Гуфтам, ки ба пирӣ расаму тавба кунам
Кори имрӯзро ба фардо магузор
Аз пагоҳ, варзиш мекунам…
Фардо ҳатман анҷом медиҳам…
Аз фардо дигар намозҳоямро мехонам…
Аз фардо дигар ғайбат намекунам…
Ба ин ҳолат “тасвиф” гуфта мешавад. “Тасвиф” ба маънои ба таъхир андохтан ва имрӯзу фардо кардан ва кори имрӯзро ба фардо андохтан аст.
Дар омӯзаҳои исломӣ, чунин ҳолате фиреби шайтон шумурда шуда ва ба оқибати ногувори он ҳушдор дода шудааст:
“Фиребу найрангу тасвифҳои шайтонро нахӯред, ки ӯ душмани шумост ва бар ҳалоку нобуд кардани шумо бисёр ҳарис аст.” (Мизон-ул-ҳикма, аз Имом Алӣ (а))
Яке аз ин тасвифҳо ва фардо-фардо карданҳо, дар масири тавба аст. Яъне, аз ҳилаҳо ва макрҳои шайтон яке тасвиф дар тавба аст; ба ин маъно, ки тавбаи бандаро ба таъхир меандозад ва васваса мекунад, ки ҳанӯз фурсат дорӣ ва вақт барои тавба кардан зиёд аст, феълан ҷавонӣ, ба ҷавоният бирас ва ҳар кор, ки дилат мехоҳад бикун, баъд тавба мекунӣ. Инҳо, аз васвасаҳои шайтон аст.
Кори шайтон, ба таъхир андохтани тавба аст ва илқои ин ки: ҳоло чӣ аҷалае аст, фурсат боқӣ аст, ҳанӯз ҷавонӣ… Вале ғофил аз он ки мурдану тамом шудани фурсатҳо, ҷавону пир намешиносад.
Гуфтам, ки ба пирӣ расаму тавба кунам,
Он қадр ҷавон мурду яке пир нашуд.
* * *
Ба даргоҳи Худо кардӣ чу тақсир,
Маяфкан тавбаро ҳаргиз ба таъхир.
Ва ба фармудаи Имом Алӣ (а):
“Аз касоне мабош, ки бидуни амал умед ба охират доранд, ва бо орзуҳои дуру дароз тавбаро ба таъхир меандозанд.” (Наҳҷул-балоға)
Гуноҳ мисли як ғудда аст, ки дар аввалин фурсат бояд бо ҷарроҳии тавба онро мудово кард, вагарна ҷонро ба хатар меандозад.
Хулоса, имрӯзу фардо кардан, дақиқан бозии зираконаи замон аст, ки умреро, ки ҳозир нестем ба ҳеч қимате бифурӯшем, андак-андак ва ба ройгон аз мо меситонад. Ин одат бар асари такрор, қувват мегирад ва ҳар бор муҳкамтар аз бори қабл мешавад, ва дар ҳар такрор, фурсатеро аз мо мегирад ва вазифае аз вазоифи моро ба таъхир меандозад ва фурсати аз даст рафта, дигар ба ҳеч қимате бознахоҳад гашт.
Корро ба вақти дигар мавкул кардан ва ба дунболи фурсати дигар гаштан, беморие аст, ки дар сурати шуюъ фард ва ҷомеа ба танбалӣ кашида шуда ва дар натиҷа ба ақибмондагӣ фарду ҷомеа мунҷар мешавад.
Қаламонлайн