Чанд сухан аз бузургон

Адаб
Чанд сухан аз бузургон
Ҳикматнома
“Ду сифат мардумро ҳалок карда: ғайбат ва худписандӣ”.
(Бишр ибни Ҳорис)
“Он ки ҳимматаш шикам аст, қиматаш фаровардаи он аст”.
(Афлотун)
Аз Дюжен (Diogenes) – файласуф ва ҳакими юнонӣ пурсиданд: Кадомин сифат саранҷомаш беҳтар аст?
Гуфт: Имон ба Худо ва некӣ ба падару модар.
“Фурӯмоягии шахс аз ду чиз равшан мешавад: беҳуда сухан гуфтан ва напурсида ҷавоб додан”.
(Буқрот)
“Аз суханони бефоида бипарҳез, ки айбҳои махфиро ошкор мекунад ва душманиҳои хуфтаро бедор”.
“Ҳар ки дар гуфтор зиёдаравӣ кунад, билағзад ва ҳар ки дигаронро ҳақир шуморад, хор шавад”.
“Нишонаи ақл гуфтори кам ва далели фазилат ҳилму ҳавсалаи зиёд аст”.
(Манбаъ: Насоеҳ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти вазири оқил
Нишасти сарони ИДМ дар Русия

Матолиби пурбоздид