Далели аслии зиндонӣ кардани Абдуқодири Рустам ва Холиқзода
Додгоҳи Тоҷикистон саранҷом алайҳи устод Абдуқодири Рустам ва Абдухалил Холиқзода ҳукми худро содир кард ва устодро ба 4.5 сол ва Холиқзодаро ба 6.5 сол ба зиндон фиристод.
Кистии ин ду нафарро мешиносед, ниёз ба муаррифӣ надоранд ва ба иттиҳоме, ки ба далели он аз озодӣ маҳрум карда шуданд низ огоҳед, дар ин робита чизе наменависам. Дар ин ёддошт, дар бораи чизе дигар хоҳам навишт.
Ва он ин ки: далели асосии маҳрум кардани ин ду шахсият аз озодӣ ва ин ҳукми воқеан ғайримунсифона дар ҳаққи онҳо, фақат як паём дорад; паём хусусан ба устодони донишгоҳҳо ва рӯзноманигорон ва куллан зиёиёни кишвар, чӣ онҳое, ки дар дохиланд ва чӣ ҳатто азизоне, ки дар берун аз қаламрави Тоҷикистон қарор дошта ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд. Ва он ин ки: Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводаи ӯ хатти кирмизанд, ки набояд ва ба ҳеч ваҷҳ аз онҳо интиқод шавад, ки агар шуд, шуморо сарнавишти Абдуқодири Рустам мунтазир аст.
Бинобар ин, аз тамоми равшанфикрон ва ба истилоҳ, зиёиёни кишвар, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ хоҳиш мешавад сукут накунанд, хомӯш нанишинанд, агар шумо зиёд бошед, яъне агар матолиби интиқодӣ зиёд бошад, режим ҳеч ғалате кардан наметавонад, имкон надорад, ки ҳамаро зиндонӣ кунад, аз ин рӯ кореро, ки устод Абдуқодири Рустам анҷом медод, бояд анҷом бидиҳем ва дучандон. Агар ҳама сукут кунанд ва кулӯх ба лаб ниҳанд аз тарси зиндонӣ шудан, ин дақиқан ҳамон чизе аст, ки ин режим мехоҳад.
Бояд вокуниши яко-яки мо дар муқобили ин иқдоми нобихрадонаи режим ҳамин бошад, на сукут.
Бисмиллоҳ!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн