Даҳ гуфтор – XIII

Даҳ гуфтор – XIII

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши сенздаҳум

Эҳёи фикри динӣ

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ

(Сураи Анфол, ояти 24) Мавзӯи сухан “эҳёи фикри динӣ” аст. Мумкин аст дар зеҳнҳо биёяд, ки ин маънӣ надорад, магар мо вазифа дорем ва ё ҳақ дорем, ки бихоҳем динро эҳё кунем?! Кор ба акс аст, дин бояд моро эҳё кунад, мо наметавонем динро эҳё кунем.

Болотар ин ки шояд баъзе ин тавр ишкол бикунанд, ки ин унвон бо худи ояте, ки дар унвони матлаб хонда шуд, таноқуз дорад. Оят мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ

Яъне даъвати Худо ва пайғамбарро бипазиред; пайғамбаре, ки шуморо даъват мекунад ба чизе яъне ба дин, ки он дин шуморо зинда мекунад. Дин ба шумо зиндагӣ медиҳад. Пас он чизе, ки зиндагӣ медиҳад дин аст ва он чизе, ки зиндагӣ мепазирад, афроди башаранд, ки мо ҳастем. Пас эҳёи фикри динӣ яъне чӣ? Аввалан арз мекунам унвони баҳси мо “эҳёи фикри динӣ” аст, на “эҳёи дин”. Фарз кунед гуфтем: эҳёи дин. Ҳеч мунофот нест, ки ҳам дин муҳйӣ ва зиндакунандаи мо бошад ва ҳам мо вазифа дошта бошем, ки муҳйӣ ва зиндакунандаи дин бошем. Ин, ба истилоҳ, давр нест.

Дар ҷаласаи аввал ё дуввум, ки роҷеъ ба тақво сӯҳбат мекардам, арз кардам, тақво барои инсон масуният аст, тақво ба инсон сиёнат медиҳад, соин ва ҳофизи инсон аст. Дар айни ҳол инсон муваззаф аст, ки соин ва ҳофизи тақво бошад ва ин давр нест, зеро аз ду ҷанба аст. Мо бояд аз як назар ҳофизи тақво бошем, тақво аз назари дигар ва ҷанбаи дигар ҳофизи мост.

Дар ин ҷо ҳам ҳамин тавр аст: мо бояд муҳйии дин бошем ва дин ҳам муҳйии мост, яъне мо бояд зинда нигаҳ дорем мояи зиндагии худамонро, мисли ин ки об дар ҳаёти ҷисмонии мо мояи зиндагӣ аст, василаи зиндагии мост, вале мо бояд ҳамин обро солим ва пок ва зинда ва орӣ аз ҳар навъ уфунат ва олудагӣ нигаҳ дорем. Мо нисбат ба об як вазифа дорем, об ҳам дар табъи худаш хоссияте дорад, ки Худои Таборак ва Таъоло барои ӯ қарор додааст.

Ба илова, дар таъбироти худи дин ҳар дуто омадааст. Ҳам зикр шудааст, ки дин, муҳйии шумост мисли ҳамин ояте, ки хондам ва ҳам дастурҳое расидааст тасреҳан ё ишора, ки шумо ҳам бояд муҳйии дин бошед, бояд динро зинда нигаҳ доред, бояд ин вазифаро барои ҳамеша ба ӯҳда дошта бошед ва мутаваҷҷеҳ бошед, ки бояд динро зинда нигаҳ дошт ва нагузошт, ки дин бимирад.

Алӣ (а) дӯстон ва руфақои холис ва мухлиси худашро дар он хутбаи маъруф, ки зоҳиран охирин хутбаи эшон аст, бо ин васф ёд мекунад, ки онҳо динро зинда нигаҳ медоштанд. Навфи Биколӣ гуфт: Алӣ (а) рӯйи санге, ки он сангро Ҷаъда ибни Ҳубайра гузошта буд, рафт ва истод –

وعليه‏ مدرعة من صوف

— дар ҳоле, ки ҷомаи пашмин ба танаш буд, ҳамоили шамшераш аз лифи хурмо буд, кафшҳояш ҳам ҳамин тавр. Бо ҳамин ҳолат рафт рӯйи он санг қарор гирифт ва аз он ба ҷойи курсии хитоба ва минбар истифода кард, он хитобаи ғаррои аҷиб, ки ашкҳоро ҷорӣ кард иншо фармуд, охираш ба ёди дӯстони гузаштааш афтод, фармуд:

أين إخواني الذين ركبوا الطريق ومضوا علی الحق

“Он дӯстон ва роҳравони тариқ куҷо рафтанд? Онҳо, ки бар ҷоддаи ҳақ қадам заданд ва бар ҳақ аз дунё рафтанд.“

أين عمّار؟ أين ابن‏ التيهان؟ أين ذوالشهادتين

Аммори Ёсир куҷост? Абулҳайсам ибни Тиҳон куҷост? Хузайма ибни Собити Зушшаҳодатайн куҷост?

