Дарки лаззатҳои маънавӣ
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Фалсафаи дигари зуҳд ин аст, ки агар инсон ғарқ дар лаззоти моддӣ — ҳатто лаззоти ҳалол — шавад, дар ҳамин дунё аз лаззоти маънавӣ маҳрум мешавад.
Мо як силсила лаззатҳои маънавӣ дорем, ки маънавияти моро боло мебарад. Барои касе, ки аҳли таҳаҷҷуд ва намози шаб бошад, ҷузъи содиқин ва собирин ва мустағфирин биласҳор (дар саҳарҳо) бошад, намози шаб лаззат ва беҳҷат дорад. Он лаззате, ки як нафар намози шабхони ҳақиқӣ ва воқеӣ аз намози шаби худаш мебарад, аз он –
أسْتَغْفِرُ اللَّهَ وَأتوبُ إلَیه
— мебарад, аз он –
الْعَفْو
— гуфтанҳо ва ёд кардан ва дуо карданҳои ҳадди ақал чиҳил мӯъмин мебарад ва он лаззатеро, ки аз он –
یا رَب یا رَب
— гуфтанҳо мебарад, ҳеч вақт як одами айёш, ки дар кабареҳо мегардад, эҳсос намекунад. Лаззати он намози шабхон хеле амиқтар, нерӯмандтар ва нишотбахштар аст.
Агар мо худамонро ғарқ дар лаззоти моддии дунё кунем, масалан сари шаб биншинем даври ҳам ва шурӯъ кунем ба гуфтан ва хандидан ва фаразан ғайбат ҳам накунем, ки ҳаром аст, сирфан шӯхиҳои мубоҳ бикунем ва баъд суфраро паҳн кунем ва он қадр бихӯрем, ки ба қавли талабаҳо:
حتّی إذا بَلَغَ الْعِمامَةَ
— ба аммома бирасад, нафас кашидан бароямон душвор шавад, фикр ва мизоҷи худамонро хаста кунем ва баъд мисли як мурда биафтем дар рахтхоб, оё дар ин сурат тавфиқ пайдо мекунем, ки саҳар аз ду соат монда ба тулӯи субҳ баланд шавем ва баъд, аз умқи руҳи худамон –
یا رَب یا رَب
— бигӯем? Асосан бедор намешавем ва агар ҳам бедор шавем, дуруст мисли масте, ки чанд ҷом шароб хӯрдааст мехезем.
Пас агар инсон бихоҳад лаззатҳои маънавӣ ва илоҳиро дар ин дунё дарк кунад, чорае надорад ҷуз ин ки аз лаззатҳои моддӣ ва ҷисмонӣ каср кунад. Алӣ алайҳис салом саҳар, ки баланд мешуд, ҳоли аҷибе дошт; вақте нигоҳаш ба осмони пурситораи Худо меафтод, чунин мехонд:
إِنَّ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ لَآيَاتٍ لِأُولِي الْأَلْبَابِ. الَّذِينَ يَذْكُرُونَ اللَّهَ قِيَامًا وَقُعُودًا وَعَلَى جُنُوبِهِمْ وَيَتَفَكَّرُونَ فِي خَلْقِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ رَبَّنَا مَا خَلَقْتَ هَذَا بَاطِلًا سُبْحَانَكَ فَقِنَا عَذَابَ النَّارِ
(Оли Имрон/190 ва 191)
Ба Худо қасам, лаззоте, ки як марди боимон дар он вақти шаб — ки баланд мешавад ва чашмаш ба осмони пурситора меафтад ва ин чанд ояти Қуръонро, ки садои ҳастӣ аст ва аз қалби вуҷуд бархостааст мехонад ва бо ҳастӣ ҳамсадо мешавад — эҳсос мекунад, баробар аст бо як умр лаззати моддӣ дар ин дунё. Якчунин одаме наметавонад мисли мо зиндагӣ кунад, наметавонад сари суфраи шом биншинад ва дар ҳоле, ки зуҳр ғизоҳои сангин, анвоъи гӯштҳо, равғанҳои ҳайвонӣ ва наботӣ, анвоъи шириниҳо ва анвоъи муҳаррики иштиҳоҳо хӯрдааст, тоза миқдоре суп бихӯрад, то иштиҳояш таҳрик бишавад. Ин руҳ худ ба худ мемирад. Ин одам наметавонад дар нимаҳои шаб баланд шавад ва агар ҳам баланд шавад, наметавонад аз ибодат лаззат бибарад.
