Бурҳони ҳидоят

Бурҳони ҳидоят
Маърифат
Бо ин ки исботи вуҷуди Офаридгор ниёз ба далел надорад, зеро як амри фитрӣ аст, аммо бо ин ҳама, Қуръони Карим дар ҷой-ҷойе, ба унвони танбеҳу тазаккур (ёдоварӣ) на барпоии далел, бурҳонҳое меоварад, ки яке аз қавитарини ин бурҳонҳо “бурҳони ҳидоят ва роҳнамоии ғаризии мавҷудот” аст.
Манзур аз “ҳидоят ва роҳнамоии ғаризии мавҷудот” ин аст, ки Худованд дар вуҷуди ҳамаи мавҷудот – аз ҷамоду наботу ҳайвону инсон – ғаризае ниҳода, ки ба воситаи он, ба сӯйи ғояту ҳадафе, ки барои он офарида шудаанд ҳаракат мекунанд:
قَالَ رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَى
“Гуфт: парвардигори мо касест, ки ҳар чизеро хилқате, ки дар хӯри ӯст дода, сипас ӯро “ҳидоят” фармудааст”. (Сураи Тоҳо, ояти 50)
سَبِّحِ اسْمَ رَبِّكَ الْأَعْلَى. الَّذِي خَلَقَ فَسَوَّى. وَالَّذِي قَدَّرَ فَهَدَى
“Номи парвардигори волои худро ба покӣ бистой! Ҳамон, ки офарид ва ҳамоҳангӣ бахшид. Ва он ки андозагирӣ кард ва сипас “ҳидоят” кард”. (Сураи Аъло, оятҳи 1-3)
Ба унвони намуна, занбӯри асалро, ки Худо офарида, дар вуҷуди ӯ як навъ ғаризае гузошта, ки ин ҳашараи кучак, бидуни он ки бидонад, бо ҳидояту роҳнамоии ин ғариза, ба сӯйи ҳадафе, ки барои он офарида шудааст ҳаракат мекунад; лона месозад, гард ҷамъоварӣ мекунад, асал дуруст мекунад:
وَأَوْحَى رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ. ثُمَّ كُلِي مِن كُلِّ الثَّمَرَاتِ فَاسْلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلًا يَخْرُجُ مِن بُطُونِهَا شَرَابٌ مُّخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ فِيهِ شِفَاء لِلنَّاسِ إِنَّ فِي ذَلِكَ لآيَةً لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ
“Ва Худованд ба занбӯри асал ваҳй кард, ки: аз кӯҳҳову дарахтону сақфҳои баланд манзил бигир ва сипас аз меваҳои ширин тағзия бикун ва роҳи парвардигоратро ба итоат бипаймо. Он гоҳ аз даруни ӯ шарбате ширину рангоранг (асал) берун ояд, ки мояи шифои мардумон аст. Дар ин кор, ояту нишонаи қудрати Худо барои андешамандон ҳувайдост.”(Сураи Наҳл, оятҳои 68-69)
Манзур аз “ваҳй кард” дар ин оят ҳамон ғариза аст, ки ҳамеша ҳамроҳи ин мавҷуд будааст ва ҳамон ғариза аст, ки ин мавҷудро ҳидоят мекунад.
Ва ё як намунаи дигар, вуҷуди ғаризаи муҳаббату алоқа ба фарзанд дар мавҷудот ба хусус мавҷудоти модина аст, аз кучактарин ҳашарот бигир то бузургҷуссатарини мавҷудот мисли филу наҳанг ва албатта инсон. Ҳар мавҷуде, бидуни он ки бидонад, дар худ як эҳсоси аҷибу ғарибе нисбат ба фарзанди худ мекунад, ки ба мӯҷиби он, бо муҳаббат тамоми машаққатҳоро дар роҳи бузург кардани фарзандаш ба дӯш мегирад. Агар Офаридгор ин ғаризаро дар ниҳоди мавҷудот намегузошт, насли мавҷудот мунқариз мешуд, зеро як мавҷуд дар оғози зиндагӣ, ниёз ба риояту нигаҳдорӣ дорад, ки ҷуз волидайн касе ҳозир нест онро ба дӯш бигирад.
Худовандо! Ҳамон тавр ки бо ҳидояти таквинии худ роҳнамоиамон кардӣ, ба воситаи ҳидояти ташреъии худ тавфиқи пайравӣ аз ойини ҳаққат ва паёмбари фиристодаатро насибамон гардон!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсон ва озодихоҳӣ – VII
Ҳамалоти Исроил ба Ҷинин

Матолиби пурбоздид