Чанд ҷумла дар ҳошияи суханони Алӣ Ҷумъа – III

 

Чанд ҷумла дар ҳошияи суханони Алӣ Ҷумъа – III

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши севвум

Ночорам баъзе масоилро тавзеҳ бидиҳам, зеро фаҳми матлаби пешин бастагӣ ба донистани ин масоил дорад. Аммо пеш аз баёни он, лозим аст арз кунам, ки азизон саъй кунанд, ба он чи гуфта мешавад таваҷҷӯҳ кунанд, коре ба кистии гӯяндаи матлаб надошта бошанд. Зеро агар таваҷҷӯҳи шумо ба чистии гуфтор бошад, коре нахоҳед дошт, ки оё ин суханро дигарон (бахусус бузургон) ҳам гуфтаанд ё на, балки муҳим бароятон ин мешавад, ки оё ин гуфтор таъйиде дар Қуръон ва суннат дорад ё на.

Хуб, инак тавзеҳи он масъала:

Оятҳое ҳаст дар Қуръони Карим, ки мефармояд, адли илоҳӣ иқтизо дорад, ки Худованд касеро, ки ҳуҷҷат барои ӯ тамом нашудааст ва ба сухани дигар, паём ба ӯ нарасидааст, муҷозот накунад, мисли ин оят:

وَمَا كُنَّا مُعَذِّبِينَ حَتَّىٰ نَبْعَثَ رَسُولًا

“Ва мо то расул нафиристем (ва бар халқ итмоми ҳуҷҷат накунем), ҳаргиз касеро азоб нахоҳем кард.” (Исро/15)

Дар бораи ин оят, уламо баҳсҳои бисёр зиёде кардаанд, ки масалан мурод аз расул чист, манзур аз ин ки азоб нахоҳем кард яъне чӣ; оё вориди дӯзах нахоҳем кард ва ё маъное дигар… ва ғайра, ки хоҳишмандон метавонанд барои огоҳӣ, ба тафсирҳо ва ҳамчунин ба усули фиқҳ муроҷеа кунанд, хусусан тафсири Имом Фахри Розӣ. Мо вориди онҳо намешавем, ки ҳам баҳс тӯлонӣ хоҳад шуд ва ҳам баҳсҳои тахассусӣ аст, балки фақат чанд ҷумла дар ин бора, ки манзур аз ин ки “то расул нафиристем” чист баҳс хоҳем кард, он ҳам баҳсе дар хӯри фаҳми умум, ки саъй мекунам содда бошад.

Фаҳми ин матлаб хеле муҳим аст, хелеҳо балки аксарият фикр мекунанд, ки мурод аз “то расул нафиристем” яъне ин аст, ки паёми ислом ва рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) ба гӯшаш бирасад ва ӯ аз он бохабар шавад, ки бале, як шахсияте будааст дар шибҳиҷазираи Арабистон ба номи Муҳаммад (с) ва муддаӣ шудааст, ки ӯ фиристодаи Худост ва китобе осмонӣ бар вай нозил шуда; ин яъне итмоми ҳуҷҷат ва ин яъне “расидани паёми ҳазрати Муҳаммад (с)” ба гӯшаш. Гумон мекунанд, вақте якчунин хабаре ба гӯши касе бирасад ва ӯ ба ислом нагаравад ва мусалмон нашавад, дигар Худо ӯро вориди дӯзах мекунад, чаро ки ки ҳуҷҷат барои ӯ тамом шудааст.

Ин аст, ки шумо мебинед, осон ва роҳат касеро, ки мусалмон нест дӯзахӣ мешуморанд аз ҷумла масеҳиҳо ва яҳудро. Ва дар тавҷеҳи ин пиндор мегӯянд, ки имрӯз дигар паёми ислом ба гӯши тақрибан ҳама расидааст. Бале, агар нарасида ва аслан нашунида, ӯ мустасност, вале дар ин давру замон дигар маҳол аст, ки паёми ислом ба гӯши касе нарасида бошад.

