Васиятномаи Қосим Сулаймонӣ

Таърих

Васиятномаи Қосим Сулаймонӣ

Матни васиятномаи Сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон

Бисмиллоҳир Раҳонир Раҳим

Шаҳодат медиҳам ба усули дин

Ашҳаду алло илоҳа иллал-лоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ ва ашҳаду анна амиралмӯъминина Алӣ ибни Абитолиб ва авлодаҳул-маъсумина исно ъашара аимматано ва маъсумино ҳуҷаҷул-лоҳ.

Шаҳодат медиҳам, ки қиёмат ҳақ аст. Қуръон ҳақ аст. Биҳишту ҷаҳаннам ҳақ аст. Суолу ҷавоб ҳақ аст. Маъод, адл, имомат, нубувват ҳақ аст.

Худоё! Туро сипос мегӯям ба хотири неъматҳоят

Худовандо! Туро сипос, ки маро сулб (пушт) ба сулб, қарн ба қарн, аз сулбе ба сулбе мунтақил кардӣ ва дар замоне иҷозаи зуҳуру вуҷуд додӣ, ки имкони дарки яке аз барҷастатарин авлиёатро, ки қарину қариби маъсумин аст, абди солеҳат Хумайнии кабирро дарк кунам ва сарбози рикоби ӯ шавам. Агар тавфиқи саҳобаи Расули аъзамат Муҳаммади Мустафоро надоштам ва агар бебаҳра будам аз давраи мазлумияти Алӣ ибни Абутолиб ва фарзандони маъсуму мазлумаш, маро дар ҳамон роҳе қарор додӣ, ки онҳо дар ҳамон масир ҷони худро, ки ҷони ҷаҳону хилқат буд, тақдим карданд.

Худовандо! Туро шукргузорам, ки пас аз абди солеҳат Хумайнии азиз, маро дар масири абди солеҳи дигаре, ки мазлумияташ аъзам аст бар солеҳияташ, марде, ки ҳакими имрӯзи ислом ва ташайюъ ва Эрон ва ҷаҳони сиёсии ислом аст, Хоманаии азиз — ки ҷонам фидои ҷони ӯ бод — қарор додӣ.

Парвардигоро! Туро сипос, ки маро бо беҳтарин бандагонат дарҳам омехтӣ

Ва дарки бӯса бар гунаҳои биҳиштии онон ва истишмоми бӯи атри илоҳии ононро — яъне муҷоҳидин ва шуҳадои ин роҳ — ба ман арзонӣ доштӣ.

Худовандо! Эй қодири азиз ва эй раҳмони раззоқ, пешонии шукри шарм бар остонат месоям, ки маро дар масири Фотимаи атҳар ва фарзандонаш дар мазҳаби ташайюъ — атри ҳақиқии ислом — қарор додӣ ва маро аз ашк бар фарзандони Алӣ ибни Абӯтолиб ва Фотимаи атҳар баҳраманд намуди; чӣ неъмати узмое, ки болотарин ва арзишмандтарини неъматҳоят аст; неъмате, ки дар он нур аст, маънавият, беқарорӣ, ки дар даруни худ болотарин қарорҳоро дорад, ғаме, ки оромишу маънавият дорад.

Худовандо! Туро сипос, ки маро аз падару модари фақир, аммо мутадайин ва ошиқи аҳли байт ва пайваста дар масири покӣ баҳраманд намудӣ. Аз ту оҷизона мехоҳам онҳоро дар биҳиштат ва бо авлиёат қарин кунӣ ва маро дар олами охират аз дарки маҳзарашон баҳраманд фармо.

Худоё! Ба афви ту умед дорам

Эй Худои азиз ва эй холиқи ҳакими беҳамто! Дастам холист ва кӯлапуштии сафарам холӣ, ман бидуни баргу тӯшае ба умеди зиёфати афву карами ту меоям. Ман тӯшае барнагирифтаам; чун фақир (-ро) дар назди карим чӣ ҳоҷатест ба тӯшаву барг?!