Аз ин рӯ, касоне, ки чунин тавфиқоте доштаанд — ва мо чунин ашхосеро дидаем — ба лаззатҳои моддие, ки мо дил бастаем, ҳеч эътино надоранд. Чӣ монеъе дорад, ки ман зикри хайре аз падари бузургвори худам бикунам. Аз вақте, ки ёдам меояд (ҳадди ақал аз чиҳил сол пеш), ман медидам ин марди бузург ва шариф ҳеч вақт намегузошт ва намегузорад, ки вақти хобаш аз се соат аз шаб гузашта таъхир биафтад. Шомро сари шаб мехӯрад ва се соат аз шаб гузашта мехобад ва ҳадди ақал ду соат — ва дар шабҳои ҷумъа се соат — ба тулӯи субҳ монда бедор мешавад ва ҳадди ақалли Қуръоне, ки тиловат мекунад, як ҷузъ аст; ва бо чӣ фароғат ва оромише намози шаб мехонд! Ҳоло тақрибан сад сол аз умраш мегузарад ва ҳеч вақт ман намебинам, ки як хоби ноором дошта бошад. Ва ҳамон лаззати маънавӣ аст, ки инчунин нигаҳаш дошта. Як шаб нест, ки падару модарашро дуо накунад. Як номодарӣ дошта, ки ба ӯ хеле иродатманд аст ва мегӯяд, ки ӯ хеле ба ман муҳаббат кардааст; шабе нест, ки ӯро дуо накунад. Як шаб нест, ки тамоми хешовандон ва зиҳаққон ва бастагони дуру наздикашро ёд накунад. Инҳо дилро зинда мекунад. Одаме, ки бихоҳад аз чунин лаззате баҳраманд шавад, ночор аз лаззатҳои моддӣ тахфиф медиҳад, то ба он лаззати амиқтари илоҳии маънавӣ бирасад.
Зуҳди ориф аз назари Бӯалӣ Сино
Бӯалӣ Сино мегӯяд, зуҳди ориф бо зуҳди ғайри ориф фарқ мекунад:
زُهْدُ الْعارِفِ رِیاضَةٌ ما لِهِمَمِهِ وَقُواهُ الْمُتَوَهِّمَةِ وَالْمُتَخَیلَةِ
Мазмунаш ин аст: риёзат ва зуҳди як ориф иборат аст аз варзиш додан ва омода кардани қувваҳои таваҳҳум ва тахайюл ва ҳиссии худаш, барои ин ки он мавқеъе, ки мехоҳад ойинаи руҳи худашро дар муқобили малакут бигирад, онҳо сақайл ва монеъ набошанд, то битавонад рӯ ба Худо биистад.
Ин ҳам як фалсафаи зуҳд аст.
Ҳоло зуҳд бо ин фалсафаҳо, ки зикр кардам, оё зуҳди зинда аст ё зуҳди мурда? Он касе, ки зоҳид аст барои ин ки мехоҳад эсор бикунад, он касе, ки зуҳд меварзад барои ин ки мехоҳад ҳамдардӣ карда бошад, он касе, ки зуҳд меварзад барои ин ки мебинад сатҳи зиндагии иҷтимоӣ пойин аст ё барои ин ки мехоҳад сабукбор ва сабукбол ва озодмард дар иҷтимоъ бошад, он касе, ки зуҳд меварзад барои ин ки мехоҳад руҳи инсониаш озод бошад ва битавонад бо Худои худаш муноҷот кунад, оё чунин зуҳде инсонро зиндатар мекунад ё мурдатар? Албатта зиндатар мекунад. Зуҳди Алӣ ибни Абӯтолиб алайҳис салом бар ҳамин асосҳо буд ва ба ҳамин далел зиндатарин ва ҷунбандатарин марди дунё буд. Алӣ алайҳис салом зоҳид буд ва ба ҳукми ин ки зоҳид буд, шуҷоъ буд, шуҷоати руҳӣ дошт. Алӣ алайҳис салом ба ҳукми он ки зоҳид буд, одил буд ва ба ҳукми ин ки зоҳид буд, ориф буд. Ӯ зоҳиде буд, ки дар айни ин ки зоҳид буд, раҳбари иҷтимоъи худаш буд.
Пас ин зоҳидҳое, ки мебинем мазҳари зуҳдашон фақат ин аст, ки бо касе ҳарф назананд, ба кори касе коре надошта бошанд, сукут кунанд, аз ин канор биёянд ва аз он канор бираванд, абояшонро сарашон бикашанд ва бо касе ҳарф назананд, зуҳди инҳо зуҳди мурда аст ва зуҳди ислом нест. Ислом аз чунин зуҳдҳо ва чунин зоҳидҳо безор аст.
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Қаламонлайн