Даҳ гуфтор – ХХII
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши бисту дуввум
Насли ҷавони имрӯз
Насли ҷавони мо имтиёзҳое дорад ва айбҳое. Зеро ин насл як навъ идрокот ва эҳсосоте дорад, ки дар гузашта набуд ва аз ин ҷиҳат бояд ба ӯ ҳақ дод. Дар айни ҳол як инҳирофоти фикрӣ ва ахлоқӣ дорад ва бояд онҳоро чора кард. Чора кардани ин инҳирофот бидуни дар назар гирифтани имтиёзҳо яъне идрокот ва эҳсосот ва ормонҳои олӣ, ки дорад ва бидуни эҳтиром гузоштан ба ин идрокот ва эҳсосот муяссар нест. Бояд ба ин ҷаҳот эҳтиром гузошт. Рӯдарбоистӣ надорад. Дар насли гузашта фикрҳо ин андоза боз набуд, ин эҳсосот бо ин ормонҳои олӣ набуд. Бояд ба ин ормонҳо эҳтиром гузошт. Ислом ба ин умур эҳтиром гузоштааст. Агар мо бихоҳем ба ин умур беэътино бошем, маҳол аст, ки битавонем ҷилави инҳирофҳои фикрӣ ва ахлоқии насли ояндаро бигирем. Равише, ки феълан мо дар муқобили ин насл пеш гирифтаем, ки равиши даҳонкаҷӣ ва интиқоди сирф ва мазаммат аст ва доиман фарёди мо баланд аст, ки синамо ин тавр, театр ин тавр, меҳмонхонаҳои байни Шамирон ва Теҳрон ин тавр, рақс чунин, истахр чунон ва доиман вой-вой мекунем дуруст нест. Бояд фикри асосӣ барои ин инҳирофҳо кард.
Дарди ин наслро бояд дарк кард
Фикри асосӣ ба ин аст, ки аввал мо дарди ин наслро бишносем, дарди ақлӣ ва фикрӣ, дарде, ки нишонаи бедорӣ аст, яъне он чизеро, ки эҳсос мекунад ва насли гузашта эҳсос намекард. Мавлавӣ мегӯяд:
Ҳасрату зорӣ гаҳи беморӣ аст,
Вақти беморӣ ҳама бедорӣ аст…
Ҳар кӣ ӯ бедортар, пурдардтар,
Ҳар кӣ ӯ огоҳтар, рухзардтар.
Дар гузашта дарҳо ба рӯйи мардум баста буд. Дарҳо, ки баста буд саҳл аст, панҷараҳо ҳам баста буд. Касе аз берун хабар надошт, дар шаҳри худ, ки буд, аз шаҳри дигар хабар надошт, дар мамлакати худ, ки буд, аз мамлакати дигар хабар надошт. Имрӯз ин дарҳо ва панҷараҳо боз шуда, дунёро мебинанд, ки рӯ ба пешрафт аст, илмҳои дунёро мебинанд, қудратҳои иқтисодии дунёро мебинанд, қудратҳои сиёсӣ ва низомии дунёро мебинанд, демукросиҳои дунёро мебинад, баробариҳоро мебинад, ҳаракатҳоро мебинад, қиёмҳо ва инқилобҳоро мебинад, ҷавон аст, эҳсосаш олӣ аст ва ҳақ ҳам дорад, мегӯяд, мо чаро бояд ақибмондатар бошем. Ба қавли шоир:
Сухан дуруст бигӯям, наметавонам дид,
Ки май хӯранд ҳарифону ман назора кунам.
(Ҳофиз)
Дунё ин тавр чаҳораспа ба тарафи истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва иззату шавкат ва ҳурмату озодӣ меравад ва мо ҳамин ҷур хоб бошем, ё аз дур тамошо кунем ва хамёза бикашем?! Насли қадим ин чизҳоро намефаҳмид ва дарк намекард. Насли ҷадид ҳақ дорад бигӯяд, чаро Японияи бутпараст ва Эрони мусалмон дар як сол ва як вақт ба фикр афтоданд, ки тамаддун ва санъати ҷадидро иқтибос кунанд ва Япония расид ба он ҷо, ки бо худи Ғарб рақобат мекунад ва Эрон дар ин ҳад аст, ки мебинем?!