Соруқу чоруқам пур аст аз умед ба ту ва фазлу карами ту; ҳамроҳи худ ду чашми баста овардаам, ки сарвати он дар канори ҳамаи нопокиҳо, як захираи арзишманд дорад ва он гавҳари ашк бар Ҳусайни Фотима аст; гавҳари ашк бар аҳли байт аст; гавҳари ашки дифоъ аз мазлум, ятим, дифоъ аз маҳсури мазлум дар чанги золим.

Худовандо! Дар дастони ман чизе нест; на барои арза (чизе доранд) ва на қудрати дифоъ доранд, аммо дар дастонам чизеро захира кардаам, ки ба ин захира умед дорам ва он равон будани пайваста ба самти туст. Вақте онҳоро ба самтат баланд кардам, вақте онҳоро бароят бар замину зону гузордам, вақте силоҳро барои дифоъ аз динат ба даст гирифтам; инҳо сарвати дасти ман аст, ки умед дорам қабул карда бошӣ.

Худовандо! Поҳоям суст аст. Рамақ надорад. Ҷуръати убур аз пуле, ки аз ҷаҳаннам убур мекунад, надорад. Ман дар пули оддӣ ҳам поҳоям меларзад, вой бар ман ва сироти ту, ки аз мӯ нозуктар аст ва аз шамшер бурандатар. Аммо як умеде ба ман навид медиҳад, ки мумкин аст наларзам, мумкин аст наҷот пайдо кунам. Ман бо ин поҳо дар ҳарамат по гузордаам ва даври хонаат чархидаам ва дар ҳарами авлиёат дар байнулҳарамайни Ҳусайну Аббосат онҳоро бараҳна давондам ва ин поҳоро дар сангарҳои тӯлонӣ хамида ҷамъ кардам ва дар дифоъ аз динат давидам, ҷаҳидам, хазидам, гиристиам, хандидам ва хандондам ва гиристам ва гирёндам; афтодам ва баланд шудам. Умед дорам он ҷаҳиданҳо ва хазиданҳо ва ба ҳурмати он ҳаримҳо, онҳоро бибахшӣ.

Худовандо! Сари ман, ақли ман, лаби ман, шоммаи ман, гӯши ман, қалби ман, ҳамаи аъзо ва ҷавориҳам дар ҳамин умед ба сар мебаранд; ё арҳамарроҳимин! Маро бипазир; покиза бипазир; ончунон бипазир, ки шоистаи дидорат шавам. Ҷуз дидори туро намехоҳам, биҳишти ман ҷивори туст, ё Аллоҳ!

Худоё! Аз корвони дӯстонам ҷо мондаам

Худованд, эй азиз! Ман солҳост аз корвоне ба ҷо мондаам ва пайваста касонеро ба сӯйи он равона мекунам, аммо худ ҷо мондаам, аммо ту худ медонӣ ҳаргиз натавонистам онҳоро аз ёд бибарам. Пайваста ёди онҳо, номи онҳо, на дар зеҳнам балки дар қалбам ва дар чашмам, бо ашку оҳ ёд шуданд.

Азизи ман! Ҷисми ман дар ҳоли ъалил шудан аст. Чӣ гуна мумкин (аст) касе, ки чиҳил сол бар дарат истодаастро напазирӣ? Холиқи ман, маҳбуби ман, ишқи ман, ки пайваста аз ту хостам саросари вуҷудамро мамлуъ аз ишқ ба худат кунӣ; маро дар фироқи худ бисӯзон ва бимирон.

Азизам! Ман аз беқарорӣ ва расвоии ҷомондагӣ, сар ба биёбонҳо гузордаам; ман ба умеде аз ин шаҳр ба он шаҳр ва аз ин саҳро ба он саҳро дар зимистону тобистон меравам. Карим, ҳабиб, ба карамат дил бастаам, ту худ медонӣ дӯстат дорам. Хуб медонӣ ҷуз туро намехоҳам. Маро ба худат муттасил кун.

