Вазири собиқи дифои Исроил: “Исроил ба иқдоми намоишӣ ва авомфиребӣ басанда кард”

Вазири собиқи дифои Исроил: “Исроил ба иқдоми намоишӣ ва авомфиребӣ басанда кард”

Ахбори байналмилал

Вазири дифои пешини режими саҳюнистӣ имрӯз (шанбе) аз сатҳи ҳамлаи Исроил ба Эрон ибрози норизоятӣ кард.

Ба гузориши пойгоҳи “Детали”, Авигдор Либерман, вазири пешини дифои Исроил, бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери собиқ), ба таҳоҷуми режими саҳюнистӣ ба Эрон вокуниш нишон дод.

Либерман дар ин бора навишт: “Мо наметавонем ин воқеияти сахт ва ҳақиқатро нодида бигирем, ки эрониҳо дар инҷо мутаваққиф нахоҳанд шуд.”

Вазири собиқи дифои режими Исроил гуфт, Эрон ба ҳимоят аз гурӯҳҳои муқовамат идома хоҳад дод.

Вай дар эътироз ба сатҳи ҳамла ба Эрон изҳор дошт: “Мутаассифона ба назар мерасад, ки ба ҷойи таҳмили ҳазинаи воқеӣ, давлати Исроил бори дигар ба иқдоми намоишӣ ва авомфиребӣ кифоят кард. Акнун замони он расидааст, ки ба гунае рафтор кунем, ки қудрати моро нишон диҳад ва на фақат дар бораи он ҳарф бизанем.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Анис Мансур: Исроил ба самти нобудӣ меравад
Ҳамлаи номуваффақи Исроил мавзӯи ҷадиди корбарони фазои маҷозӣ

Матолиби пурбоздид