Густариши шабакаи ҷосусии Эрон дар Исроил

 

Густариши шабакаи ҷосусии Эрон дар Исроил

Al-Monitor: “Эрон шабакаи ҷосусии худро дар Исроил густариш додааст”

Ахбори байналмилал

Мақомоти амниятии режими саҳюнистӣ мегӯянд, Эрон шабакаи ҷосусии худро дар Исроил густариш дода ва барои пешбурди аҳдофи худ ҳатто саҳюнистҳоро ҳам истихдом кардааст.

Як расонаи омрикоӣ бо истинод ба изҳороти коршиносони амниятии режими саҳюнистӣ навишт, Эрон саъй дорад яҳудиён ва аъробро барои анҷоми маъмуриятҳои ҷосусӣ ва “иқдомоти харобкорона” алайҳи Исроил истихдом кунад.

Ба гузориши расонаи омрикоии Al-Monitor, Созмони амниятии Исроил (Shin Bet) чандин мавриди ҷосусии Эронро дар як соли гузашта кашф кардааст, ки дар бештари онҳо, яҳудиёни сокини Исроил нақш доштаанд.

Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар тозатарин маврид аз ин талошҳо, ҳафтаи гузашта Shin Bet ва пулиси Исроил аз кашфи тарҳе барои истихдоми 7 нафар аз сокинони маҳаллаи фаластинӣ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ хабар доданд; афроде, ки ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, барои нуфуз дар мақомоти атомӣ интихоб шуда буданд.

Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки яке аз ин 7 нафар бо як омили иттилоотии эронӣ тамос гирифта ва 6 нафар аз ҳаммаҳаллиҳои худро барои ҷамъоварии иттилоот дар бораи як донишманди аршади Исроил ва ҳамчунин як шаҳрдори шаҳре дар Исроил истихдом кардааст.

Амалиётҳои иттилоотии Эрон дар як соли гузашта

Al-Monitor навиштааст, ки дар 16-июл, як шаҳрванд дар Исроил ба тамос бо як маъмури Эрон, анҷоми маъмуриятҳои иттилоотӣ барои ин кишвар ва дарёфти пул дар муқобили анҷоми ин иқдомот муттаҳам шуд.

Дар 19-август низ кайфархосте алайҳи яке аз сокинони шаҳри Рамат Ган содир шуд, ки ӯ дар он ба талош барои кудатои низомӣ (табаддулот) ва тамос бо як маъмури эронӣ муттаҳам шуд.

Ҳамчунин дар 19-сентябр як тоҷири саҳюнист, ки ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, бадеҳии молии фаровоне дошта, ба ҳамкорӣ бо созмонҳои иттилоотии Эрон муттаҳам шуд. Мақомоти исроилӣ гуфтанд, ки ӯ дастикам 2 бор ба сурати махфиёна ба Эрон сафар карда, то барои ҷамъоварии иттилоот алайҳи Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил ва маҳалли рафту омади вай ва низ Йоав Галлант, вазири дифоъ ва ҳамчунин Рунон Бор, раиси Shin Bet, музокироти молӣ анҷом диҳад.

Дар 14-октябр низ як шаҳрванди сокини Исроил ва шарикаш ба иттиҳоми тамос бо як маъмури эронӣ ва барномарезӣ барои қатли як мақоми аршади Исроил дастгир шуданд.

Дар 21-октябр ниҳодҳои амниятии исроилӣ эълом карданд, ки 7 яҳудии сокини Ҳайфоро ба иттиҳоми 2 сол ҷосусӣ барои Эрон дастгир кардаанд. Ин афрод ба аксбардорӣ ва ҷамъоварии иттилоот дар бораи пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои ҳассос, ҷосусӣ аз фармондеҳони низомии Исроил, аксбардорӣ аз нерӯгоҳи атомӣ ва марказҳои дифои мушакии Гунбади Оҳанин муттаҳам шуданд.

Ба гузориши Al-Monitor, чандин маврид аз ин пойгоҳҳои низомӣ дар ҳамлаи Эрон ба Исроил дар 1 октябр, мавриди ҳадаф қарор гирифтанд.

Густариши ҳавза ва шеваҳои ҷазби ҷосус

Лиор Акерман, афсари собиқи иттилоотии Исроил, бо баёни ин ки Теҳрон ба дунболи ҳар фурсате барои истихдоми ҷосус аст, мегӯяд, Эрон саъй дорад исроилиҳои “соддалавҳ ва ҳарис”-ро шиносоӣ карда ва аз онҳо истифода кунад.

Ӯ бо баёни ин ки Эрон дар гузашта амалиёти ҷазби ҷосусро умдатан дар Туркия анҷом медод, гуфт, ки Теҳрон дар як соли гузашта бо истифода аз фазои маҷозӣ ҳавзаи ҳадафи худро густариш дода ва дар дохили Исроил ба ҷазби ҷосусҳои арабтабор ва яҳудӣ рӯй овард.

Al-Monitor ҳамчунин гузориш дод, сокинони манотиқе монанди Байтулмуқаддаси Шарқӣ аз ҳамкорӣ бо Эрон ангезаи молӣ надоранд, балки ба далели ормони миллӣ ва исломии худ ва хидмат ба фаластиниён бо тарҳҳои иттилоотии Эрон ҳамроҳ мешаванд.

Қаламонлайн

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ихтилофоти дохилӣ дар кобинаи Натонёҳу
Дархости опозисиюн аз Натонёҳу барои тавофуқ бо Ҳамос

Матолиби пурбоздид