Рӯзҳои оянда саршор аз мӯъҷиза ва пирӯзист

Таҳлили хабарӣ
Рӯзҳои оянда саршор аз мӯъҷиза ва пирӯзист
Таҳлил
Raialyoum
Ёддошти Абдурборӣ Атвон, андешманди фаластинӣ ва сардабири рӯзномаи Раъюл-явм
Пас аз ин ки режими ишғолгар як моҳ қабл, ҷанге алайҳи Ғазза ба роҳ андохт, ҳадафаш озодии асирони худ ва нобудии комили Ҳамос буд, на танҳо ба ҳеч кадом аз аҳдофаш нарасид, балки шумори талафоташ пас аз ирсоли тонкҳояш барои ҷанги Ғазза, ки интизор дошт ҳолати тафреҳӣ дошта ва кӯтоҳмуддат бошад, бисёр зиёд шудааст.
Таваҷҷӯҳ ба ду нукта дар бораи ҳақоиқи ҷанги заминӣ дар Ғазза, қобили таваҷҷӯҳ аст:
1) Нахуст, омодагии ҳисобшудаи нерӯҳои муқовамат ба раҳбарии Қассом дар баробари ҳамлаи заминии Исроил ба Ғазза ва шуҷоати васфнашудании размандагони муқовамат аст. Шояд видеое, ки воҳиди расонаии гурдонҳои Қассом ба намоиш гузошт ва дар он яке аз размандагон ба тонки исроилӣ наздик ва ба он маводди мунфаҷира мечаспонад, аз дур онро мунфаҷир ва сипас бо мушаки “Ёсин” онро мунҳадим мекунад ва ба инҳидоми комили он ва ҳамаи сарнишинонаш мунҷар мешавад, саҳнаи бесобиқаи савтӣ ва тасвирӣ аст, ки намоёнгари мизони хасороти Исроил аз ҳайси таҷҳизот ва низомиён ба шакли ҳамзамон ва таъкиде бар рӯзҳои оянда аст, ки оканда аз пирӯзиҳост.
2) Дуввум, эътирофи женерол Бенӣ Гонтс, узви кобинаи изтирории Исроил ва марди шумораи дуи он аст мабнӣ бар ин ки тасовире, ки аз Ғазза меояд, бисёр дарднок аст. Вай як ҷумла гуфт: «Ҳангоме, ки мебинем сарбозони мо бо бомбҳо ва мушакҳои Қассом рӯйи замин меафтанд, ашкҳои мо ҷорӣ мешавад.»
Муқовамат, илова бар шуҷоат ва пойдорӣ ва омодагӣ, рӯ ва зери заминро дар ихтиёр дорад ва замон ба нафъаш тай мешавад ва ба ҳар андоза, ки даргирӣ густариш меёбад, хасороти мутаҷовизон бештар ва доманаи шикаст густурдатар мешавад.
Дастоварди низомии бузурге, ки Исроил ва ҳавопаймоҳои ҷангии пешрафтаи омрикоӣ касб кардаанд, куштани беш аз даҳ ҳазор ғайринизомӣ аст, ки дар миёни онҳо як разманда ҳам мушоҳада намешавад, балки ҳудуди панҷ ҳазор кӯдак ва ҳамин теъдод андаке камтар, аз занонро ба шаҳодат расонда, бемористонҳоро вайрон карда, обу барқро қатъ ва имдодрасонии сӯхт ва ғизоро мутаваққиф кардааст.
Тасмими ҷанг комилан фаластинӣ буд, пирӯзии бузург ва расидан ба 50 шаҳрак дар атрофи Ғазза ва асорати 250 низомӣ ва шаҳракнишин, ки дар миёни асирон женеролҳои аршад ҳам мушоҳада мешаванд, фаластинӣ буд ва муқовамати якмоҳа дар баробари артише, ки худро шикастнопазир талаққӣ мекард ҳам фаластинӣ буд ва ҳамаи муъодилоти даргирӣ дар минтақаро тағйир дод ва курниши кишварҳои арабиро бармало кард ва эътимод ва умедро ба беш аз 400 миллион араб ва ду миллиард мусалмон барои аввалин бор пас аз қариб ба ним қарн шикаст ва сархӯрдагӣ бозгардонид.
Ҳадаф сафари Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Омрико ба Телавив, наҷоти режими саҳюнистӣ ва низ виҷҳаи Омрико бо ҳадафи барқарории оташбас таҳти унвони инсондӯстона аст.
Бойден, ки низомиён ва коршиносони низомии худ ва ҳазорон бомб ва муҳиммотро дар канори новҳои ҳавопаймобр эъзом кард, фаҳмид, ки иштибоҳи муҳосаботӣ анҷом додааст. Режими ишғолгаре, ки Омрико беш аз як моҳ ба он фурсат дод то кори ҷангро ба нафъи худ тамом кунад ва ба аҳдофаш барои озодии асирон ва нобудии Ҳамос бирасад, шикаст хӯрда ва муҳимтар аз он, ҳимояти Ғарб дар ростои «дурӯғи дифоъ аз худ» дар ҳол аз байн рафтан аст.
Рӯзҳои таърихӣ ё беҳтар бигӯем рӯзҳои ислоҳи таърихиро сипарӣ мекунем, ки расвокунандаи ишғолгарон ва ҷиноёти онҳо ва ҳимояти Омрико ва Ғарб аз он аст. Рӯзҳои оянда оканда аз мӯъҷизаҳост.
Raialyoum
Qalamonline
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъсири мустақими низомҳои худкома бар ахлоқи ҷомеа
Амалиёти Ҳамос дар дохили Исроил

Матолиби пурбоздид