Худоё! Ваҳшат ҳамаи вуҷудамро фаро гирифтааст. Ман қодир ба маҳори нафси худ нестам, расвоям накун. Маро ба ҳурмати касоне, ки ҳурматашонро бар худат воҷиб кардаӣ, қабл аз шикастани ҳариме, ки ҳарами онҳоро хадшадор мекунад, маро ба қофилее, ки ба сӯят омаданд, муттасил кун.

Маъбуди ман, ишқи ман ва маъшуқи ман, дӯстат дорам. Борҳо туро дидаму ҳисс кардам, наметавонам аз ту ҷудо бимонам. Бас аст, бас! Маро бипазир, аммо ончунон, ки шоистаи ту бошам.

Хитоб ба бародарону хоҳарони муҷоҳидам…

Хоҳарону бародарони муҷоҳидам дар ин олам, эй касоне, ки сарҳои худро барои Худованд ория додаед ва ҷонҳоро бар кафи даст гирифта ва дар бозори ишқбозӣ ба суқи фурӯш омадаед, иноят кунед: Ҷумҳурии Исломӣ маркази ислом ва ташайюъ аст.

Имрӯз қароргоҳи Ҳусайн ибни Алӣ Эрон аст. Бидонед Ҷумҳурии Исломӣ ҳарам аст ва ин ҳарам агар монад, дигар ҳарамҳо мемонанд. Агар душман ин ҳарамро аз байн барад, ҳараме боқӣ намемонад, на ҳарами иброҳимӣ ва на ҳарами муҳаммадӣ (с).

Бародарону хоҳаронам! Ҷаҳони ислом пайваста ниёзманди раҳбарӣ аст; раҳбаре муттасил ва мансуби шаръӣ ва фиқҳӣ ба маъсум. Хуб медонед муназзаҳтарин олими дин, ки ҷаҳонро такон дод ва исломро эҳё кард, яъне Хумайнии бузургу поки мо, вилояти фақеҳро танҳо нусхаи наҷотбахши ин уммат қарор дод; лизо (аз ин рӯ) чӣ шумо, ки ба унвони шиъа ба он эътиқоди динӣ доред ва чӣ шумо, ки ба унвони суннӣ эътиқоди ақлӣ доред, бидонед (бояд) ба дур аз ҳар гуна ихтилоф, барои наҷоти ислом хаймаи вилоятро раҳо накунед. Хайма, хаймаи Расулуллоҳ аст.

Асоси душмании ҷаҳон бо Ҷумҳурии Исломӣ, оташ задан ва вайрони кардани ин хайма аст. Даври он бичархед. Валлоҳ, валлоҳ, валлоҳ, ин хайма агар осеб дид, Байтуллоҳул-ҳаром ва Мадина ҳарами Расулуллоҳ ва Наҷаф, Карбало, Козимайн, Сомирро ва Машҳад боқӣ намемонад; Қуръон осеб мебинад.

Хитоб ба бародарону хоҳарони эронӣ…

Бародарону хоҳарони азизи эронии ман, мардуми пурифтихору сарбаланд, ки ҷони ман ва амсоли ман, ҳазорон бор фидои шумо бод, камо ин ки шумо садҳо ҳазор ҷонро фидои ислому Эрон кардед; аз усул муроқибат кунед. Усул яъне валийи фақеҳ, хусусан ин ҳаким, мазлум, вораста дар дин, фиқҳ, ирфон, маърифат Хоманаии азизро азизи ҷони худ бидонед. Ҳурмати ӯро ҳурмати муқаддасот бидонед.

Бародарону хоҳарон, падарону модарон, азизони ман!

Ҷумҳурии Исломӣ имрӯз сарбаландтарин давраи худро тай мекунад. Бидонед муҳим нест, ки душман чӣ нигоҳе ба шумо дорад. Душман ба Паёмбари шумо чӣ нигоҳе дошт ва (душманон) чӣ гуна бо Паёмбари Худо ва авлодаш амал карданд, чӣ иттиҳомоте ба ӯ заданд, чӣ гуна бо фарзандони мутаҳҳари ӯ амал карданд? Мазаммати душманон ва шамотати онҳо ва фишори онҳо, шуморо дучори тафриқа накунад.