Баъд бо як ҳолати таъассур ва шояд гиря фармуд:

أوه علی إخواني الذين قرؤوا القرآن‏ فاحكموه

“Ҳасрат бар он дӯстон, бар он бародаронам, ки Қуръонро ба ҳақ тиловат карданд ва муҳкам карданд.“

وتدبّروا الفرض فأقاموه

“Фароизи динро дуруст фикр карданд, диққат карданд ба ҳақиқати он расиданд, онро иқома карданд.“

أحيوا السنة وأماتوا البدعة

(“Наҳҷулбалоға”, хутбаи 180) Онҳо, ки суннати Пайғамбарро зинда карданд ва бидъатро миронданд.

Алӣ (а), Аммор ва Ибни Тиҳон ва Зушшаҳодатайн ва амсоли инҳоро мӯҳйии суннати Пайғамбар мехонад. Суннат яъне дин. Дин, Қуръон ва суннат аст. Инҳо маъхази дин ҳастанд.

Дар “Наҳҷулбалоға” роҷеъ ба вуҷуди муқаддаси Ҳуҷҷат ибни Ҳасан (Аҷҷаллоҳу Таъоло фараҷаҳ!) таъбироте ҳаст, ки як ҷумлааш, ки алъон ёдам ҳаст ин аст:

ويحيي ميت الكتاب والسنة

(“Наҳҷул-балоға”, хутбаи 136) Зинда мекунад Қуръон ва суннати мурдаро. Қуръоне, ки дар миёни мардум мемирад ва суннате, ки мемирад, зинда мекунад. Ин, таъбири Алӣ (а) аст, на таъбири ман: ӯ меояд зинда мекунад. Вуҷуди муқаддаси соминулаъимма ба яке аз шиъаён мефармояд:

أحيوا أمرنا

Амри вилояти моро зинда кунед. Ӯ арз мекунад: чӣ гуна мо метавонем эҳё кунем? Дастур медиҳад, ки ҳақоиқи суханони моро, маҳосини каломи моро, сирати моро, ҳақоиқи моро барои мардум бигӯед ва ташреҳ бикунед. Ин зинда кардани кори мост.

Пас ин, давр нест. Ишкол надорад, ки мо муҳйии дин бошем ва вазифа дошта бошем муҳйии дин бошем, дар айни ин ки дин, мояи ҳаёти мост ва бузургтарин мояи ҳаёти мост. Ин аввалан.

Ва сониян, дар унвони ин суханронӣ нагуфтем эҳёи дин, ки агар ҳам гуфта будем, ҳамон тавре, ки арз кардам, ишкол надошт. Вале на, мо ин миқдор ҷасур нестем, гуфтем: “эҳёи фикри динӣ“ яъне зинда кардани тарзи тафаккури худи мо.

Дин зинда аст ва ҳаргиз намемирад, яъне он ҳақиқати дин қобили мурдан нест. Чизе дар иҷтимоъ қобили мурдан ва ё мансух шудан аст, ки як асли беҳтаре биёяд ҷойи ӯро бигирад. Масалан, ҳайати Батламюс як асли илмӣ буд. Муддате дар дунё зинда буд, баъд ҳақоиқи дигаре ва усули дигаре дар ҳайат ва осмоншиносӣ пайдо шуд, ҳайати Батламюсро аз байн бурд. Ҳамчунин назарияи Эмпедокл дар табойеъи арбаъа ва аносири арбаъа мурд.

Ҳақоиқи дин ва усули куллӣ, ки дин зикр кардааст, ҳаргиз мурданӣ нест. Он чизе, ки мегӯем мемирад — агар дар забони худи дин ворид шудааст, ки Қуръон ё суннат мемирад — маънояш ин аст, ки дар миёни мардум мемирад, фикри мардум дар бораи дин фикри мурдае аст. Мақсуди мо ин аст, вагарна дин худаш дар зоти худаш на мемирад ва на мурданӣ аст.

