Дар ҳошияи Иҷлоси Шангҳай дар Деҳлии Нав

Таҳлили хабарӣ

Дар ҳошияи Иҷлоси Шангҳай дар Деҳлии Нав

Таҳлил

Нишасти вузарои дифои кишварҳои узви Шангҳай дар ҳоле дар Ҳинд баргузор шуд, ки ихтилофоти марзӣ миёни муҳимтарин кишварҳои узв ҳамчунон идома дорад ва бар ҳамкорӣ  миёни аъзо соя афкандааст.

Раҷнатҳ Сингҳ вазири дифои Ҳинд хитоб ба ҳамтои чинии худ гуфт, сулҳ дар марзҳои муштарак лозимаи равобити беҳтар миёни ду кишвар аст.

Вай  дар дидор бо вазири дифои Чин таъкид кард, ки беҳбӯди муносиботи Деҳлии Нав ва Пекин бастагӣ ба бозгаши сулҳу оромиш ба марзҳои муштараки онон дорад, вазъияте, ки ба далели танишҳои низомии ду кишвар маътал шудааст.

Изҳороти вазири дифои Ҳинд хитоб ба вазири дифои Чин дар ҳолест, ки танишҳои марзӣ миёни ду кишвар, дар моҳҳои ахир шиддат ёфта ва бар равобити Пекин ва Деҳлии Нав соя афканда аст.

Ли Мёнг коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд:  Ба назар мерасад нуқоти заъфи Шанхай дар хусуси ихтилофоти аъзо дар ҳоли намоён шудан аст. Нигароние, ки пештар низ унвон шуда буд. Зеро бо узвияти Ҳинд ва Покистон, ки ихтилофи суннатӣ доранд ва ҳамчунин ихтилофоти Чин ва Ҳиндустон дар мавриди масоили марзӣ, қобили пешбинӣ буд, ки ин ихтилофот бар раванди таъомули аъзои Созмони Шанхай соя андозад: Равобити байни ду қудрати осиёии муҷаҳҳаз ба силоҳи ҳастаӣ, аз авосити соли 2022 замоне, ки нерӯҳои низомии Чин ва Ҳинд дар марзҳои мавриди муноқишаи Ҳимолиё даргир ва тайи он 24 нафар кушта шуданд, ба шиддат муташаниҷ шудааст.

Агарчӣ авзоъ дар марзҳои Чин ва Ҳинд ба тӯли се ҳазору 800 километр пас аз музокироти низомӣ ва диплумотики ахир ба ҳадди зиёде ором шуд, аммо руёрӯии парокандаи низомиёни ду кишвар дар навори марзӣ ҳамчунон идома дорад ва бар нигарониҳо дар бораи хатари даргирии  густарда миёни онҳо доман мезанад.

Бо таваҷҷӯҳ  ба ин ки масоили арзӣ ва марзӣ барои Ҳиндустон ва Чин ба масъалаи ҳайсиятӣ табдил шудааст, ҳеҷ як аз ду тараф ҳозир ба кӯтоҳ омадан дар мавозеъашон нестанд.

Роҷив Синг коршиноси масоили сиёсӣ дар ин  бора мегӯяд: Ҳиндустон ва Чин барои тавсиаи ҳамкорӣ ниёзманди ҳалли ихтилофоташон ба шакли асосӣ ҳастанд ва дар ин хусус таваҷҷӯҳ ба масоили арзӣ ва марзӣ бисёр муҳим аст.

Ин дар ҳолест ,ки  ду кишвар ба рағми ташкили кумитаҳо ва нишастҳои вижа, ҳанӯз натавонистаанд ба роҳи ҳали усулӣ дар ин бора бирасанд ва ихтилофоташон дар ҳоли соя андохтан бар Маҷмаи Шанхай ҳам аст.

Дар ҳар ҳол, изҳороти вазири дифои Ҳинд дар дидор бо вазири дифои Чин дар ҳошияи Иҷлоси вазирони дифоии Созмони Ҳамкории  Шанхай дар Деҳлии Нав мавзӯи муҳимест, ки нишон медиҳад ҳамкории ду кишвари муҳимми осиёӣ ва пурҷамъияттарин кишварҳои ҷаҳон, бо чолиш ва беэътимодии ҷиддӣ рӯ барӯст. Рушди равобити байни Деҳлии Нав ва Пекин бар асоси ҳикимияти сулҳ ва оромиш дар мавозеи худ, дар ҷиҳати ҳалли ихтилофот гомҳои асосӣ бардоранд. Дар ғайри ин сурат, идомаи ихтилофот, на танҳо метавонад бар сатҳи ҳамкориҳо дар Созмони Шанхай таъсиргузор бошад, балки метавонад сабаби баҳрабардории кишварҳои фароминтақаи зидди ҳар яке аз онҳо шавад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мулоқоти намояндаи Чин бо раиси ҷумҳури Сурия
Ислоҳи Қонуни асосии Узбекистон

Матолиби пурбоздид