Бидонед, ки медонед муҳимтарин ҳунари Хумайнии азиз ин буд, ки аввал исломро ба пуштвонаи Эрон овард ва сипас Эронро дар хидмати ислом қарор дод. Агар ислом набуд ва агар руҳи исломӣ бар ин миллат ҳоким набуд, Саддом чун гурги дарандае ин кишварро медарид; Омрико чун саги ҳоре ҳамин амалро мекард, аммо ҳунари Имом ин буд, ки исломро ба пуштвона овард; Ошуро ва Муҳаррам, Сафар ва Фотимияро ба пуштвонаи ин миллат овард. Инқилобҳое дар инқилоб эҷод кард. Ба ин далел дар ҳар давра ҳазорон фидокор ҷони худро сипари шумо ва миллати Эрон ва хоки Эрон ва ислом намудаанд ва бузургтарин қудратҳои моддиро залили худ намудаанд. Азизонам, дар усул ихтилоф накунед.

Шуҳадо меҳвари иззату каромати ҳамаи мо ҳастанд; на барои имрӯз, балки ҳамеша инҳо ба дарёи восеъаи Худованди Субҳон иттисол ёфтаанд. Онҳоро дар чашм, дил ва забони худ бузург бибинед, ҳамон гуна, ки ҳастанд. Фарзандонатонро бо номи онҳо ва тасовири онҳо ошно кунед. Ба фарзандони шуҳадо, ки ятимони ҳамаи шумо ҳастанд, ба чашми адабу эҳтиром бингаред. Ба ҳамсарону падарону модарони онон эҳтиром кунед, ҳамон гуна ки аз фарзандони худ бо иғмоз мегузаред, онҳоро дар набуди падарон, модарон, ҳамсарон ва фарзандони худ таваҷҷӯҳи хосс кунед.

Нерӯҳои мусаллаҳи худро, ки имрӯз валийи фақеҳ фармондеҳи онон аст, барои дифоъ аз худатон, мазҳабатон, ислом ва кишвар эҳтиром кунед ва нерӯҳои мусаллаҳ мебоист ҳамонанди дифоъ аз хонаи худ, аз миллату номусу ъирзи он ҳифозату ҳимоят ва адабу эҳтиром кунанд ва нисбат ба миллат ҳамон гуна ки Амирулмӯъминин мавлои муттақиён фармуд, нерӯҳои мусаллаҳ мебоист маншаи иззати миллат бошад ва қалъа ва паноҳгоҳи мустазъафон ва мардум бошад ва зинати кишвараш бошад.

Хитоб ба мардуми азизи Кирмон…

Нуктае ҳам хитоб ба мардуми азизи Кирмон дорам; мардуме, ки дӯстдоштанианд ва дар тӯлм 8 соли дифои муқаддас болотарин фидокориҳоро анҷом доданд ва сардорону муҷоҳидини бисёр воломақомеро тақдими ислом намуданд. Ман ҳамеша шармандаи онҳо ҳастам. Ҳашт сол ба хотири ислом ба ман эътимод карданд; фарзандони худро дар қатлгоҳҳо ва ҷангҳои шадиде чун Карбалои 5, Валфаҷри 8, Тариқулқудс, Фатҳулмубин, Байтулмуқаддас ва … равона карданд ва лашкаре бузургу арзишмандро ба ном ва ба ишқи имоми мазлум Ҳусайн ибни Алӣ ба номи Соруллоҳ бунёнгузорӣ карданд. Ин лашкар ҳамчун шамшере буранда, борҳо қалби миллатамон ва мусалмонҳоро шод намуд ва ғамро аз чеҳраи онҳо зудуд.

Азизон! Ман бино ба тақдири илоҳӣ имрӯз аз миёни шумо рафтаам. Ман шуморо аз падару модарам ва фарзандону хоҳарону бародарони худ бештар дӯст дорам, чун бо шумо бештар аз онҳо будам; зимни ин ки ман пораи тани онҳо будам ва онҳо пораи вуҷуди ман, аммо онҳо ҳам қабул карданд ман вуҷудамро назри вуҷуди шумо ва миллати Эрон кунам.

