Даргузашти Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад дар зиндон
Ахбори минтақа
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар пойгоҳи интернетии худ изҳор доштааст, бо таассуфи амиқ изҳор медорад, ки Домулло Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад дар зиндон дори фониро тарк ва ба мақоми шаҳодат ноил гаштанд.
Гуфтанист, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, раиси Комиссияи ҳисоботии ҲНИТ, собиқ узви Комиссияи оштии миллӣ, собиқ имом-хатиби ноҳияи Панҷ, донишманди улуми динӣ, яке аз шогирдони Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ аст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ буд.
Қаламонлайн