Дар паи ҷиноёти Исроил дар Рафаҳ; Ҳамос дар музокироти табодули асирон ширкат нахоҳад кард

Дар паи ҷиноёти Исроил дар Рафаҳ; Ҳамос дар музокироти табодули асирон ширкат нахоҳад кард

Ахбори байналмилал

Farsnews

Яке аз аъзои дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) мегӯяд, дар пайи ҷинояти режими саҳюнистӣ дар Рафаҳ, ҳайати музокиракунандаи Ҳамос дар музокироти табодули асирон бо ин режим, ширкат нахоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Босим Наим, узви дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) таъкид кард, ки ба хотири ҷинояти ахири режими саҳюнистӣ дар Рафаҳ, Ҳамос дар даври ҷадиди музокироти табодули асирон ширкат нахоҳад кард.

Наим гуфт: “Ҳамос ҳаргиз нахоҳад пазируфт, ки аз музокирот барои хариди замон барои давлати Натонёҳу истифода шавад, то битавонад тарҳҳои худро дар навори Ғазза иҷроӣ кунад.”

Рӯзномаи саудии Ашшарқ-ул-авсат ҳам ба нақл аз як манбаи вобаста ба Ҳамос гузориш дод, ки ин ҷунбиш ба воситаҳо эълом кардааст, ки ба хотири куштори ахир дар Рафаҳ, дар ин музокирот ширкат нахоҳад кард.

Телевизиони давлатии режими Исроил низ мегӯяд, ки сарони ин режим ҳамчунон мунтазири посухи Ҳамос ҳастанд, то мушаххас шавад, ки оё роҳе барои пешбурди ин музокирот вуҷуд дорад ё хайр.

Дар бомбборони чодарҳои оворагон дар наздикии анборҳои Ожонси UNRWA дар шимоли ғарби Рафаҳ, ки шаби гузашта тавассути ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ анҷом шуд, даҳҳо фаластинӣ шаҳид ва захмӣ шуданд.

Дар натиҷаи ин бомбборон, беш аз 40 фаластинӣ шаҳид шуда ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд. Ҷангандаҳои исроилӣ беш аз 8 мушак ба самти чодарҳои оворагони фаластинӣ шиллик карданд ва тимҳои Ҳилоли Аҳмари Фаластин шуҳадо ва маҷрӯҳонро ба бемористон интиқол доданд.

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иқболи Лоҳурӣ аз дидгоҳи Мутаҳҳарӣ
Ҳамалоти Яман ба киштиҳои Омрико ва Исроил дар уқёнуси Ҳинд

Матолиби пурбоздид