Дарси озодӣ аз Қуръон

Фарҳанг

Дарси озодӣ аз Қуръон

Дарси озодии Вилл Дурон аз Қуръон

Вил Дурон (William Durant), файласуф ва таърихнигори номии омрикоӣ ва нависандаи китоби гаронмояи “Таърихи тамаддун” дар ҳамин китоб менависад:

“Дар Қуръон қонун ва ахлоқ якест. Рафтори динӣ дар Қуръон шомили рафтори дунявӣ ҳам мешавад ва ҳамаи умури он аз ҷониби Худованд ва ба тариқи ваҳй омадааст. Қуръон дар ҷонҳои содда ақоиде осон ва дур аз ибҳом падид меоварад, ки аз русум ва ташрифоти нораво ва аз қайди бутпарастӣ ва коҳинӣ озод аст”.

Қуръон усули назми ҷамъӣ ва ваҳдати иҷтимоиро дар байни мусалмонон устувор кардааст…

Қуръон шомили муқаррароте аст, ки дарбаргирандаи: адаб, тандурустӣ, издивоҷ, талоқ, рафтор бо фарзандон ва ҳайвонот ва бардагон, тиҷорат, сиёсат, рибо, дайн, уқуд, васоё, умури саноат, мол, ҷанг ва сулҳ ва ғайра аст.

Ин китоби осмонӣ ахлоқ ва фарҳанги мусалмононро ба баракати хеш тараққӣ бахшид ва усули назми иҷтимоӣ ва ваҳдати ҷамъиро дар миёни онҳо устувор кард.

Ба илова, ба пайравии муқаррароти беҳдошт тарғибашон кард. Ақлҳояшонро аз бисёре авҳомҳо ва хурофот ва аз зулму хушунат раҳоӣ дод. Мардуми забунро аз ҳурмат ва иззати нафс бархӯрдор кард. Ва дар ҷомеаи мусалмонон эътидол ва тақвое ба вуҷуд овард, ки дар ҳеч як аз манотиқи ҷаҳон, ки қаламрави инсони сафедпӯст буда, назир надоштааст.

Қуръон ба мардум таълим дод, ки бидуни шикоят ва малолат, бо мушкилоти зиндагӣ рӯ ба рӯ шаванд, маҳдудиятҳои онро таҳаммул кунанд. Дар айни ҳол, онҳоро ба тавсиъа ва пешрафте барангехт, ки аз аҷоиби таърих буд…”

(Таърихи тамаддун, Асри имон, саҳ.78, тарҷумаи форсӣ).

* * *

Ва ҳам ӯ дар ҳамин бахш аз ин китоб (бахши “Асри имон”) мегӯяд, дар ҳоле ки мо (урупоиҳо) ғарқи дар хурофа ва ҷаҳолат ва торикӣ ба сар мебурдем, мусалмонон бо фароҳам сохтани фазое комилан озод дар ҷавомеи худ, “дарси озодӣ ва озод буданро барои башарият меомӯхтанд”.

Озодие, ки дар садри ислом дар ҷомеаҳои исломӣ ҳукмфармо буда, таърих назири онро ҳатто то ба имрӯз надида. Маъмун, халифаи аббосӣ, маҷолиси илмӣ бо ширкати уламо ва донишмандони адёни мухталиф баргузор мекард ва боризтарин донишмандони адён аз ислом, масеҳият, яҳудӣ, зартуштӣ, собеӣ ва ҳатто занодиқа (атеистҳо) дар он ҳузур меёфтанд, ва дар як фазои комилан озод ҳар як дидгоҳ ва назароти худро иброз медоштанд.

kemya.org

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қуввати Афранг аз илму фан аст…
Муборак

Матолиби пурбоздид