Гар рост сухан гӯӣ…

Адаб

Гар рост сухан гӯӣ…

Сабки зиндагӣ

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

“Ростгӯӣ мояи оромиш ва дурӯғгӯӣ боиси ташвиш аст”.

 

То нек надонӣ, ки сухан айни савоб аст,

Бояд, ки ба гуфтан даҳан аз ҳам накушоӣ.

Гар рост сухан гӯиву дар банд бимонӣ,

Беҳ з-он ки дурӯғат диҳад аз банд раҳоӣ. (Саъдӣ).

***

Ибни Шаҳрошӯб, дар мавриди Паёмбари Акрам(С) чунин нақл мекунад: Расули Акрам(с) пеш аз мабъус шудан ба паёмбарӣ, бист хислат аз хислатҳои паёмбариро доро буданд, ки агар касе яке аз онҳоро дошта бошад, далели азамати ӯст, чӣ расад ба касе, ки ҳамаи онҳоро доро бошад. Он ҳазрат паёмбари амин, ростгӯ, моҳир, асил, шариф, устувор, суханвар, оқил, бофазилат, обид, зоҳид, саъоватманд, далеру бошаҳомат, қонеъ, мутавозеъ, бурдбор, меҳрубон, ғайратманд, сабур, созгор ва нармхӯ буданд ва бо ҳеч мунаҷҷиму ғайбгӯе ҳамнишин набуданд. (Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб, ҷ.1, саҳ.123).

Дар ҳадиси муборак омадааст, ки: “Худованд ҳеч паёмбареро нафиристод, магар бо ростгӯӣ ва баргардондани амонат ба некӯкор ва ё бадкор”.

Расули Акрам(с) фармудаанд: “Ҳар гоҳ дар бародари динии худ се сифат дидӣ, ба ӯ умедвор бош: ҳаё, амонатдорӣ ва ростгӯӣ.

Имом Алӣ(а): “Мӯъмин бисёр ростгӯ ва бисёр некӯкор аст”.

Имом Содиқ(а), ҳадисеро нақл мекунанд, ки: “Ростгӯро нахустин касе, ки тасдиқ мекунад, Худованд аст, ки медонад ӯ ростгӯст ва низ нафси ӯ тасдиқаш мекунад, ки медонад ростгӯст”.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд: “Бидон, ки ростгӯӣ пурбаракат аст ва дурӯғгӯӣ шум”.

Паёмбари Акрам(с): Шуморо супориш мекунам ба ростгӯӣ, ки ростгӯӣ бо некӯкорӣ ҳамроҳ аст ва ҳар ду дар биҳиштанд ва аз дурӯғгӯӣ парҳез кун, ки дурӯғгӯӣ ҳамроҳ бо бадкорӣ аст ва ҳар ду дар ҷаҳаннаманд”.

Паёмбари Акрам(с): “Ба зиёдии намозу рӯзаву ҳаҷ ва эҳсону муноҷоти шабонаи мардум нигоҳ накунед, балки ба ростгӯӣ ва амонатдории онҳо таваҷҷӯҳ кунед”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фурудгоҳи Истанбул – пуррафтуомадтарин фурудгоҳи аврупоӣ
Ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳ ба пойгоҳҳои низомии исроилӣ

Матолиби пурбоздид