Бояд эътироф кард

Таҳлили хабарӣ

Бояд эътироф кард

Ёддошти Сайидюнус Истаравшанӣ

“Исроил”, бо ин ки душман аст – на танҳо душмани мусалмонон, балки душмани кулли башарият – вале бояд эътироф кунем, ки хеле шайтони заранг аст; медонад нуқтаи заъфи тӯдаи мусалмон куҷост?! Ҳоло аз он нуқта ворид шудааст.

“Исроил” наздик буд шикаст бихӯрад, аммо бо як найранг ва шайтанат, худро наҷот дод. Медонист, ки мусалмононро бо ҷанг наметавонад шикаст бидиҳад, мусалмонон марди ҷанганд.

Медонист, нуқтаи заъфи мусалмонон моҷарои суннӣ-шиа аст; медонист, ки анбӯҳе аз мусалмонон, Эрон ва Ҳизбуллоҳ ва Ансоруллоҳро чашми дидан надоранд. Фақат ба ин далел, ки шиа ҳастанд. Бинобар ин, ин ҷамоати теруристро таҳрик кард, он ҳам бо кӯмак хостан аз Туркия.

Воқеан бояд қабул кунем, “Исроил” худои худъа ва шайтанат ва ҳила ва найранг аст.

Азизон, лутфан достони “Тафриқа андоз ва ҳукумат кун”-и Маснавии Мавлонро мутолеа кунанд. Чӣ қадр Мавлоно ин нуктаи муҳимро бо овардани як достони зебо бароямон фаҳмондааст.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Суқути шаҳри Ҳамои Сурия
Амири Қатар SIR шуд

Матолиби пурбоздид