Бояд “Озодӣ”-ро аз “Банд” озод кард, ҳатто агар “Инсон” ба “Рақам” бадал гардад

Таҳлили хабарӣ
Бояд “Озодӣ”-ро аз “Банд” озод кард, ҳатто агар “Инсон” ба “Рақам” бадал гардад
Ёддошт 
Агар панҷ моҳи қабл, ба касе мегуфтед, ки режими саҳюнистӣ дар 120 рӯз мехоҳад 30 ҳазор фаластиниро ба шаҳодат бирасонад, касе бовар намекард ва ин ҳарф бештар ба як афсона мемонд. Шояд бархеҳо мегуфтанд магар мешавад бо вуҷуди Созмони Милал ва ниҳодоҳои Ҳуқуқи Инсон ва…. дар асри ҳозира ҳамчин ҷиноятеро муртакиб шуд??
Аммо акнун мебинем, ки беш аз ин теъдод дар хоку хун ғалтиданду шаҳид шуданд ва на танҳо ҳеч иқдоми боздорандае аз тарафи ягон ниҳоду кишвару дигару дигараш анҷом намешавад, балки дар байни мардум ҳам, шуҳадои Фаластин ба ададу рақам бадал гаштаанд, яъне мо акнун ба роҳатӣ даҳонро боз карда мегӯем, масалан 30 ҳазор инсон шаҳид ва 70 ҳазор маҷрӯҳ…тамом.
30 ҳазор “Инсон” ба 30,000 “Рақам” бадал гашт, ба ҳамин роҳатӣ….
Аммо барои инсонҳои рӯшан ва озода, ин ҷанг арзиши “Озодӣ”-ро ёдоварӣ кард.
Ягон чизи арзишманд, бидуни ҳазина ба даст намеояд, бояд барои чизҳои арзишманд баҳояшро пардохт ва гаронтарину дилчасбтарин арзиш, Озодист.
Фаластин нишон дод, ки озодиро ба ин содагӣ наметавон харид, бояд барояш баҳо дод; ҳатто агар баҳояш 30 ҳазор хун дар 120 рӯз бошад…
Режими саҳюнистӣ ҳам исбот кард, ки золим ва диктатор ҳозир аст барои ҳифзи худ, мухолифини худро ба хоку хун кашад, ҳатто агар 30 ҳазор дар 120 рӯз ….
Намунаи кӯчаки режими саҳюнистӣ, Ҳукумати Раҳмонов аст, ва мо бояд интихоб кунем, ки оё намунае аз Фаластиниҳо метовонем бошем??
Бояд “Озодӣ”-ро аз “Банд” озод кард, ҳатто агар дар роҳи озодии “Озодӣ”, ҳама дар банд шаванд, ё дар хуни худ ғарқ гарданд ва ҳазорон “Инсон” ба ҳазорон “Рақам” бадал гарданд.
Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидалиакбар Бурҳонов
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шаҳодати 12 нафар дар ҳамлаи Исроил ба Лубнон
Дубора баланд шав

Матолиби пурбоздид