Дӯст дорам Кирмон ҳамеша ва то охир бо вилоят бимонад. Ин вилоят, вилояти Алӣ ибни Абӯтолиб аст ва хаймаи ӯ хаймаи Ҳусайни Фотима аст. Даври он бигардед. Бо ҳамаи шумо ҳастам. Медонед дар зиндагӣ ба инсоният ва отифаҳо ва фитратҳо бештар аз рангҳои сиёсӣ таваҷҷӯҳ кардам. Хитоби ман ба ҳамаи шумост, ки маро аз худ медонед, бародари худ ва фарзанди худ медонед.

Васият мекунам, исломро дар ин бурҳа, ки тадоъиёфта дар инқилоби исломӣ ва Ҷумҳурии Исломӣ аст, танҳо нагузоред. Дифоъ аз ислом ниёзманди ҳушмандӣ ва таваҷҷӯҳи хосс аст. Дар масоили сиёсӣ он ҷо, ки баҳси ислом, Ҷумҳурии Исломӣ, муқаддасот ва вилояти фақеҳ матраҳ мешавад, инҳо ранги Худо ҳастанд; ранги Худоро бар ҳар ранге тарҷеҳ диҳед.

Хитоб ба хонаводаи шуҳадо…

Фарзандонм, духтарону писаронам, фарзандони шуҳадо, падарону модарони боқимонда аз шуҳадо, эй чароғҳои фурӯзони кишвари мо, хоҳарону бародарон ва ҳамсарони вафодору мутадайинаи шуҳадо! Дар ин олам, савте, ки рӯзона ман мешунидам ва маънус бо он будам ва ҳамчун савти Қуръон ба ман оромиш медод ва бузургтарин пуштвонаи маънавии худ медонистам, садои фарзандони шуҳадо буд, ки баъзан рӯзона бо он маънус будам; садои падару модари шуҳадо буд, ки вуҷуди модару падарамро дар вуҷудашон эҳсос мекардам.

Азизонам! То пешкисватони ин миллатед, қадри худтонро бидонед. Шаҳидатонро дар худатон ҷилвагар кунед, ба тавре, ки ҳар кас шуморо мебинад, падари шаҳид ё фарзанди шаҳидро, биъайниҳ худи шаҳидро эҳсос кунад, бо ҳамон маънавият, салобат ва хусусият.

Хоҳиш мекунам маро ҳалол кунед ва афв намоед. Ман натавонистам ҳаққи лозимро перомуни хеле аз шумоҳо ва ҳатто фарзандони шаҳидатон адо кунам, ҳам истиғфор мекунам ва ҳам талаби афв дорам.

Дӯст дорам ҷанозаамро фарзандони шуҳадо бар дӯш гиранд, шояд ба баракати исобати дастони поки онҳо бар ҷасадам, Худованд маро мавриди иноят қарор диҳад.

Хитоб ба сиёсиюни кишвар…

Нуктае кӯтоҳ хитоб ба сиёсиюни кишвар дорам: чӣ онҳое (ки) ислоҳталаб худро меноманд ва чӣ онҳое, ки усулгаро. Он чи пайваста дар ранҷ будам ин ки умуман мо дар ду мақтаъ Худо ва Қуръон ва арзишҳоро фаромӯш мекунем, балки фидо мекунем. Азизон, ҳар рақобате бо ҳам мекунед ва ҳар ҷадале бо ҳам доред, аммо агар амали шумо ва каломи шумо ё мунозираҳоятон ба наҳве тазъифкунандаи дину инқилоб буд, бидонед шумо мағзуби Набии Мукаррами ислом ва шуҳадои ин роҳ ҳастед; марзҳоро тафкик кунед. Агар мехоҳед бо ҳам бошед, шарти бо ҳам будан, тавофуқ ва баёни сареҳ ҳавли усул аст. Усул мутаввалу муфассал нест. Усул иборат аз чанд асли муҳим аст:

1) Аввали онҳо, эътиқоди амалӣ ба вилояти фақеҳ аст; яъне ин ки насиҳати ӯро бишнавед, бо ҷону дил ба тавсия ва тазаккуроти ӯ ба унвони табиби ҳақиқии шаръӣ ва илмӣ амал кунед. Касе, ки дар Ҷумҳурии Исломӣ мехоҳад масъулиятеро эҳроз кунад, шарти асосии он (ин аст, ки) эътиқоди ҳақиқӣ ва амал ба вилояти фақеҳ дошта бошад. Ман на мегӯям вилояти танаввурӣ ва на мегӯям вилояти қонунӣ; ҳеҷ як аз ин ду, мушкили ваҳдатро ҳал намекунад; вилояти қонунӣ хосси оммаи мардум — аъамм аз мусалмону ва ғайримусалмон аст — аммо вилояти амалӣ махсуси масъулин аст, ки мехоҳанд бори муҳимми кишварро бар дӯш бигиранд, он ҳам кишвари исломӣ бо ин ҳама шаҳид.

2) Эътиқоди ҳақиқӣ ба Ҷумҳурии Исломӣ ва он чи мабнои он будааст; аз ахлоқу арзишҳо то масъулиятҳо; чӣ масъулият дар қиболи миллат ва чӣ дар қиболи ислом.

3) Бакоргирии афроди покдаст ва мӯътақид ва хидматгузор ба миллат, на афроде, ки ҳатто агар ба мизи як деҳистон ҳам бирасанд, хотираи хонҳои собиқро тадоъӣ мекунанд.

4) Муқобила бо фасод ва дурӣ аз фасод ва таҷаммулотро шеваи худ қарор диҳанд.

5) Дар давраи ҳукумат ва ҳокимияти худ дар ҳар масъулияте, эҳтиром ба мардум ва хидмат ба ононро ибодат бидонад ва худ хидматгузори воқеӣ, тавсиъа гари арзишҳо бошад, на бо тавҷеҳоти воҳӣ арзишҳоро бойкут кунад.

Масъулон ҳамонанди падарони ҷомеа мебоист ба масъулияти худ перомуни тарбият ва ҳиросат аз ҷомеа таваҷҷӯҳ кунанд, на бо бемуболотӣ ва ба хотири эҳсосот ва ҷалби бархе аз орои эҳсосии зудгузар аз ахлоқиёте ҳимоят кунанд, ки талоқу фасодро дар ҷомеа тавсиъа диҳад ва хонаводаҳоро аз ҳам бипошанд. Ҳукуматҳо омили аслӣ дар истеҳкоми хонавода ва аз тарафи дигар омили муҳимми аз ҳам пошидани хонавода ҳастанд. Агар ба усул амал шуд, он вақт ҳама дар масири раҳбару инқилоб ва Ҷумҳурии Исломӣ ҳастанд ва як рақобати саҳеҳ бар пояи ҳамин усул барои интихоби аслаҳ сурат мегирад.

Хитоб ба бародарони сипоҳӣ ва артишӣ …

Каломе кӯтоҳ хитоб ба бародарони сипоҳии азизу фидокор ва артишиҳои сипоҳӣ дорам: милоки масъулиятҳоро барои интихоби фармондеҳон шуҷоату қудрати идораи бӯҳрон қарор диҳед. Табиист ба вилоят ишора намекунам, чун вилоят дар нерӯҳои мусаллаҳ ҷузъ нест, балки асоси бақои нерӯҳои мусаллаҳ аст. Ин шарт халалнопазир мебошад.

Нуктаи дигар, шинохти ба мавқеъ аз душман ва аҳдофу сиёсатҳои ӯ ва ахзи тасмими ба мавқеъ ва амали ба мавқеъ; ҳар як аз инҳо агар дар ғайри вақти худ сурат гирад, бар пирӯзии шумо асари ҷиддӣ дорад.

