Абӯубайда: “Аз оғози ҷанги Ғазза, 335 худрави низомии исроилӣ мунҳадим шудаанд”

Абӯубайда: “Аз оғози ҷанги Ғазза, 335 худрави низомии исроилӣ мунҳадим шудаанд”
Ахбори байналмилал
Irna
Сухангӯи шохаи низомии Ҳамос, бо баёни ин ки муҷоҳидони Қассом дар 72 соати гузашта, 33 худрави низомиро ба сурати куллӣ ё ҷузъӣ мунҳадим кардаанд, эълом кард, ки аз оғози ҷанги Ғазза, 335 худрави низомии артиши режими саҳюнистӣ мунҳадим шудаанд.
Ба гузориши Ирно, Абӯубайда, сухангӯи гурдонҳои Иззуддин Қассом, панҷшанбешаб дар суханоне гуфт, ки “яке аз муҷоҳидони мо 8 низомии исроилиро дар шарқи бемористони Рантесӣ дар маҳаллаи Шайх Ризвон мавриди ҳамла қарор дода ва ҳамаи онҳоро ба қатл расонд ё захмӣ кард”.
Вай дар идома тасреҳ кард, “муҷоҳидони мо рӯзи гузашта гурӯҳе аз ишғолгарони исроилиро расад карданд, ки дар талош барои мунфаҷир кардани даҳонаи яке аз тунелҳо буданд, ки дар ҳамлае пешдастона онҳоро ҳадаф қарор дода ва ин тунелро бомбгузорӣ ва мунфаҷир карданд ва шуморе аз низомиёни душманро ба қатл расонда ё захмӣ карданд”.
Абӯубайда идома дод: “Имрӯз панҷшанбе гурӯҳе аз нерӯҳои душман қасди вуруд ба сохтмоне дар маҳаллаи Зайтунро доштанд, ки муҷоҳидони мо онҳоро мавриди ҳамла қарор дода ва тонкеро, ки як низомии исроилӣ рӯйи он қарор дошт, мунфаҷир карданд”.
Сухангӯи шохаи низомии Ҳамос ҳамчунин эълом кард, ки “муборизони мо гурӯҳе аз нерӯҳои пиёдаи душманро мавриди ҳамла қарор дода ва онҳоро кушта ё захмӣ карданд ва ба саломат ба пойгоҳҳои худ бозгаштанд”.
Вай бо баёни ин ки “тарҳи душман мубтанӣ бар вайронгарӣ ва қатлу куштори ҳама аст”, афзуд: “Муҷоҳидони мо дар пойгоҳҳои худ мустақар ҳастанд ва бархе аз онҳо 30 рӯз аст, ки дар ҳоли ҷиҳод ва посдорӣ ҳастанд ва ҳамчунон мунтазир ҳастанд”.
Сухангӯи шохаи низомии Ҳамос хотирнишон кард, “муҷоҳидони мо ҳамчунон дар ҳоли ворид кардани заработи сахт ба душман ҳастанд ва аз ҳар гӯшаву каноре, ки душман гумон мекунад онҷоро поксозӣ карда, барои нерӯҳои он берун меоянд”.
Вай тасреҳ кард: “Муҷоҳидони мо шоҳиди ақаб кашидани аҷсоди нерӯҳои душман ва сахтиҳо ва мусибатҳои онон буданд ва мо эълом мекунем, ки талафоти душман агар бихоҳад бештар аз ин ба ҳамалоти худ идома диҳад, ҳанӯз шурӯъ нашуда ва ба маротиб сангинтар хоҳад шуд”.
Вай таъкид кард, ки “душман танҳо ба куштор, наслкушӣ ва муҷозоти дастаҷамъӣ такя карда ва ҳеч ҳадафи низомии малмус ва машҳуде надорад ва таъкид мекунем, ки ҷиноёт ва ҳамалоти душман ҳар андоза идома дошта бошад, мо омодаи муқобила ҳастем”.
Irna
Qalamonline
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Робитаи дин ва илм
Axios: Илтимоси Натонёҳу ба Омрико барои тавофуқ бо Ҳамос

Матолиби пурбоздид