Дар чӣ даврае зиндагӣ мекунем?

Таҳлили хабарӣ
Назари коршинос
Дар чӣ даврае зиндагӣ мекунем?
Замони ҳозир махсусан асри 20-ум ва асри 21, ки хелеҳо гумон мекунанд, одамизод дар ин даврон масалан пешрафт карда ва ба гумонашон ин аср асри тараққӣ аст, аммо дар қиёс бо замонҳои пешин – аз давроне, ки таърих навишта шудааст ва каму беш ба он огоҳем – бовар кунед, даврони мо бадтарин ва зишттарини давронҳост. Дар ҳеч аср ва қарне одамизод бо ин гуна мусибатҳо ва бадбахтиҳо ва ҷангу даргириҳо, ки алъон шоҳидашем, рӯ ба рӯ набуда. Дар ҳеч асру қарне. Инро бо қотеият арз мекунам. Мо дар таърих давроне дорем, ки башарият ҳудуди 500 сол яъне панҷ қарни тамом, ҷангу даргирие ба он сурат надошта. Вил Дурон, донишманд ва муаррихи машҳур, дар он китоби машҳураш яъне “Таърихи тамаддун”, менависад, дар даврони Имперотурии Усмонӣ замонҳое будааст, ки шоҳиди ҳеч ҷанге набудем. Ӯ менависад, кулли 500 сол дар даврони Имперотурии Усмонӣ мо шоҳиди ҷангу даргирии ҷиддӣ байни қудратҳо набудем. Дар замони Сомониён, ки ҳудуди 100 сол тӯл кашида, шоҳиди ҷангу даргирӣ байни қудратҳо набудем, ба ҷуз даргириҳои ҷузъӣ, ки қобили таваҷҷӯҳ набуданд.
Аммо алъон чӣ?! Яъне қарни 20 ва 21. Одамизод ваҳшӣ шуда. Асосан, меъёр дар ин ки бидонем инсон инсон монда ва ё ваҳшӣ гардида ва суқут кардааст, рафторҳоест, ки аз одамизод сар мезанад. Дар қарни 20-ум, ки ҷангҳои зиёде дар он будааст, бадтарини он ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ аст, ки ҳудуди 50 милюн одам дар он кушта шудаанд. Сабаби он ҳам – ки бибинед, сабаби ин ҳама кушту кушторҳо ва ваҳшониятҳо чӣ буда – ғурури одамизод аст, манмании одамизод аст, “ман ориёиям” ва “фалонӣ” аз нажодӣ паст аст, ки бояд барои ман хидмат кунад ва ман “оқо” бошам ва ӯ “навкар”. Магар сабаби он ҳама қатлу кушторҳо, ки Ҳитлер муртакиб шуд, чӣ буд? Магар ғайр аз ҳамин ғурури беҷо?! Он яке дигараш яъне Истолин бошад ва пеш аз вай Ленини девона низ, ҳудуди 50 милюни дигарро кушт, бо шиори “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” Э мур бо ҳамин шиори бемаъният!
Ҳоло чӣ?! Яке аз бемаънитарин ва бемантиқтарин ва ҳатто бемаънитар аз коре, ки Ҳитлеру Истолин анҷом дода, ин коре аст, ки Путин бо таҷовуз ба Укройн анҷом медиҳад. То ба имрӯз ҳазорон одам кушта шуданд. Садҳо ҳазор одам овора шудаанд. Барои чӣ?! Бибинед ҳоло баҳонаро! Агар мани Путин ба Укройн ҳуҷум намекардам, Укройн узви НАТО мешуд. Э бимир бо ин баҳонаи пучат! Хуб, бишавад. Як кишвари мустақил аст, ҳар коре, ки мардумаш мехоҳад ҳамон мешавад, ба ту чӣ?!
Оё ангезае, ки Путинро барои ин ҷанг ва таҷовуз барангехта, бо кору баҳонаи амсоли Ҳитлер фарқе мекунад?! На. Ҳамон аст ва балки бемаънитар.
Воқеан одамизод дар ин қарн аз одамият ва инсоният ҷудо шуда. Воқеан одамизод дар ин даврон ба як мавҷуди ваҳшӣ ва бадтар аз гург табдил ёфта.
Ҳоло мо биболем ба ин даврон, ки башар пешрафт карда ва масалан ба Миррих расида!
Биболем, ки тараққӣ кардаем!
Биболем, ки замони мо замони беҳтарин аст!
Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пешниҳоди созандаи коршинос
ФОРСИЗАБОНОНИ БЕГОНА ВА ЯГОНА

Матолиби пурбоздид