Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ

Таърих

Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ

Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ, табиб, файласуф ва аллома дар улуми донишҳои бостонӣ, ки мутарҷимони китобҳояш ба забони лотин, ки ба ӯ Разис (Rhazes) гуфтаанд ва дар осори урупоӣ бештар ба ин ном машҳур аст, дар шаҳри Рай чашм ба ҷаҳон гушуд.

Дар ҷилди чаҳоруми китоби ”Таърихи Эрон” ба навиштаи Сайидҳусайни Наср, ки дар боби улуми зистӣ аст, Муҳаммад ибни Закариё ин тавр муаррифӣ шудааст: “Зиндагии Закариёи Розӣ дар чанд марҳила сипарӣ шуд. Вай дар оғоз ба таҳсили риёзиёт, нуҷум, фалсафа ва кимиё пардохт ва аз миёнсолӣ ба дониши пизишкӣ алоқаманд ва пас аз касби шӯҳрат озими Бағдод шуд ва дар Бағдод ба ҳозиқтарин пизишк овоза ёфт ва дар воқеъ мондагории номи вай дар таърих, бештар ба воситаи дониши ӯ дар пизишкӣ ва дорусозӣ будааст. Бегумон метавон аз Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ ба унвони муҳимтарин дорушиноси давраи исломӣ ном бурд. Розӣ, ки таваҷҷӯҳи зиёде ба дорусоӣ дошт, китобҳои бисёре дар ин замина таълиф кард. Ин осор ё такнигоштаанд ё китобҳоеанд, ки дар бахшҳое аз онҳо ба шарҳи хоссиятҳои доруии гиёҳон, маводди маъданӣ ва доруӣ пардохта шудааст. Дар ҳақиқат, Розӣ пояҳои дорушиносӣ ва дорусозии имрӯзиро бунён ниҳодааст ва ба сабаби фаъолиятҳои доруӣ ва ибдоъоти вай, аз ӯ бо унвони пизишки дорусоз ёд мекунанд.”

Шоҳкори Розиро бояд китоби “Ал-ҳовӣ” донист, зеро ин асар ба унвони дақиқтарин санади мавҷуд дар бораи пизишкии болинӣ дар ҷаҳони ислом шинохта мешавад. Ин пизишки номӣ, дар мавориди бисёре аз китобҳои худ, ба 2 бемористони Бағдод ва Рай ишора кардааст. Розӣ дар дунёи Ғарб падари тибби кӯдакон лақаб гирифт ва дар ин замина китобе бо номи “Тадбирус-сибён” (Пизишкии кӯдакон) таълиф кард, ки то он замон собиқа надошт.

* * *

Нигоҳе ба бархе аз китобҳои Розӣ ва хадамоти ӯ ба тибби ҷаҳонӣ

Ба ривояти Абӯрайҳони Берунӣ, Розӣ қариб ба 272 китоб, рисола ва мақола ба забони арабӣ таълиф кардааст, ки яксаду анде аз онҳо дар тибб ҳастанд. Ӯ дар сафаҳоти охири китоби “Ас-сиратул-фалсафия”-и худ гуфта, ки дар ҳудуди 200 китоб, мақола ва рисола навиштааст, ки албатта танҳо ба фалсафа ихтисос надорад. Ӯ дар радди ҳасудони замонаш, ки иддао мекарданд Розӣ файласуф нест, мегӯяд, агар бо ин андоза аз илму маърифат ва бо ин миқдор аз корҳои фалсафӣ ва илмӣ, ки анҷом додаам ҳанӯз шоистагии унвони файласуф буданро надошта бошам, чӣ касе дар ин рӯзгор метавонад файласуф шинохта шавад? Розӣ мегӯяд: “Мо агарчи дар мақоми муқоиса бо Суқрот шоистагии унвони файласуф буданро надорем, аммо нисбат ба касоне, ки аз фалсафа бебаҳра мондаанд, шоиста аст, ки файласуф шинохта шавем.”

Ҳамчунин дар мавриди осори Розӣ дар Луғатномаи Деҳхудо омадааст: “Ибни ан-Надим дар китоби “Ал-феҳрист”-и худ теъдоди осори Розиро 167, ва Абӯрайҳон Берунӣ дар китоби Феҳристи кутуби Розӣ, 184 донистаанд.”

Бо нигоҳе ба бархе аз осори тиббии Розӣ дармеёбем, ки ӯ аз тариқи онҳо ба тибби ҷаҳонӣ хидматҳои зиёде кардааст, аз ҷумла ин ки вай тибби парокандаи юнониро мураттабу муназзам карда, тиббро аз сурати назарӣ берун оварда ва тибби амалиро бунёнгузорӣ ва беморишиносиро густариш дода ва баррасии бисёре аз бемориҳоеро, ки то он замон ҳеч фарде аз онҳо иттилоъ надошт, дар олами тибб ворид кардааст.

Розӣ ҳамчунин пас аз истифода аз тарҷумаҳои китобҳои юнонӣ ва мероси Донишгоҳи Ҷундишопури Эрон, тавонист бо интиқоди созанда бар устодони қадими тибб, монанди Буқрот ва Ҷолинус, ба тасҳеҳи ақоиди онҳо бипардозад ва орои худро ба таври мустақил баён кунад. Ҳамон тавр, ки Ҳусайни Наҷмободӣ ба нақл аз Розӣ баён медорад, ки вай дар оғоз яке аз китобҳояш ба номи “Аш-шукук ъало Ҷолинус ал-ҳаким” аз эродҳое, ки бар Ҷолинус гирифта, нахуст маъзарат хоста ва сипас чунин гуфтааст: “Мақоми Ҷолинус бар ҳеч фарде пӯшида нест ва мумкин аст, ки бархе аз кӯтаҳназарон маро ба хотири ин кор сарзаниш кунанд, аммо ҳеч файласуфу ҳакиме бар ман хӯрда нахоҳад гирифт, ба далели ин ки дар ҳикмату фалсафа тақлид раво нест ва мебояд аз рӯи далелу бурҳон сӯҳбат ва гуфтугӯ бишавад ва агар шахси Ҷолинус ҳам зинда мебуд, бидуни шак маро бад-ин таълиф месутуд.”

“Ал-ҳовӣ” бузургтарин ва муҳимтарин китоби Розӣ аст ва бархе аз афрод низ ин китобро аз китоби “Қонун”-и Ибни Сино муҳимтар шумурдаанд. Ин асар натиҷаи таҷрибаҳо ва амалҳои ӯ дар бемористон, дар ҳукми як доиратулмаорифи тиббӣ аст, ки Розӣ дар он ҷамиъи ақоиду назарҳои пизишкони пешинро баён карда ва дар пайи он назару раъй ва таҷрибаҳои худро овардааст. Розӣ дар ин китоб 34 ҳикояти тиббӣ бо унвони “Амсила мин қасас ал-марзо” (Намунаҳое аз достонҳои беморон) нақл кардааст, ки таърихчаҳо мерасонанд ҳама бар рӯи таҷрибаҳои шахсии ӯ устувор аст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бонии масҷид
Ҳоҷати худро ҷуз бо се тан дар миён магзор…

Матолиби пурбоздид