Бузургтарин мушкили имрӯзи тоҷикон

Таърих

Бузургтарин мушкили имрӯзи тоҷикон

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯза ва дар натиҷаи таблиғи беш аз 30-сола ва ниҳодина сохтани идеологияи нажодгароӣ дар ҷомеаи мо ба ҳадде, ки дида мешавад дигар гӯшту пӯсту хуни бисёре аз ҳамватанони мо бо ин идеологияи хатарнок ва зиддиинсонӣ аҷин гаштааст, аз ин рӯ шумо имрӯз камтар тоҷикеро пайдо мекунед, ки инсонӣ фикр бикунад.

Ин таблиғи фарогир ба ҳадде таъсиргузор будааст, ки ҳатто як инсони пойбанд ба исломро низ — ки қоъидатан бояд байни инсонҳо ба ҷуз ба тақво ва хислатҳои волои инсонӣ, ба ранги пӯсту нажоду ин ҷур чизҳо тамоюз қоил набошад — аммо мебинед, ки мухолиф ва душмани худро “муғул” мехонад. Яъне аз назари вай, муғул будан, як нақс ва як айб аст, ӯзбак будан як нақс аст. Албатта, на танҳо тоҷик, балки ӯзбакҳо ва хусусан туркҳо низ имрӯза ба ин идеологияи хатарнок олуда гаштаанд ва бад гуна ҳам олуда гаштаанд. Озарбойҷониҳо масалан, ба маротиб бештар аз тоҷикҳо ба ин мараз мубтало шудаанд.

Баъзеҳо ҳастанд — ки иддаои донишманд буданро ҳам доранд — ки байни миллатгароӣ ва нажодгароӣ ва ҳатто маҳалгароӣ фарқ мегузоранд ва мегӯянд, он чи зишт ва нописанд аст, ин нажодгароӣ аст яъне ҳамон чизе, ки нозиҳо ба он мӯътақиданд, на миллатгароӣ.

Посух ин аст, ки байни ин се падида яъне байни нажодгароӣ ва миллатгароӣ ва маҳалгароӣ, кучактарин тафовут ва фарқе вуҷуд надорад ва ба қавли мо, тоҷикҳо, ҳар се як “қавр”-анд. Ҳоло далелашро арз мекунам.

Албатта, ин серо набояд бо миллатдӯстӣ ва ё ҳатто маҳалдӯстӣ — ки як чизи комилан дигар аст ва балки як амри ғаризӣ аст — халт кард ва омехт. Миллатдӯстӣ ва ё маҳалдӯстӣ дуруст мисли ин аст, ки ҳар инсоне масалан ба падару модар ва ё бародару хоҳараш алоқаманд бошад. Дар сурате, ки дар маҳалгароӣ ё миллатгароӣ ва ё нажодгароӣ, чизе ҳаст, ки дар миллатдӯстӣ дида намешавад. Ҳоло арз мекунам.

Тавзеҳ ин ки: асоситарин вежагии нажодгароӣ ё миллатгароӣ ва ё маҳалгароӣ, ки онро аз миллатдӯстӣ ҷудо месозад ин аст, ки соҳиби он, нажод ё миллат ва ё маҳаллу минтақаи худро мояи бартарӣ медонад. Ин боризтарин ва барҷастарин нишонаи он аст. Яъне аз назари як нажодгаро масалан, ориёӣ будан худаш як имтиёз аст. Як инсони ориёӣ аз назари ӯ, қатъи назар аз ин ки оё ӯ хушахлоқ аст ё бадахлоқ, ҳаминки ориёӣ аст, вай бартар аз як масалан муғул аст, ҳарчанд ин муғул одами хушахлоқ ва дорандаи ахлоқи волои инсонӣ буда бошад.

Ва ё як тоҷик ва эронӣ аз назари як миллатгаро — ки гуфтем, байни нажодгароӣ ва миллатгароӣ кучактарин фарқе нест — худаш як имтиёз аст ва як тоҷик ё як эронӣ аз диди вай, ҳаминки тоҷик аст ё эронӣ аст, аз як ӯзбак ва ё озарӣ ё турк ва ё араб бартар аст, ҳарчанд ин ӯзбак ё турк ё араб одами бисёр ботақво ва хушахлоқ буда бошад.

Бинобар ин, байни нажодгароӣ ва миллатгароӣ ва маҳалгароӣ ҳеч фарқе нест, магар аз назари доира. Яъне доираи нажодгароӣ васеътар аз миллатгароӣ ва доираи миллатгароӣ васеътар аз маҳалгароӣ аст. Агар як нажодгаро бартариро дар ориёӣ будан бидонад, як миллатгаро дар тоҷик будан ва ё эронӣ будан медонад. Агар як миллатгаро бартариро дар тоҷик будан шуморад, як маҳалгаро аммо бартариро дар кӯлобӣ будан ва ё ғармӣ будан ё помирӣ ва ё суғдӣ будан меҳисобад.

Ҳамин беморӣ ва мараз аст, ки вақте одам ба он мубтало гашт, бе он ки худаш бидонад, дар баробари чашмони ӯ як айнаки рангӣ қарор хоҳад гирифт; айнаке, ки ҳама чизро бидуни истисно аз лобалои он айнак мебинад. Агар билфарз Худованд паёмбарро аз миёни муғулҳо фиристад, як нажодгаро ё миллатгаро, ҳаргиз ва абадан аз ин паёмбар пайравӣ нахоҳад кард, чун муғул аст ва муғул будан дар назари ӯ як нақс ва айб аст. Ин ки мебинед, баъзе тоҷикҳо имрӯз аз ойини наҷотбахши ислом рӯй мегардонанд, мебинед далели рӯйгардонии онҳо фақат ин аст, ки соҳиби ин рисолат як араб аст ва дигар ҳеч. Далелаш ин нест, ки масалан дар фалон омӯзаи исломӣ ин айб ё он айб ҳаст, балки мегӯяд, чаро мани ориёӣ аз як араби ба истилоҳ “сусморхӯр” пайравӣ кунам. Хатари нажодгароӣ ва маҳалгароӣ дақиқан дар ҳамин аст.

Ҳол чанд нуктаи дигар буд, ки мехостам арз кунам, вале ёддошт тӯлонӣ мешавад, иншоаллоҳ дар як фурсати дигар арз хоҳам кард.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Насиҳати ҳоким ба фарзандаш
Аломатҳо ва нишонаҳои хушахлоқӣ

Матолиби пурбоздид