теруристҳои бузург ва мушаввиқи созмонҳои теруристӣ” алайҳи Исроил аст. Аз замони ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар таърихи 7-октябр ва пас аз он ҷанги Исроил алайҳи Ғазза, ки Эрдуғон онро мисдоқи наслзудоӣ хонда, Туркия ба тадриҷ интиқодоти худро аз Телавив афзоиш додааст. Он кишвар сафири худ дар Исроилро барои машварат фаро хонд, гуфтугӯҳо бо Исроил бар сари мавзӯи энержиро ба ҳолати таълиқ даровард ва аз Фаластин дар саҳнаи байналмилалӣ аз Маҷмаи умумии Созмони Милал то пойтахтҳои ғарбӣ аз тариқи гурӯҳи тамоси Ғазза ҳимоят кард. Онкоро ҳамчунин фикри эҷоди системи замонат барои ҳаракат ба сӯйи таҳаққуқи роҳи ҳалли дудавлатиро матраҳ кард.

Дар моҳҳои аввалияи ҷанги Ғазза, дар ҳоле, ки пойтахтҳои ғарбӣ аз ҷанги Исроил алайҳи Ғазза ҳимоят мекарданд, Эрдуғон аз минбари худ барои ифшои иқдомоти Исроил ва мисдоқи наслзудоӣ будани он истифода кард.

Бар асоси додаҳои давлати Исроил, Туркия ба ҳамроҳи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бузургтарин кӯмаккунандаи кӯмакҳои башардӯстона ба Ғазза аст, дар ҳоле, ки даҳҳо бемори фаластинӣ барои дармон аз Ғазза ба Туркия сафар кардаанд. Бо ин вуҷуд, Ардуғон аз иқдомоти танбеҳии бештар худдорӣ варзидааст. Истидлоли ӯ ин буда, ки чунин иқдомоте дар гузашта замоне, ки Онкоро бо бӯҳронҳои дигаре бо Телавив мувоҷеҳ шуда буд, корсоз набуданд. Агарчӣ аз ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Туркия бо Исроил аз таърихи 7-октябр ба ин сӯ, ба мизони 33 дарсад коста шуда, аммо бо ин вуҷуд тиҷорати дуҷониба камокон то кунун идома ёфтааст.

Соли гузашта дар ҳоле, ки намояндагони порлумони Туркия ва маҳофили ҳомии давлат ширкатҳоеро, ки муттаҳам ба ҳимоят аз Исроил ҳастанд таҳрим карданд, як рӯзноманигори турк шурӯъ ба таваҷҷӯҳ ба ҳаҷми тиҷорат миёни Туркия ва Исроил кард. Матин Ҷиҳон, ки ба далели гузоришҳои қаблии худ дар мавриди қатли як духтари турк, дар табъид дар Олмон зиндагӣ мекунад, иттилоотро бо истифода аз додаҳои манбаи огоҳ дар мавриди тиҷорати дарёӣ мавриди арзёбӣ қарор дод. Ӯ дар таърихи 12-ноябр, дар ҳисоби корбариаш дар Твиттер навишта буд:

“Дар ҳоле, ки қатли омми Исроил идома дорад, ман киштиҳоеро, ки аз Туркия ба сӯйи Исроил ҳаракат мекунанд, феҳрист кардам.”

Ӯ баъдан феҳристи дигареро ба иштирок гузошт ва афзуд:

“Ба таври мутавассит, рӯзона ҳафт киштӣ аз банодир худ ба Исроил фиристодаем. Мо дирӯз 13 киштии дигар фиристодем.”

Аз он ҷое, ки ӯ шурӯъ ба интишори муназзами номи киштиҳое кард, ки байни Исроил ва Туркия дар ҳоли ҳаракат буданд, твиттҳояш миллионҳо боздид касб кард. Ӯ гуфта буд:

“Нафти хом, сӯхт, оҳан ва фӯлоди Исроил аз тариқи банодири мо таъмин шудааст.”

Ҷиҳон ҳамчунин номи афрод ва ширкатҳои наздик ба давлати Туркияро, ки бо Исроил тиҷорат мекунанд фош сохтааст.

Ӯ дар твитте дар таърихи 13-ноябр пурсида буд:

“Оё медонед, молики киштии “Ҳотой”, ки дар ҳоли ҳозир дар бандари Ҳифо дар Исроил паҳлӯ гирифта кист? Иброҳим Гулер, номзади интихоботи шаҳрдории Ҳотой аз ҳизби Адолат ва тавсиа. Алорағми куштор дар Ғазза, Туркия бевақфа ба ирсоли маҳмула ба Исроил идома медиҳад.” Гулер баъдан гуфт, ки киштиро пеш аз таърихи 7-октябр фурӯхтааст. Ҷиҳон ахиран ишора кард, ки Онкоро камокон иҷозаи фурӯши таҷҳизоти шикорро аз тариқи ширкатҳои хусусӣ ба Исроил додааст.