Дар сурате, ки итмоми ҳуҷҷат (тамом шудани ҳуҷҷат) ба ҳамин осонӣ нест. Масалан, ҳамаи мо, мусалмонон, ба гӯшамон расида ва огоҳем, ки ойине ҳаст ба номи масеҳият, ойине ҳаст ба номи яҳудият, ойине ҳаст ба номи зардуштӣ ва ғайра аз садҳову балки ҳазорон кешу динҳое, ки дар ҷаҳон ҳаст. Хуб, оё ҳамаи инҳоро таҳқиқ кардаем, таҳқиқи дақиқ, на шунидан аз ину он, оё чунон кардаем ва итминон пайдо кардаем, ки ботил будаанд? Оё воқеан мо чунон кардаем? Аз рӯйи инсоф доварӣ кунед ва аслан виҷдони худро довар қарор бидиҳед!

Қатъан аксари мо таҳқиқе инчунинӣ (таҳқиқе дақиқ) накардааст, балки агар мусалмонем, ба ин ҷиҳат аст, ки дар як хонаводаи мусалмон зода шудаем (ҳамон тавре ки як масеҳӣ низ дар як хонаводаи масеҳӣ зода шуда, дар дасти худамон набудааст) ва сипас дунболарави обову аҷдоди худ шудаем ва гуфтаем, мо мусалмонем, бале намозу закоту ин ҷур чизҳоро ҳам риоят мекунем ва гумон мекунем, ки иншоаллоҳ Худо вориди биҳиштамон кунад. Эй кош мусалмон будани мо таҳқиқӣ буд, на тақлидӣ! Аз қазо, дини тақлидӣ ва обову аҷдодӣ, аз назари ислом накӯҳида ва мазмум ва пазируфта нест, Худо фақат исломи таҳқиқиро мехоҳад:

وَقَالُوا لَوْ شَاءَ الرَّحْمَنُ مَا عَبَدْنَاهُمْ مَا لَهُمْ بِذَلِكَ مِنْ عِلْمٍ إِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ. أَمْ آتَيْنَاهُمْ كِتَابًا مِنْ قَبْلِهِ فَهُمْ بِهِ مُسْتَمْسِكُونَ. بَلْ قَالُوا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَى أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَى آثَارِهِمْ مُهْتَدُونَ. وَكَذَلِكَ مَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ فِي قَرْيَةٍ مِنْ نَذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَى أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَى آثَارِهِمْ مُقْتَدُونَ. قَالَ أَوَلَوْ جِئْتُكُمْ بِأَهْدَى مِمَّا وَجَدْتُمْ عَلَيْهِ آبَاءَكُمْ قَالُوا إِنَّا بِمَا أُرْسِلْتُمْ بِهِ كَافِرُونَ

“Ва мушрикон гуфтанд: “Агар Худо мехост, мо онҳо (фариштагон ва бутон)-ро намепарастидем.” Гуфтори онҳо на аз рӯйи илму дониш аст, балки ба ваҳму пиндори ботили хеш мегӯянд. Ё магар бар онҳо аз ин пеш китобе фиристодем, ки ба он китоб истидлол мекунанд? Балки (танҳо далелашон аст, ки) гуфтанд: “Мо падарони худро ба дин ва ойине ёфтем ва албатта мо ҳам, ки дар пайи онҳо равем, бар ҳидоят ҳастем.” Ва ҳамчунин мо ҳеч расуле пеш аз ту дар ҳеч шаҳр ва диёре нафиристодем ҷуз он ки аҳли сарвату моли он диёр ба расулон гуфтанд, ки мо падарони худро бар ойин ва дине ёфтем ва аз онҳо албатта пайравӣ хоҳем кард. Он расули мо ба онон гуфт: “Агарчӣ ман ба ойине беҳтар аз дин (-и ботили) падаронатон шуморо ҳидоят кунам, (боз ҳам падаронро тақлид мекунед)? Онҳо посух доданд: “Мо ба он чи шуморо ба рисолати он фиристодаанд кофирем.” (Зухруф/20-24)