Мову Лайлӣ ҳамсафар будем андар роҳи ишқ,
Ӯ ба матлабҳо расиду мо ҳанӯз овораем.
Оё насли ҷадид ҳақ дорад ин суолро бикунад ё на? Насли қадим сангинии бори тасаллутҳои хориҷиро рӯйи дӯши худ эҳсос намекард ва насли ҷадид эҳсос мекунад. Оё ин гуноҳ аст? Хайр, гуноҳ нест, балки худи ин эҳсос як паёми илоҳӣ аст. Агар ин эҳсос набуд, маълум мешуд мо маҳкум ба азоб ва бадбахтӣ ҳастем. Ҳоло, ки ин эҳсос пайдо шуда, нишона ин аст, ки Худованд Таборак ва Таъоло мехоҳад моро аз ин бадбахтӣ наҷот бидиҳад.
Дар қадим сатҳи фикри мардум пойин буд, камтар дар мардум шакку тардид ва суол пайдо мешуд, ҳоло бештар пайдо мешавад. Табиӣ аст вақте, ки фикр каме боло омад, суолоте барояш тарҳ мешавад, ки қаблан матраҳ набуд. Бояд шакку тардидашро рафъ кард ва ба суолот ва эҳтиёҷоти фикрияш посух гуфт. Намешавад ба ӯ гуфт, баргард ба ҳолати авом! Балки ин худ заминаи муносибе аст барои ошно шудани мардум бо ҳақоиқ ва маорифи исломӣ. Бо як ҷоҳили бесавод, ки намешавад ҳақиқатеро ба миён гузошт. Бинобар ин дар ҳидоят ва раҳбарии насли қадим, ки сатҳи фикраш пойинтар буд, мо эҳтиёҷ доштем ба як тарзи хосси баён ва таблиғ ва як ҷур китобҳо, аммо имрӯз он тарзи баён ва он тарзи китобҳо ба дард намехӯрад, бояд ва лозим аст реформ ва ислоҳи амиқе дар ин қисматҳо ба амал ояд, бояд бо мантиқи рӯз ва забони рӯз ва афкори рӯз ошно шуд ва аз ҳамон роҳ ба ҳидоят ва раҳбарии мардум пардохт.
Насли қадим ин қадр сатҳи фикраш пойин буд, ки агар як нафар дар як маҷлис зидду нақиз ҳарф мезад, касе мутаваҷҷеҳ намешуд ва эътироз намекард, аммо имрӯз як бачча, ки то ҳудуди килоси 10 ва 12 дарс хонда, ҳаминки биравад пойи минбари як воиз, панҷ-шашто ва гоҳе даҳто эрод ба назараш мерасад. Бояд мутаваҷҷеҳи афкори ӯ буд ва намешавад гуфт, хафа шав, фузулӣ накун.
Дар қадим ин тавр набуд, як нафар дар як маҷлис ҳазор шеър ё насри зидду нақиз мехонд ва касе намефаҳмид, ки инҳо бо ҳам зидду нақиз аст. Масалан, як нафар мегуфт, ҳеч коре бидуни сабаб намешавад:
أبی الله أن يجري الأمور إلا بأسبابها
(“Худованд ибо дорад, ки корҳоро ҷуз аз роҳи асбоб амалӣ созад.”), ҳама мегуфтанд, дуруст аст ва агар пушти сараш мегуфт:
إذا جاء القدر عمي البصر
(“Чун қадар ояд, дида кӯр шавад.”) ва ин ҷумларо тавре тақрир мекард, ки асбоб, зоҳирӣ аст ва ҳақиқат надорад, боз ҳам ҳама тасдиқ мекарданд ва мегуфтанд саҳеҳ аст.
