Бӯҳтон

Адаб
Бӯҳтон
Гулрухсор
Маро имрӯз бе як тир куштанд,
Зи ишқи зиндагӣ носер куштанд,
Зи бас бо ҳилаву тазвир куштанд,
“Ба мисли шери дар занҷир”, куштанд.
Нағунҷидам зи бас дар чашми шайтон-
Ба гӯри тираи аъмоли инсон,
Маро куштанду дар ман гӯр карданд-
Сияҳрӯён,
Сияҳрӯҳон,
Ҳасудон.
Зи нокарда гуноҳам оламе пур,
Зи маргам нест ҳамдарде аламдор.
Барои зоданам як аср кам буд,
Барои куштанам
Як лаҳза бисёр…
Гулрухсор
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти малик ва марди порсо
Миёни мардумон биншин!

Матолиби пурбоздид