Вокуниши муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон ба таҳдиди Тромп
Ахбори байналмилал
Муҳаммадризо Ориф – муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон, дар вокуниш ба таҳдиди ахири Дунолд Тром, дар Х навишт:
“Эрон на як “иттифоқ” дар таърих, ки худи “таърих” аст. Тамаддуне, ки ҳазорон сол аз талотумҳо ва таваҳҳумоти бадхоҳон убур карда, бо лаффзозиҳои асри ҳаҷарии Тромп ларза бар андомаш намеафтад.
Посухи мо ба ваҳшигариҳои душман, истодагӣ бар манофеъи миллӣ ва такя бар қудрати дарунии миллати бузурги Эрон аст”.
Қаламонлайн













