Қитъаи бисёр зебо аз Камоли Хуҷандӣ

Адаб

Қитъаи бисёр зебо аз Камоли Хуҷандӣ

Адабиёт

Сӯфӣ аз риндон бипӯшад май, ки дар хилват бинӯшад,

Шуд куҳан болои хумҳо хирқааш, то кай бипӯшад?

Далқу саҷҷода ниҳода дамбадам дар раҳни бода,

Боз дар бозори даъвӣ порсоиҳо фурӯшад.

Ман зи шавқи гулрухон нолам на аз ҷаври рақибон,

Гарчи хораш дил харошад, булбул аз мастӣ хурӯшад.

Бар рухаш чун дида бинҳодам, сиришк омад ба ҷӯшиш,

Оби гарме мениҳам болои оташ, чун наҷӯшад?

Хуни дилҳо хуш наояд хӯрданаш бе нолаи мо,

Дилбари нозуктабиат бода бе мутриб нанӯшад.

Дидам он лаб бар вай аз мушки сияҳ ин хат навишта:

Гар на ширинист ин ҷо, ин ҳама мӯр аз чӣ ҷӯшад?

Ҷустуҷӯи он даҳон мекун, Камол, имкон ки ёбӣ,

Хотами Ҷам бо каф орад, ҳар ки дар ҷустан бикӯшад.

Мавлоно Камоли Хуҷандӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мамнуияти арзаи мошинҳои дизелӣ ва бензинӣ дар Аврупо
Олмон дарҳои худро бар рӯи муҳоҷирон боз мекунад

Матолиби пурбоздид