Мегӯянд, Тоҷи Нишопурӣ дар вақте, ки омада буд ба ҳамин Теҳрон, чун хушовоз буд, хеле пойи минбараш ҷамъ мешуданд, иҷтимоъҳои азиме ташкил мешуд. Як рӯз садри аъзами вақт ба ӯ гуфт, ҳоло, ки ин қадр мардум пойи минбари ту ҷамъ мешаванд, ту чаро чаҳор калима ҳарфи ҳисобӣ барои мардум намегӯӣ ва вақти мардумро талаф мекунӣ? Тоҷ гуфт, ин мардум қобили ҳарфи ҳисобӣ нестанд. Ҳарфи ҳисобиро бояд ба мардуме гуфт, ки фикре дошта бошанд, инҳо фикр надоранд. Садри аъзам гуфт, хайр ин тавр нест. Тоҷ гуфт, ин тавр аст ва ман шарт мебандам ва як рӯз ба ту собит мекунам. Як рӯз, ки садри аъзам ҳузур дошт, Тоҷ равзаи вуруди аҳли байт ба Куфаро шурӯъ кард. Ашъоре мехонд бо оҳанги хуш ва сӯзнок ва мардум зиёд гиря мекарданд. Якмартиба гуфт: ором, ором, ором! Ҳамаро, ки ором кард ва сокит шуданд, гуфт, мехоҳам манзараи атфоли Абиабдуллоҳро дар Куфа хуб барои шумо баён кунам: вақте, ки аҳли байт вориди Куфа шуданд, ҳаво ба шиддат гарм буд, офтоби сӯзон мисли оташ бар сарашон меборид, атфол ташна буданд ва аз асари ташнагӣ дар он офтоби сӯзон месӯхтанд, онҳоро бар шутурҳои бараҳна савор карда буданд ва чун замин ях зада буд, шутурҳо рӯйи ях мелағзиданд ва баччаҳо аз болои шутур ба рӯйи замин меафтоданд ва мегуфтанд:
واعطشاه
Тоҷ ин ҷумлаҳоро пушти сар ҳам мегуфт ва мардум ҳам муҳкам ба сару сурати худ мезаданд ва гиря мекарданд. Баъд, ки пойин омад, гуфт: нагуфтам, ки ин мардум фикр надоранд? Ман дар они воҳид мегӯям сӯзи офтоб чунину чунон буд, боз мегӯям замин ях зада буд ва ин мардум фикр намекунанд, чӣ тавр мумкин аст, ки ҳам ҳаво ин тавр гарм бошад ва ҳам замин ях зада бошад? (Ин қиссаро аз марҳум Оятуллоҳ Садр (Ризвонуллоҳи алайҳ!) шунидам.)
Ба ҳар ҳол, мақсудам баёни асли куллӣ аст, ки насли ҷавон афкор ва идрокот ва эҳсосоте дорад ва инҳирофҳое. То ба дардаш яъне ба афкор ва идрокот ва эҳсосоташ расидагӣ нашавад, намешавад ҷилави инҳирофоташро гирифт.
Иллатҳои гароиш ба мактабҳои илҳодӣ
Иттифоқан дигарон аз роҳи шинохтани дарди ин насл онҳоро мунҳариф кардаанд ва аз онҳо истифода кардаанд. Мактабҳои материалистӣ, ки дар ҳамин кишвар ба вуҷуд омад ва ашхосе фидокор дуруст кард барои мақосиди илҳодӣ, аз чӣ роҳ кард? Аз ҳамин роҳ. Медонист, ки ин насл эҳтиёҷ дорад ба як мактаби фикрӣ, ки ба суолоташ посух бидиҳад. Як мактаби фикрӣ ба ӯ арза кард, медонист, ки ин насл як силсила ормонҳои иҷтимоии бузурге дорад ва дар садади таҳаққуқ додан ба онҳост, худро бо он ормонҳо ҳамоҳанг нишон дод. Дар натиҷа афроди зиёдеро даври худ ҷамъ кард бо чӣ фидокорӣ ва самимияте. Башар ҳамин қадр, ки ба чизе эҳтиёҷ пайдо кард, чандон дар фикри хубу бадаш нест. Меъда, ки ба ғизо эҳтиёҷ пайдо кард, ба кайфият аҳаммият намедиҳад, ҳар чи пайдо кунад, худро сер мекунад. Руҳ ҳам агар ба ҳадде расид, ки ташнаи як мактаби фикрӣ шуд, ки рӯйи усули муайян ва мушаххасе ба суолоташ посух диҳад ва ҳамаи масоили ҷаҳонӣ ва иҷтимоиро якнавохт барояш ҳал кунад ва ҷилаваш бигузорад, аҳаммият намедиҳад, ки мантиқан қавӣ аст ё нест. Башар он қадрҳо дунболи ҳарфи муҳкам ва мантиқӣ нест, дунболи як фикри муназзам ва омода аст, ки якнавохт дар муқобили ҳар суоле ҷавобе бигузорад. Мо, ки корамон фалсафа буд, медидем, ки он ҳарфҳо чӣ қадр сахиф аст, аммо чун он фалсафа дар як заминаи эҳтиёҷӣ арза шуда буд ва аз ин ҳайс як халаъ вуҷуд дошт, ҷойе барои худ боз кард.
