Бо пӯзиш аз ҳамаи ҳайвонот!
Ёддоште аз Ҳусайни Шариатмадорӣ, сардабири рӯзномаи Кайҳон (Ҷ И Эрон)
1) Вожаи «опортойд» барои муаррифии моҳияти саҳюнистҳо вожаи гӯё ва муносибе нест ва наметавонад ҳувияти палид ва зиддиинсонии онҳоро он гуна, ки воқеан ҳаст, нишон бидиҳад. Опортойд як вожаи ҳуландӣ (нидерландӣ) аст ва ба яке аз анвоъи табъизи нажодӣ гуфта мешавад. Ин вожа баргирифта аз сиёсати табъизи нажодии сафедпӯстони нажодпараст дар давлати собиқи Ҷумҳурии Офриқои ҷанубӣ аст, ки алайҳи аксарияти сиёҳпӯсти бумии он кишвар ба кор гирифта буданд.
Опортойдҳо нажоди худро аз соири нажодҳо бартар медонанд ва мӯътақиданд, ки соири нажодҳо набояд аз имконот ва имтиёзоти баробар бо нажоди онҳо бархӯрдор бошанд. Бадеҳӣ аст, ки опортойд як падидаи зиддиинсонӣ ва золимона ва палид аст, вале дар муқоиса бо саҳюнизм дар дараҷаи поинтаре аз палидӣ қарор дорад. Опортойдҳо, инсон будани соири нажодҳоро нафй намекунанд, балки бар бартарии нажоди худ нисбат ба соири нажодҳо исрор доранд. Аммо саҳюнистҳо асосан ақвом ва ҷамъиятҳои ғайри саҳюнистро инсон намедонанд ва бо камоли вақоҳат бар ин боваранд, ки онҳо барои хидмат ба саҳюнистҳо офарида шудаанд ва ҳаққи ҳаёт надоранд ва куштан ва қатли омми онҳо чизе шабеҳи куштани ҳайвонот аст.
2) Гидеон Левӣ, хабарнигор ва сутуннависи машҳури рӯзномаи Ҳооретс, тайи суханоне, ки бозтоби чанддаҳмиллионӣ ва густурдае доштааст, мегӯяд: «Ман мехоҳам ба се асл ишора кунам, ки боис мешаванд мо исроилиҳо битавонем алорағми воқеиятҳои ваҳшиёнаи мавҷуд, дар оромиш зиндагӣ кунем.» Гидеон Левӣ дар идома ба ин «се асл» ишора мекунад, ки ҳафтаи қабл дар яке аз ёддоштҳои “Кайҳон” ба он пардохтаем ва дар ин мухтасар, асли севвум мавриди назар аст. Мегӯяд: «Асли севвум, ки шояд муҳимтарин ва бадтарин ҳам бошад, инсонзудоии созмонёфта аз ғайри яҳудиён аст. Ғайри яҳудёнро инсон ва башар намедонем, ки ҳуқуқи башар дошта бошанд. Агар пӯсти исроилиҳоро харош бидиҳем, ин се аслро метавонем бибиним.»
3) Ба унвони намуна – ва фақат як намуна аз бисёрҳо – гуфтанӣ аст, ки Моше Даян, яке аз маъруфтарин фармондеҳони низомии режими ишғолгари Қудс буд, ӯ дар ҷараёни ишғоли Фаластин ва қатли омми ваҳшиёнаи мардуми мазлуми ин сарзамин нақши муассире дошт ва баъдҳо ба фармондеҳии кулли артиши режими саҳюнистӣ расид. Ӯ ба хунрезӣ ва ҷиноят ва махсусан қатли омми занон ва кӯдакони фаластинӣ шӯҳрат дошт ва ба он ифтихор мекард.
Рӯзномаи Expression-и Фаронса, дар шумораи 12 октябри 2012-и худ, ба нақл аз мақомоти режими саҳюнистӣ навишта буд: «Женерол Моше Даян мӯътақид буд, ки сарони Исроил бояд равишеро дар пеш бигиранд, ки дигарон аз онҳо талаққии як «саги ҳор»-ро дошта бошанд»; саге, ки бе мулоҳаза ба ҳар, ки бихоҳад ҳамла мекунад ва гоз мегирад ва мекушад. Ӯ дар ин дидгоҳи худ, ғайри яҳудиён (бихонед ғайри саҳюнистҳо)-ро аз ҳар қавму нажоде, ки буданд, яксон талаққӣ мекард.»
4) Акнун бо таваҷҷӯҳ ба ин иддаои саҳюнистҳо (ва на яҳудиён), ки соири нажодҳоро асосан дар шумори инсон талаққӣ намекунанд, оё – зимни пӯзиш аз ҳамаи ҳайвонот – набояд гуфт: сарони тамоми давлатҳое, ки Исроилро ба расмият мешиносанд ва ё бо ин режими палид дар пайи эҷоди робитаи сиёсӣ ва тиҷорӣ ва ғайра ҳастанд, чӣ бидонанд ва бихоҳанд ва чӣ надонанд ва нахоҳанд, худро дар шумори ҳайвонот қарор додаанд?!”