Дар миёни мардумон бинишин
Чанд латифаи пандомӯз аз Убайди Зоконӣ
Ту низ ба зер ой ва дар миёни мардумон биншин
Аъробиеро пеши халифа бурданд. Ӯро дид, бар тахт нишаста, дигарон дар зер истодаанд. Гуфт:
— Ассалому алайка ё Аллоҳ!
Гуфт:
— Ман Аллоҳ нестам.
Гуфт:
— Ё Ҷабраил!
Гуфт:
— Ман Ҷабраил нестам.
Гуфт:
— Аллоҳ нестӣ, Ҷабраил нестӣ, пас чаро ба он боло рафта, танҳо нишастаӣ?! Ту низ ба зер ой ва дар миёни мардумон биншин.
* * *
Ҳанӯз ёд дорам
Шамсуддин Музаффар рӯзе бо шогирдони худ мегуфт:
— Таҳсил дар кӯдакӣ мебояд кард, ҳар чӣ дар кӯдакӣ ба ёд гиред, ҳаргиз фаромӯш нашавад. Ман ин замон панҷоҳ сол бошад, ки сураи Фотеҳаро ёд гирифтаам ва бо вуҷуди ин ки ҳаргиз нахондаам, ҳанӯз ёд дорам.
* * *
Ӯ сухани ман ба ғараз мешунавад
Миёни раис ва хатиби деҳ душманӣ буд. Раис бимурд. Чун ба хокаш супурданд, хатибро гуфтанд:
— Талқини ӯ гӯй.
Гуфт:
— Аз баҳри ин кор дигареро бихоҳед, ки ӯ сухани ман ба ғараз мешунавад.
* * *
Ба деҳе дигар мерафтам
Дарвеше ба деҳе расид, ҷамъе кадхудоёнро дид онҷо нишаста, гуфт:
— Маро чизе бидиҳед, вагарна бо ин деҳ ҳамон кунам, ки бо он деҳи дигар кардам.
Эшон битарсиданд, гуфтанд, мабодо ки соҳире ё валие бошад, ки аз ӯ харобӣ ба деҳи мо расад! Он чӣ хост, бидоданд.
Баъд аз он пурсиданд, ки бо он деҳ чӣ кардӣ?
Гуфт: — Онҷо суоле кардам, чизе надоданд, ба ин ҷо омадам. Агар шумо низ чизе намедодед, ба деҳе дигар мерафтам.
Қаламонлайн