Бинобар ин, “то расул нафиристем” яъне расул фиристода шудан ва ба истилоҳ, тамом шудани ҳуҷҷат ин аст, ки воқеан барои инсон собит гардад, ки паёми ислом паёме ҳақ ва рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) рисолати ҳақ будааст, на муҷарради ин ки ба гӯши одам бирасад.

Бо ин ҳисоб, агар инсон воқеан барояш собит шавад ва бо ин ҳама ӯ қабул накунад, ӯ бале мустаҳиққи муҷозот аст. Итмоми ҳуҷҷат яъне ҳамин. Бар ҳамин асос аст, ки на танҳо як масеҳӣ ва яҳуд, балки инсонҳое, ки ба ном мусалмонанд низ чи басо ҳуҷҷат барояшон тамом нашудааст. Яъне агар барои ӯ ҳаққонияти ислом собит нашуда бошад, мо бар асоси ояти:

وَمَا كُنَّا مُعَذِّبِينَ حَتَّىٰ نَبْعَثَ رَسُولًا

“Ва мо то расул нафиристем (ва бар халқ итмоми ҳуҷҷат накунем), ҳаргиз касеро азоб нахоҳем кард.” (Исро/15)

– на танҳо масеҳӣ ва яҳуд, ки баъзе мусалмононро касоне мешуморем, ки

 

ҳуҷҷат барояшон тамом нашудааст.

Худованд одил аст, Худованд арҳамурроҳимин аст, Худо иншоаллоҳ мебахшад. Бале одамҳо муваззаф ҳастанд, ки ислом бипазиранд, дар ин шакке нест, вале агар ҳуҷҷат барои ӯ тамом нашуда, мо ҳақ надорем онҳоро ба роҳатӣ ва осонӣ ба дӯзах бифиристем, ин дуруст нест.

Худо ҳамон тавре ки гуфтам, арҳамурроҳимин аст, хеле меҳрубон аст, аз меҳри модар нисбат ба тифлаш меҳрубонтар аст. Дар поён ҳадисе меоварам ва суханамро ба поён мерасонам.

Муслим дар Саҳеҳ бо санад ривоят мекунад:

قَدِمَ عَلَى رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عليه وسلم بسبي. فإذا امرأة من السبي، تبتغي، إذا وجدت صبيا في السبي، أخذته فألصقته ببطنها وأرضعته. فَقَالَ لَنَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وسلم “أترون هذه المرأة طارحة ولدها في النار؟ ” قلنا: لا. والله! وهي تقدر على أن تطرحه. فقال رسول الله صلى الله عليه وسلم “لله أرحم بعباده من هذه بولدها”

“Теъдоде асири ҷангӣ назди Расули Худо (с) оварданд. Зане дар миёни асирон ба ин сӯву он сӯ медавид, ногаҳон кӯдакеро дар миёни асирон дид (ки фарзандаш буд), пас ӯро дар оғӯш гирифт ва ба ӯ шир дод.

Он гоҳ Расули Худо (с) хитоб ба ёрон фармуд: оё ба назари шумо ин модар фарзандашро дар оташ меандозад? Гуфтем: на, ба Худо савганд (имкон надорад чунин коре бикунад). Расули Худо (с) фармуд: қатъан Худо нисбат ба бандгонаш аз ин модар нисбат ба фарзандаш меҳрубонтар аст.”

 Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи муқовамати исломии Ироқ ба фурудгоҳ Бен Гурёни Исроил
Баргузории конфронси “Сохтани пул (кӯпрук) миёни мазоҳиби исломӣ” дар Арабистони Саудӣ

Матолиби пурбоздид