Ислом як ҳисоб дорад ва мусалмонон ҳисоби дигаре доранд. Ислом зинда аст ва мусалмонони феълӣ мурда. Яке аз масоиле, ки имрӯз уламои иҷтимоъи дунё рӯяш ҳисоб мекунанд, зинда будани ислом аст дар амал, яъне алъон дар тамоми қорраҳои дунё: Осиё, Офриқо, Омрико, Урупо, ҳатто Устролиё, ислом дар ҳоли пешравӣ аст. Шояд ин матлабро дар бисёре аз рӯзномаҳо, ки ахиран мақолотеро аз хориҷ тарҷума мекунанд хонда бошед. Ман тозагӣ хондаам, намехоҳам исм бибарам, ки дар кадом рӯзнома ва дар кадом маҷалла буда.

Ин матлаб мавриди баҳс аст, ки чӣ тавр ислом дар Омрико хусусан миёни табақаи мустазъаф яъне ҳамон табақае, ки ислом дар миёни назоири онҳо зуҳур кард, худ ба худ ҷилав меояд, наметавонанд ҷилавашро бигиранд, дар Урупо каму беш иттилоъ доред ҳамин тавр, ҳатто дар миёни табақаи донишмандон ва профессорҳо ва докторҳо дар ҳоли пешравӣ аст. Дар қорраи сиёҳ яъне Офриқо, ки аҷиб аст, мубаллиғони масеҳӣ меоянд бо будҷаи ҳангуфт, бо ташкилот, бо нақша ва муваффақият пайдо намекунанд ва ислом худ ба худ аз фарде ба фарде ва аз он фард ба фарди дигар ва ҳамин тавр дар ҳоли сараён аст, дар ҳоли тавсиъа аст.

Он ҷо, ки мо мегӯем, фикри динӣ мурда аст, дар кишварҳое аст, ки қарнҳост мусалмон ҳастанд. Дар ин кишварҳо омилҳое пайдо шудааст, ки ин фикрро дар мағзи онҳо мирондааст, яъне дар як ҳолати нимазинда ва нимамурдае даровардааст аз қабили миллатҳои амсоли мо. Он ҷо, ки эҳтиёҷ дорад рӯйи унвони “эҳёи фикри динӣ“ баҳс бишавад, фикр бишавад, қорраи сиёҳ нест: он ҷо бояд гуфт: “эҷоди фикри динӣ”. Дар Урупо нест. Он ҷо ҳам ҳамин тавр. Дар шарқи ақсо ва Япония нест. Он ҷо ҳам бояд рафт ва аз нави эҷод кард. Иттифоқан, дар ҳама ҷо замина ҳаст.

Онҳо, ки эҳтиёҷ доранд ба “эҳёи фикри динӣ”, мо ҳастем. Яъне мо дин дорем, фикри динӣ дар мо ҳаст, вале дар як ҳолати нимабедор ва нимахоб, дар як ҳолати нимамурда ва нимазинда, дар як ҳолати бисёр-бисёр хатарнок. Ин аст, ки бояд рӯйи ин матлаб баҳс кард.

 

Фарзияи “ҳар сад сол як муҷаддиди дин“

Дар ин ҷо мехоҳам таърихчае роҷеъ ба ин фикр, ки дин эҳтиёҷ дорад ба таҷдид ва ба эҳё зикр кунам, вале таърихчае таассуфовар аст.

Ёдам ҳаст аз собиқ, ки мукаррар мазмуни ин ҳадиси мансуб ба Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам!)-ро дида будам, ки дар ҳар сад сол як бор як нафар пайдо мешавад, ки динро таҷдид ва эҳё мекунад. Иборати ҳадис ин аст:

إن الله يبعث لهذه الأمة علی رأس كل مائة سنة من يجدّد لها دينها

Худованд бар сари ҳар як сада, бар сари ҳар сад сол, як нафарро мефиристад, ки вай дини ин умматро таҷдид кунад. Мазмуни ин ҳадисро мукаррар дар китобҳо дидаам ҳатто дар китобҳое, ки баъзе аз уламои худамон навиштаанд. Ҳисоб кардаанд, ки масалан баъд аз садаи аввал яъне қарни дуввум кӣ муҷаддиди дин шуд, аввали қарни севвум кӣ муҷаддиди дин шуд, ҳамин тавр ҳисоб кардаанд то замони мо. Хостам бибинам ин ҳадис аслаш аз куҷост? Асосе дорад?

