Дархости опозисиюн аз Натонёҳу барои тавофуқ бо Ҳамос

Дархости опозисиюн аз Натонёҳу барои тавофуқ бо Ҳамос

Дархости Бени Гантс аз Натонёҳу барои таҳаммули “ҳазинаи дарднок”-и тавофуқ бо Ҳамос

Ахбори байналмилал

CNN

Раиси мухолифони кобинаи режими саҳюнистӣ аз нахуствазири ин режим хост, “ҳазинаи дарднок”-и тавофуқ бо ҷунбиши Ҳамосро барои бозгардондани асирон таҳаммул кунад.

Ба гузориши CNN, Бени Гантс, раиси мухолифони кобинаи Исроил имрӯз аз Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими Исроил хост, тавофуқ бо Ҳамос барои озодии асирон аз Ғаззаро, ҳатто дар сурате, ки бо “ҳазинаи дарднок” ҳамроҳ бошад бипазирад.

Бени Гантс дар ҷаласаи порлумони ҳизби “Иттиҳоди миллӣ” гуфт: “Замони бештар аз ҳамеша барои иҷрои як тарҳи сареъ ҷиҳати бозгардондани гаравгонҳо муҳайёст. Ман аз нахуствазир мехоҳам, ҳамон тавр, ки ба дурустӣ дастури ҳамла ба Эронро додед, кореро, ки барои бозгардондани писарон ва духтаронамон ба хона лозим аст анҷом диҳед, ҳатто агар анҷоми ин кор мусталзими таҳаммули ҳазинае дарднок бошад.”

Гантс тасреҳ кард, ки даргирӣ дар Ғазза мумкин аст “чандин сол” ба тӯл бианҷомад, аммо муҳим аст, ки асирон бозгардонда шаванд.

Дар маҷмӯъ 251 нафар дар рӯзи 7-октябри 2023 ба асорат гирифта шуданд. Кобинаи режими саҳюнистӣ рӯзи 1-сентябр эълом кард, 97 нафар аз ин асирон ҳанӯз дар Ғазза ҳастанд.

Аксари 154 асире, ки то кунун ба режими саҳюнистӣ бозгардонда шудаанд, натиҷаи тавофуқ байни Ҳамос ва ин режим дар соли гузашта буд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Густариши шабакаи ҷосусии Эрон дар Исроил
Ҳизбуллоҳ хитоб ба саҳюнистҳо: “Ҳар чи сареътар шаҳракҳоро холӣ кунед”

Матолиби пурбоздид