Бубахшу раҳо кун

Бубахшу раҳо кун

Суханони Маҳатма Гандӣ

  1. Худатонро тағир диҳед

Шумо бояд мазҳари тағире бошед, ки мехоҳед дар ҷаҳон бубинед.

  1. Шумо таҳти контрол ҳастед

Ҳеч кас бидуни иҷозати ман наметавонад маро озурда кунад.

  1. Бубахшеду раҳо кунед

Шахси заиф ҳаргиз намебахшад, афву бахшиш нишонаи қудрат аст.

  1. Бидуни амал ба ҷое намерасед

Як мисқол амал беҳтар аст аз як хирвор ҳарф.

  1. Ба ин лаҳза таваҷҷуҳ кунед

Ман намехоҳам ояндаро пешбинӣ кунам. Ман мехоҳам ба замони ҳол таваҷҷуҳ кунам. Худо ҳеч қудрате барои контроли лаҳзаи дигар ба ман надодааст.

  1. Ҳама инсонем

Ман иддао мекунам, ки як шахси сода ва қобили итминон ва қобили бовар ҳастам, ки монанди ҳамаи инсонҳо хато мекунам. Ҳамчунин иқрор мекунам, ки он қадар фурӯтанӣ дорам, ки ба хатоҳоям эътироф кунам ва қадамҳоямро ислоҳ кунам.

Оқилона нест, ки хеле аз ҳушу дирояти як нафар мутмаин бошем. Дуруст ин аст, ки ба хотир дошта бошем, ки қавитаринҳо мумкин аст заиф амал кунанд ва оқилтаринҳо иштибоҳ кунанд.

  1. Пойдорӣ

Ибтидо шуморо нодида мегиранд, баъд ба шумо механданд, сипас бо шумо мубориза мекунанд ва дар охир шумо пирӯз мешавед.

  1. Хубии мардумро бубинед ва ба онҳо кумак кунед

Ман фақат ҷанбаи хуби инсонҳоро таваҷҷуҳ мекунам. Аз он ҷое ки худам беайбу нақс нестам, алоқае ба кашфи хатоҳои дигарон надорам.

Инсон дақиқан ба андозае бузург мешавад, ки барои кумак ба тарафдоронаш талош мекунад.

Замоне фикр мекардам, раҳбарӣ бо зӯр анҷом мешавад, аммо имрӯз маънои он барои ман ҳамроҳӣ бо мардум аст.

  1. Ҳамоҳанг ва қобили эътимод ва бовар бошед; худи воқеиатон бошед ва тазоҳур накунед

Шодкомӣ замоне ҳосил мешавад, ки тафаккур, гуфтр ва кирдори шумо ҳамоҳанг бошад.

Ҳамеша байни андеша, гуфтор ва кирдоратон ҳамоҳангӣ эҷод кунед. Ҳамеша дар паи полудани зеҳнатон бошед ва хоҳед дид, ки ҳама чиз дуруст хоҳад шуд.

  1. Рушд кунед ва ба тараққию пешрафт бирасед

Пешрафти мудовим қонуни зиндагист ва касе, ки ҳамеша дар паи ҳифзи ақоиди худ аст то пойдору устувор ба назар бирасад, худро дар ҷойгоҳи ғалате қарор додааст.

Шумо ҳамеша метавонед тавоноиҳо ва одатҳоятонро беҳбуд бахшед ва худро муҷаддадан мавриди арзёбӣ қарор диҳед.

Шумо метавонед дарки амиқтаре аз худ ва ҷаҳонатон ба даст оваред.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оташбаси Ғазза амнияти хабарнигоронро таъмин накард
Саранҷоми муздурони Исроил

Матолиби пурбоздид