Ваҳдат ва тақриб дар суханони Шайх Маҳмуди Шалтут

Ваҳдат ва тақриб дар суханони Шайх Маҳмуди Шалтут

Шайх Маҳмуди Шалтут
Аллома Шайх Шалтут олими бузурги динии Миср беш аз он ки ба унвони як мутафаккир ва мутакаллими барҷаста шинохта шавад, ба унвони як фақеҳ ва муслеҳ дар ростои тақриби байни мазоҳиби исломӣ шинохта мешавад.
Ӯ бо дидгоҳҳои мутараққии худ дар ростои ислоҳи фикри динӣ ва тақриби мазоҳиби исломӣ қадамҳои бисёр асосӣ бардошт.
Устод Шалтут дар таквин ва пайдоиши Ҷамъияти Тақриб, мушорикати вижае дошта ва дар яке аз ҷаласоти он пешниҳод намуд, ки ба ҷои таъбири фирқа ё тоифа барои мусалмонон, ҳамаи онҳоро мазоҳиби исломӣ биномем ва ҳамон гуна низ иқдом шуд.
Эшон перомуни аҳамияти Дор-ут-тақриб дар дунёи ислом ва фалсафаи вуҷудии он ин гуна мефармояд:
“Мусалмонон бояд ифтихор кунанд, ки амалан дар тақриб ва наздик сохтани мазоҳиби худ ба якдигар аз дигарон сабқат ҷустаанд, чаро ки ба воситаи Дор-ут-тақриб, руҳе аз салоҳу муҳаббат ва бародарӣ миёни пайравони исломӣ ба ёдгор монда ва ба василаи он руҳе аз салобату муҳаббат ва бародарӣ миёни пайравони ислом падидор шуд”.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Талафоти азими фарҳангӣ дар гузариш ба хатти кириллӣ
Ройзаниҳои Риёз ва Душанбе ва назароти коршиносон

Матолиби пурбоздид