Хитоб ба уламо ва мароҷеъи муаззам

Сухане кӯтоҳ аз як сарбози 40-сола дар майдон, ба уламои азимушшаън ва мароҷеъи гаронқадр, ки мӯҷиби рӯшноии ҷомеа ва сабаб зудудани торикиҳо ҳастанд, хусусан мароҷеъи ъизоми тақлид. Сарбозатон аз як бурҷи дидабонӣ дид, ки агар ин низом осеб бибинад, дин ва он чи аз арзишҳои он (ки) шумо дар ҳавзаҳо устухон хурд кардаед ва заҳмат кашидаед, аз байн меравад. Ин давраҳо бо ҳамаи давраҳо мутафовит аст. Ин бор агар мусаллат шуданд, аз ислом чизе боқӣ намемонад. Роҳи саҳеҳ, ҳимояти бидуни ҳар гуна мулоҳиза аз инқилоб, Ҷумҳурии Исломӣ ва валийи фақеҳ аст. Набояд дар ҳаводис, дигарон шуморо, ки умеди ислом ҳастед, ба мулоҳиза биандозанд. Ҳамаи шумо Имомро дӯст доштед ва мӯътақид ба роҳи ӯ будед. Роҳи Имом мубориза бо Омрико ва ҳимоят аз Ҷумҳурии Исломӣ ва мусалмонони таҳти ситами истикбор, таҳти парчами валийи фақеҳ аст. Ман бо ақли ноқиси худ медидам бархе ханносон саъй доштанд ва доранд, ки мароҷеъ ва уламои муассир дар ҷомеаро, бо суханони худ ва ҳолати ҳақ ба ҷонибӣ ба сукут ва мулоҳиза бикашонанд. Ҳақ возеҳ аст; Ҷумҳурии Исломӣ ва арзишҳо ва вилояти фақеҳ мероси Имом Хумайнӣ (р) ҳастанд ва мебоист мавриди ҳимояти ҷиддӣ қарор гиранд. Ман ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Хомнаиро хеле мазлуму танҳо мебинам. Ӯ ниёзманди ҳамроҳӣ ва кӯмаки шумост ва шумо, ҳазарот муъаззам, бо баёнатон ва дидорҳоятон ва ҳимоятҳоятон, бо эшон мебоист ҷомеаро ҷиҳат диҳед. Агар ин инқилоб осеб дид, ҳатто замони шоҳи малъун ҳам нахоҳад буд, балки саъйи истикбор бар илҳодгарии маҳз ва инҳирофи амиқи ғайриқобили баргашт хоҳад буд.

Дасти муборакатонро мебӯсам ва узрхоҳӣ мекунам аз ин баён, аммо дӯст доштам дар шарафёбиҳои ҳузурӣ ба маҳзаратон арз кунам, ки тавфиқ ҳосил нашуд.

Сарбозатон ва дастбӯстон

Аз ҳама талаби афв дорам

Аз ҳамсоягонам ва дӯстонам ва ҳамкоронам талаби бахшишу афв дорам. Аз размандагони лашкари Соруллоҳ ва нерӯи боазамати Қудс, ки хори чашми душман ва садди роҳи ӯст, талаби бахшишу афв дорам; хусусан аз касоне, ки бародарона ба ман кӯмак карданд.

Наметавонам аз Ҳусайни Пурҷаъфарӣ ном набарам, ки хайрхоҳона ва бародарона маро мисли фарзанде кӯмак мекард ва мисли бародаронам дӯсташ доштам. Аз хонаводаи эшон ва ҳамаи бародарони разманда ва муҷоҳидам, ки ба заҳмат андохтамашон узрхоҳӣ мекунам. Албатта ҳамаи бародарони нерӯи Қудс ба ман муҳаббати бародарона дошта ва кӯмак карданд ва дӯсти азизам Сардор Қоонӣ, ки бо сабру матонат маро таҳаммул карданд.

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Барге аз Сафарномаи Адам Олеари
Паёме аз Имом Ҳусайн

Матолиби пурбоздид