Геометрияи “нави” сиёсӣ

Геометрияи “нави” сиёсӣ

Меҳмоншо Шарифзода

Имрӯз дар сиёсатшиносӣ дар бораи “геометрияи сиёсӣ” зиёд ҳарф мезананд ва ин чизест, ки кампирҳо дар қадимҳо кӯдакони гапношунавро таҳдид карда мегуфтанд, ки “ҳоло бекор шавам гирдат хат мекашам. “Албатта, хатро гирди мардуми ин сарзамин русҳо ва чиниҳо кашида ва ба “ягонаи давр” иҷозат додаанд, ки бо мардуми ин сарзамин “ҳар чӣ мехоҳад дили тангаш” карда бошад. Бале аз қадим боз гирди касе ва ё мардуме хат кашидан асли геосиёсат буд ва ҳаст, ки ин баҳсест дигар…

Дар ин сарзамин гӯё фазои нави сиёсӣ шакл гирифта ва хатҳои нав кашида шуда ва ҳудудҳои нав муаян шудаанд.

Гӯё чизе мегузарад… Вале, боз ҳамон низом ва ё системаи дар солҳои буҳрони давомдор шакл гирифта бояд барои солҳои оянда дар кор бошад. Ҳама дар ин низом ҳамчун як система амал мекунанд ва акнун ба ягонаи нави давр итоат мекунанд, зеро мувофиқи мантиқи cujus regio, ejus religio, ҳар ки соҳиби қаламрав аст динро (низом, идеологияро) ӯ муайян мекунад. Мисли солҳои гузашта ҳоло ҳам давлат, ҷомеа ва одамон мисли дастгоҳи соат кор мекунанд ва ҳама ба як нафар содиқанд ва дар танҳоӣ метавонанд танҳо ба қадри зарфияти худ фасодкор шаванд, дуздӣ кунанд ва дурӯғ гӯянд. Дар ин корҳо дар паноҳи ягонаи нави давранд. Дар ин низом чун пештара соҳиби фикр, забон, паём, тасмимҳо, ваъдаҳо, фасодҳо, дуздиҳо ва дурӯғҳои сатҳи олӣ танҳо як нафар аст. Ин нафар аз тарафи ягонаи давр ҳамчун ягонаи нави давр интихоб шуда. Қонун дар ин низом оҳанин аст, ҳар ки бо онҳост аз хатти кашида пой берун намегузорад. Ҳар ки пой берун гузошт ва ё аз берун пой дарун гузошт “назди қонун ҷавоб хоҳанд дод”. Ин сиёсати ягонаи давр буд, ки #гӯёчиземегузарад, вале сиёсат на танҳо ба низом, балки ба тавонои (энержӣ, неру) ниёз дорад ва инҷо бе тавоноӣ ҳеҷ низоме наметавонад будан. Тавоноӣ танҳо бо мардум аст на бо ин қавми фасодкор, дузд ва дуруғгӯ. Тавоноӣ бо мардумест, ки аз тарафи ин ҳукумати худкома “рӯ ба раҳми Худост”. Имрӯз огоҳӣ ва ҳамбастагӣ ва шуҷоати мардум метавонад сабаби озодӣ, будани сиёсати воқеӣ ва низоми солим дар ин сарзамин бошад. Нотавонро ҳамеша гирдаш дигарон хат мекашанд, ҳудудҳояшро муаян мекунанд ва одамонашро месозанд…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ: “Муқовамат беҳбудии худро бозёфтааст”
Кадом вақт мардум бо ту мухолифат мекунанд?

Матолиби пурбоздид