Дар мавзӯи тиҷорат, Онкоро эътиқоде ба танбеҳи дастаҷамъии ҷомеаи Исроил аз тариқи қатъи комили равобит надорад; амре, ки бар фаластиниён дар сарзаминҳои ишғолӣ таъсири манфӣ мегузорад. Ҳатто пас аз куштори “Мови Мармара” дар соли 2010, Туркия ба равобити тиҷории дуҷонибаи худ бо Исроил поён надод. Бо ин вуҷуд, ифшогарии Ҷиҳон, мавҷе аз интиқодотро дар миёни раъйдиҳандагони суннатии ҳизби Адолат ва тавсиа барангехт. Гурӯҳҳои кучаке дар корзорҳои интихоботии Ардуғон ҳузур ёфтанд ва баннерҳое дар даст доштанд, ки дар он хостори поён додан ба тиҷорати Туркия бо Исроил шуда буданд. Бархе аз мӯътаризон ҳафтаи гузашта дар ҷараёни таҷаммӯъ дар минтақаи “Султонбейлӣ” дар Истанбул барои муддати кӯтоҳи боздошт шуданд.

Бархе дигар бо навиштани “Ғазза” ё “Поён додан ба тиҷорат бо Исроил” рӯйи баргаҳои раъйи худ дар рӯзи интихобот мухолифаташонро бо сиёсати тиҷории давлат нишон доданд.

Аҳмад Турон Ҳон, коршиноси назарсанҷӣ, авоили ҳафтаи ҷорӣ ба Middle East Eye гуфта буд, ки идомаи тиҷорати Онкоро бо Исроил, бархе аз раъйдиҳандагони амиқан муҳофизакорро ба сӯйи ҳизби “Рафоҳи нав” савқ дод; ҳизбе, ки ба шиддат дар мавриди ин мавзӯъ аз ҷумла сиёсатҳои пулии мубтанӣ бар нархи баҳраи боло ва сагҳои велгард, корзори интихоботӣ баргузор карда буд.

Умар Булот, вазири тиҷорати Туркия, ҳафтаи гузашта изҳор дошт, ки аз замони ҳамла ба Ғазза “муассисот ва ширкатҳои давлатӣ ҳаргиз бо Исроил муомила накардаанд.”

Бо ин вуҷуд, Ҷиҳон санади дигареро дар рӯзи чаҳоршанбе мунташир кард, ки нишон медод, “Ети Моден”, ширкати давлатӣ, истихроҷи маъдани турки мутааллиқ ба бахши давлатӣ 21 тонн асид дар қолаби пудрро дар таърихи якуми апрел ба як ширкати бузурги исроилӣ, ки маводди шимиёии мухталиф тавлид мекунад таҳвил додааст. На давлати Туркия ва на он ширкат дар ин бора изҳори назаре накардаанд. Фотеҳ Арбакон, раҳбари ҳизби “Рафоҳи нав” ба суръат аз ин фурсат истифода кард ва ҳамон санадро дар фазои маҷозӣ ба иштирок гузошт. Ӯ навишт:

“Мо ба унвони ҳизби “Рафоҳи нав” як бори дигар аз масъулон мехоҳем, ки ҳар чи зудтар аз шарри ин тоуни бузург халос шаванд!”

Ҳамон тавр ки Эрдуғон гуфт, давлат мумкин аст ниёз ба таъдили сиёсати худ дар мавриди Исроил дошта бошад, зеро ӯ аз қазовати ноодилона тавассути умуми мардум гилоя дорад ва ин амр метавонад мунҷар ба ниёз ба бозрасии беҳтари тиҷорат бо Исроил дар ҳафтаҳои оянда ва радди колоҳое шавад, ки метавонанд барои мақосиди низомӣ мавриди истифода қарор гиранд. Дар ғайри ин сурат, вазъияти феълӣ мумкин аст ба тазъифи дастрасии Эрдуғон ба раъйдиҳандагони мутадаййин ба шакле шадидтар бианҷомад. Ба сахтӣ метавон гуфт, ки оё ин метавонад боиси осеби доимӣ дар миёни раъйдиҳандагон ба ӯ ва ҳизбаш шавад ё хайр, аммо ҳамагон медонанд, ки Эрдуғон то чӣ андоза нисбат ба гурӯҳҳои раъйдиҳандаи худ ҳассос аст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Суханони Исмоил Ҳаниа дар бораи шаҳодати фарзандонаш
Яман аз ҳамла ба киштиҳои исроилӣ ва омрикоӣ хабар дод

Матолиби пурбоздид