Беаҳамиятӣ ва бетаваҷҷуҳии Исроил ба қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ

Таҳлили хабарӣ

Беаҳамиятӣ ва бетаваҷҷуҳии Исроил ба қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ

Ёддошти рӯз аз Сайидюнуси Истаравшанӣ

Таърихчае аз “кашиданҳо”-и Исроил мар қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро

Исроил, як бори дигар аз қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар мавриди рафтор бо мардуми Фаластин сарпечӣ кард. Ин аввалин бор нест, ки ин режим ба қатъномаҳои ин шӯро ё қавонин ва муқаррароти байналмилалӣ пушт мекунад.
Исроил, дар тӯли таърихи ташкили худ, борҳо ва борҳо қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро ба истилоҳи устод Додоҷон Атовуллоев “кашида”, ки агар бихоҳем ҳамаи мавориди онҳоро баршумурем, ниёз ба таълифи як китоби қатур аст, ҳоло қатрае аз он баҳри бекарон ба нақл аз шабакаи Алҷазира бароятон меоварам:
1) Соли 2016: қатъномаи Шӯрои амният хостори таваққуфи шаҳраксозиҳои исроилӣ шуда буд. Дар соли 2016 Натонёҳу аз ба расмият шинохтани қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал, ки хостори таваққуфи шаҳраксозии Исроил дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин буд, худдорӣ кард. Исроил ҳамчунин сафирони худ дар Нюзеланд ва Сенегалро ба далели ҳимоят аз ин раъй фаро хонд;
2) 2009: қатънома хостори оташбас дар Ғазза шуд. Исроил ин қатъномаро рад кард. Дар январи 2009 Шӯрои амният хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза шуд, ки Исроил онро рад кард. Пан Ги Мун, дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид, ба Эҳуд Олмерт, нахуствазири вақти Исроил гуфта буд: аз идомаи хушунатҳо пас аз тасвиби ин қатънома ба шиддат ноумед шудааст;
3) 2004: Исроил хонаҳои оворагон дар урдугоҳи Рафаҳро вайрон кард. Дар ин сол Исроил пас аз тасвиби қатъномае, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хостори таваққуфи он шуд, ба тахриби хонаҳо дар урдугоҳи оворагони Рафаҳ идома дод. UNRWA дар он замон эълом кард, ки Исроил 167 сохтмони дигарро дар ҳафт рӯз пас аз тасвиби ин қатънома тахриб кардааст;
4) 1967: қатъномаҳои мутаъаддид дар мавриди Байтулмуқаддас, ки Исроил ҳамаи онҳоро рад кард.
Асосан, Исроил беш аз даҳҳо қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милалро дар маҳкумияти ишғоли Байтулмуқаддаси шарқӣ нодида гирифтааст.
Охирин маврид аз сарпечии режими саҳюнистӣ аз қатъномаи аъзои Шӯрои амният ҳам марбут ба имрӯз (панҷшанбе, 16 ноябр) аст, ки ин режим қатъномаи пешниҳодии Малт барои оташбаси фаврӣ дар Ғаззаро рад кард. Сафири режими саҳюнистӣ дар Созмони Милал қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милалро, ки хостори “вақфаҳои башардӯстона” шуд “беиртибот бо воқеият” ва “бемаънӣ” эълом ва онро маҳкум кард.
Дар ин хусус, ҷаҳонро метавон ба ҷомеае ташбеҳ кард, ки қонун дар он, фақат барои шаҳрвандони фақир ва бечораи он аст, ки бояд ба он амал кунанд, вагарна ё зиндонӣ мешаванд ва ё “давлат” онҳоро аз ҳама чиз маҳрум хоҳад кард, сарватмандон ва қулдуронаш аммо ҳар коре бихоҳанд, мекунанд, онҳо фавқи қонунанд.
Дар воқеъ, қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳое мисли Афғонистон ва ё Ҷ И Эрон аст ва абарқудратҳо чаҳорчашмӣ нигоҳашон ба Толибон ва ё давлати Ҷ И Эрон, ки оё ҳуқуқи башаре масалан дар ин ду кишвар поймол мешавад ё на, ки агар шуд, он вақт қатъномае дар СММ қабул хоҳанд кард, ки ба мӯҷиби он, бар ин ду кишвар воҷиб аст тибқи он қатънома амал кунанд, вагарна ё таҳдид ба ҳамлаи низомӣ хоҳанд шуд ва ё ҳадди ақал барои онҳо таҳримҳои камаршикан ҷорӣ хоҳад шуд. Ба Ироқ дар даврони Саддом, ба мӯҷиби қатъномаи СММ ҳамла шуд, ба ин иттиҳом, ки ин кишвар силоҳи куштори ҷамъӣ (шимиёӣ) дорад.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муҳосараи бемористони Ашшифои Ғазза тавассути низомиёни саҳюнист
Эътирофоти ҷосуси исроилӣ 

Матолиби пурбоздид