Нишонаи рушди фикрӣ
Бачча пас аз даврони ширхорагӣ, филҷумла, ки қувваҳои мағзӣ ва шуъуриаш рушд мекунад, ҳолати суол пайдо мекунад, дар бораи чизҳое, ки давру бараш ҳастанд, суолоте мекунад, бояд ба суолоташ тибқи фаҳми худаш ҷавоб дод, набояд гуфт, фузулӣ накун, ба ту чӣ? Худи ин суол аломати саломати мағз ва фикр аст, маълум мешавад қувваҳои маънавиаш рушд карда ва қувват гирифтааст. Ин суолот эъломи табиат аст, эъломи хилқат аст, дастгоҳи хилқат эҳтиёҷи ҷадидеро эълом мекунад, ки бояд ба он расид.
Ҳамин тавр аст ҳолати ҷомеа. Агар дар ҷомеа як эҳсоси нав ва идроки нав пайдо шуд, аломати як навъ рушд аст. Ин ҳам эъломи хилқат аст, ки эҳтиёҷи ҷадидеро нишон медиҳад. Инҳоро бояд бо ҳавову ҳавас ва шаҳватпарастӣ фарқ гузошт. Набояд иштибоҳ кард ва инҳоро ҳавову ҳавас донист ва фавран оёти марбут ба ин мавзӯъро хонд, ки:
وَإِنْ تُطِعْ أَكْثَرَ مَنْ فِي الْأَرْضِ يُضِلُّوكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ
(Сураи Анъом, ояти 116) (“Ва агар аз аксарияти аҳли замин итоат кунӣ, туро аз роҳи Худо гумроҳ месозанд.”) ё:
وَلَوِ اتَّبَعَ الْحَقُّ أَهْوَاءَهُمْ لَفَسَدَتِ السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ
(Сураи Мӯъминун, ояти 71) (“Ва агар ҳақ аз ҳавоҳои нафсонии онон пайравӣ кунад, ҳар ойина осмонҳо ва замин фосид шаванд.”)
Қуръон ва маҳҷурияти он
Мо имрӯз аз ин насл гила дорем, ки чаро бо Қуръон ошно нест? Чаро дар мадрасаҳо Қуръон ёд намегиранд, ҳатто ба донишгоҳ ҳам, ки мераванд, аз хондани Қуръон оҷизанд? Албатта ҷойи таассуф аст, ки ин тавр аст. Аммо бояд аз худамон бипурсем, мо то кунун чӣ иқдоме дар ин роҳ кардаем? Оё бо ҳамин фиқҳ ва шаръиёт ва Қуръон, ки дар мадорис аст, таваққӯъ дорем насли ҷавон бо Қуръон ошноии комил дошта бошад?!
Аҷабо, ки худи насли қадим Қуръонро матрук ва маҳҷур карда, он вақт аз насли ҷадид гила дорад, ки чаро бо Қуръон ошно нест! Қуръон дар миёни худи мо маҳҷур аст ва таваққӯъ дорем насли ҷадид ба Қуръон бичаспад. Алъон собит мекунам, ки чӣ гуна Қуръон дар миёни худи мо маҳҷур аст.
Агар касе илмаш илми Қуръон бошад, яъне дар Қуръон зиёд тадаббур карда бошад, тафсири Қуръонро комилан бидонад, ин одам чӣ қадр дар миёни мо эҳтиром дорад? Ҳеч.
Аммо агар касе “Кифоя“-и Охунд Мулло Козими Хуросониро бидонад, як шахси мӯҳтарам ва бошахсияте шумурда мешавад. Пас Қуръон дар миёни худи мо маҳҷур аст ва дар натиҷа ҳамин эъроз аз Қуръон аст, ки ба ин бадбахтӣ ва никбат гирифтор шудаем. Мо машмули шикояти Расули Худо (с) ҳастем, ки ба Худо шикоят мекунад:
يَا رَبِّ إِنَّ قَوْمِي اتَّخَذُوا هَذَا الْقُرْآنَ مَهْجُورًا
(Сураи Фурқон, ояти 30) (“Парвардигоро! Қавми ман ин Қуръонро маҳҷур сохтанд.”)