Қабл аз ин ки таҳқиқ бикунам, бовар намекардам, ки Расули Акрам (с) як ҳамчу ҷумлаеро фармуда бошад, вале боз ҳам таҳқиқ кардам. Дар таҳқиқ маълум шуд: аммо дар туруқи шиъа, ки асосан ин ҳадис наомадааст. Дар айни ҳол баъзе уламои шиъа рӯйи ин ҳадис баҳс кардаанд ва ҳисоб ҳам кардаанд. Он ҷойе, ки ёдам буд, ки дар бисту чанд сол пеш яъне солҳои аввали таҳсилам дар Қум, дида будам ”Мунтахабут-таворих”-и марҳум Ҳоҷӣ Мулло Ҳошими Хуросонӣ буд. Он ҷо рафтам гаштам ва пайдо кардам, дидам эшон аз ”Мустадрак“-и Ҳоҷӣ Нурӣ нақл мекунад, Ҳоҷӣ ҳам аз яке аз китобҳои аҳли тасаннун нақл мекунад. Ин беҳтарин далел аст, ки дар ҳеч як аз китобҳои шиъа чунин ҳадисе нест. Агар мебуд, Ҳоҷӣ Нурӣ, муҳаддиси мутатаббеъ, аз он ҷо нақл мекард. Баъд бо кӯмаки яке аз дӯстон билохира дар Сунани Абӯдовуд пайдо кардем. Сунани Абӯдовуд яке аз сиҳоҳи ситтаи аҳли суннат аст. Дар он ҷо ин ҳадис пайдо шуд. Маълум шуд дар баъзе китобҳои дигари ҳадиси аҳли тасаннун ҳам ҳаст мисли ”Мустадрак”-и Ҳоким. Шояд ӯ ҳам аз Сунани Абӯдовуд нақл кардааст. Ин ҳадис ба айни ин иборат буд:

إن الله يبعث لهذه الأمة علی رأس كل مائة سنة من يجدد لها دينها

Аз назари санади ин ҳадис, он касе, ки аз Расули Акрам (с) ин ҳадисро нақл кардааст Абӯҳурайра аст, ҳамон ваззоъ ва каззоби маъруф. Дар соири афроде, ки аз Абӯҳурайра нақл кардаанд, муваффақ нашудам таҳқиқе бикунам, ки онҳо чӣ ҷур ашхосе ҳастанд. Бинобар ин ҳадисе аст, ки ровӣ ва ноқили он Абӯҳурайра аст. Ин вазъи санади ин ҳадис.

Оё ин ҳадис қатъи назар аз санадаш, аз лиҳози матн ва мазмун, татбиқ мекунад бо таърих ё на? Яъне агар ростӣ мо дар таърихи ислом бигардем, воқеан ҳамин ҷур аст? Дар сари ҳар сад сол як эҳёи фикри динӣ сурат гирифтааст? Ё ба таъбири он ҳадис, як таҷдиде дар дин шудааст? Мебинем, бо таърих ҳам ҷур дарнамеояд. Вале аз он тараф, баъзе аз уламои аҳли тасаннун нишастаанд ва ҳисоб кардаанд, яъне ҳисоб тарошидаанд, ки дар аввали қарни дуввум фалон кас, дар аввали қарни севвум фалон кас, дар аввали қарни чаҳорум фалон кас динро таҷдид ва эҳё кардааст. Аҷибтар ин аст, ки баъзе уламои шиъа ҳам — ба ҷойи ин ки бигӯянд ин ҳадис аз Абӯҳурайра ва беэътибор аст ва бо таърих ҳам татбиқ намекунад, пас бояд дур биандозем ва агар аз Пайғамбари Акрам (с) буд, дар ахбори аҳли байт ҳам асаре аз он пайдо мешуд — онро мусаллам пиндошта ва ба ҳисобтарошӣ пардохтаанд. Ман намедонам чӣ қадр мазмуни ин ҳадис бо руҳияҳо мувофиқ буда ва хушоянд омадааст, ки дар айни заъфи санад ва заъфи мазмун, баъзе аз уламои шиъа нишастаанд ва ҳисоб кардаанд, яъне ҳисоб тарошидаанд ва гуфтаанд, мисдоқи ин ҳадис дар аввали қарни дуввум ҳазрати Боқир (а) аст, дар аввали қарни севвум ҳазрати Ризо (а), дар аввали қарни чаҳорум Кулайнӣ, дар аввали қарни панҷум Сайид Муртазо ё Шайх Муфид, дар аввали қарни шашум Шайх Табарсӣ, соҳиби Маҷмаъул-баён, дар аввали қарни ҳафтум Хоҷа Насируддини Тӯcӣ, дар аввали қарни ҳаштум Аллома Ҳиллӣ, дар аввали қарни нӯҳум Шаҳиди Аввал, дар аввали қарни даҳум Муҳаққиқи Каракӣ, дар аввали қарни ёздаҳум Шайх Баҳоӣ, дар аввали қарни дувоздаҳум Маҷлисӣ, дар аввали қарни сездаҳум Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, дар аввали қарни чаҳордаҳум Мирзои Шерозӣ. Аввалан инҳо бисёрешон бо аввали қарнҳо дуруст вифқ намедиҳад. Хоҷа Тӯcиро наметавон муҷаддиди аввали қарни ҳафтум шумурд, зеро таваллуди Хоҷа дар авоили қарни ҳафтум аст ва зуҳуру нубуғаш дар нимаи қарни ҳафтум, вафоташ дар нимаи дуввуми он қарн (соли 672). Ва сониян, чаро ҳазрати Содиқ (а) ҷузъи муҷаддидин шумурда нашавад? Оё фурсате, ки насиби эшон шуд, камтар буд аз фурсате, ки масалан насиби Имом Боқир (а) шуд? Ва оё иллати ин ки он ҳазрат аз қалам афтод, ҷуз ин аст, ки бо он ҳисоби сохтагӣ ҷур дарнамеояд? Дар миёни имомони атҳор алайҳимус-салом ду нафарашон беш аз дигарон бояд ”муҷаддид“ шумурда шаванд: Имом Ҳусайн ва Имом Содиқ алайҳимас-салом. Ҳар кадом аз ин ду бузургвор аз ҷанбаи хоссе тавфиқи таҷдид ва эҳё пайдо карданд. Вале чун бо он ҳисоби сохтагӣ ҷур намеомада, аз қалам афтодаанд.

Ҳамчунин бисёре аз уламоро ҷузъи муҷаддадин ҳисоб кардаанд ва бисёре аз уламои дигарро ҳисоб накардаанд ва ҳол он ки он ҳисобнакардаҳо, ки гуноҳашон ин будааст, ки дар васати қарн будаанд, аҳёнан бештар хидмат кардаанд. Масалан Шайх Тӯcӣ ин ҷо аз қалам афтодааст, дар сурате, ки шояд дар миёни уламои ислом ба андозаи Шайх Тӯcӣ касе хидмат накардааст ва шояд яке ду нафар ба эшон бирасанд. Шайх Муртазо Ансорӣ низ аз қалам афтодааст.

Аҷибтар ин ки баъзе монанди ҳамон соҳиби ”Мунтахабут-таворих“, як силсилаи дигар аз хулафо ва салотинро ба унвони таҷдидкунандагони дин ҳисоб кардаанд. Ин дигар хеле музҳик аст; мегӯяд: дар авоили қарни дуввум Умар ибни Абдулазиз динро таҷдид кард ва дар аввали қарни севвум Маъмун, дар аввали қарни чаҳорум Алмуқтадир, дар аввали қарни панҷум Азудуддавлаи Дайламӣ, дар аввали қарни шашум Султон Санҷари Салҷуқӣ, дар аввали қарни ҳафтум Ҳалокухони муғул, дар аввали қарни ҳаштум Шоҳ Худобанда, ки он ҳам аз муғул аст, дар аввали қарни нӯҳум Амир Темури Гурконӣ, дар аввали қарни даҳуми Шоҳ Исмоили Сафавӣ, дар аввали қарни ёздаҳум Шоҳ Аббоси Сафавӣ, дар аввали қарни дувоздаҳум Нодиршоҳи Афшор, дар аввали қарни сездаҳум ҳам Фатҳалишоҳ.

Инҳо муҷаддидин ва муҳйиҳои аввали қарнҳое ҳастанд, ки дар ислом пайдо шудааст. Ин дигар чизе аст, ки бояд гуфт:

لا يرضی به شيعي ولا سني

На бо ақоиди шиъа ҷур дармеояд ва на бо суннӣ, на бо таърих, на бо ҳеч чизе. Ҷойи шукраш боқӣ аст, ки Чигизхони муғулро аз муҷаддидини ислом ба ҳисоб наёвардаанд. Мисли ин ки агар касе ба номи дин риёсат пайдо кард ва заъомат пайдо кард ва қудрати пайдо кард ва пуле пайдо кард, пас дин эҳё шуд! На оқо! Эҳёи дин ва қудрати дин тобеъи ин аст, ки мардум чӣ андоза ба он дин амал бинамоянд? Чӣ андоза ба муқтазои он дин рафтор бикунанд? Ин зинда будани дин аст.

Бояд гуфт, худи ин фикр яке аз он сумуме аст, ки дар афкори мусалмонон ворид шудааст.

Идома дорад…

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Саргузашти босмачиҳо – 3
Поп: “Бархе дар Урупо сагу гурбаро ба фарзандоварӣ тарҷеҳ медиҳанд”

Матолиби пурбоздид