Яке аз фузалои худамон дар ҳудуди як моҳ пеш мушриф шуда буд ба атабот, мегуфт, хидмати Оятуллоҳи Хуӣ (Салламаҳуллоҳи Таъоло!) расидам, ба эшон гуфтам, чаро шумо дарси тафсире, ки собиқан доштед, тарк кардед? (Эшон дар ҳафт-ҳашт сол пеш дарси тафсире дар Наҷаф доштанд ва қисмате аз он чоп шуда.) Эшон гуфтанд, мавонеъ ва мушкилоте ҳаст дар дарси тафсир. Гуфт, ман ба эшон гуфтам: Аллома Таботабоӣ дар Қум, ки ба ин кор идома доданд ва бештари вақти худашонро сарфи ин кор карданд, чӣ тавр шуд. Эшон гуфтанд: оқои Таботабоӣ ”тазҳия“ (худро қурбон кардан) кардаанд. Яъне оқои Таботабоӣ худашонро қурбонӣ карданд, аз назари шахсияти иҷтимоӣ соқит шуданд. Ва рост гуфтанд.
Аҷиб аст, ки дар ҳассостарин нуқоти динии мо агар касе умри худро сарфи Қуръон бикунад, ба ҳазор сахтӣ ва мушкил дучор шавад, аз нон, аз зиндагӣ, аз шахсият, аз эҳтиром, аз ҳама чиз меафтад ва аммо агар умри худро сарфи китобҳое аз қабили “Кифоя” бикунад, соҳиби ҳама чиз мешавад. Дар натиҷа ҳазорҳо нафар пайдо мешаванд, ки “Кифоя”-ро чаҳорло баладанд, яъне худашро баладанд, дари “Кифоя”-ро ҳам баладанд, рад-ради ӯро ҳам баладанд, аммо ду нафар пайдо намешавад, ки Қуръонро ба дурустӣ бидонад! Аз ҳар касе дар бораи як ояти Қуръон суол шавад, мегӯяд бояд ба тафосир муроҷеа шавад.
Аҷабтар ин ки ин насл, ки ба Қуръон ин тавр амал карда, аз насли ҷадид таваққӯъ дорад, ки Қуръонро бихонад ва Қуръонро бифаҳмад ва ба он амал кунад! Агар насли куҳан аз Қуръон мунҳариф нашуда буд, қатъан насли ҷадид мунҳариф намешуд.
Билохира мо коре кардаем, ки машмули нафарини Пайғамбар (с) ва Қуръон шудаем.
Расули Худо (с) дар бораи Қуръон фармуд:
إنه شافع مشفع وماحل مصدق
(Кофӣ, ҷ.2 с.599) Яъне Қуръон дар назди Худо ва дар пешгоҳи ҳақиқат висотат мекунад ва пазируфта мешавад ва нисбат ба баъзе, ки ба ӯ ҷафо кардаанд, сиъоят мекунад ва мавриди қабул воқеъ мешавад.
Ҳам насли қадим ва ҳам насли ҷадид ба Қуръон ҷафо карданд ва мекунанд. Аввал насли қадим ҷафо кард, ки ҳоло насли ҷадид ҷафо мекунад.
Дар раҳбарии насли ҷавон, беш аз ҳар чиз ду кор бояд анҷом шавад: яке бояд дарди ин наслро шинохт ва он гоҳ дар фикри дармон ва чора шуд. Бидуни шинохтани дарди ин насл ҳар гуна иқдоме бемаврид аст. Дигар ин ки насли куҳан бояд аввал худро ислоҳ кунад. Насли куҳан аз бузургтарин гуноҳи худ бояд тавба кунад ва он маҳҷур қарор додани Қуръон аст. Ҳама бояд ба Қуръон бозгардем ва Қуръонро пешопеши худ қарор диҳем ва дар зери сояи Қуръон ба сӯйи саодат ва камол ҳаракат кунем.
Идома дорад…
Қаламонлайн