Даҳ гуфтор – XYII
Даҳ гуфтор
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши ҳабдаҳум
Гуноҳкор кист?
Ин ҷо фавран як идда хоҳанд гуфт: эй оқо! Шумо мегӯед духтарҳои мардум ба ҳамин мадрасаҳо бираванд ва дар ихтиёри ҳамин фарҳанг қарор бигиранд?
Ба инҳо бояд гуфт: агар дар мадорис ва фарҳанг ҳам айб ҳаст, боз тақсири мардум аст, ки ба ислоҳ ҳиммат накарданд. Ислом, ки илмро фариза карда ва муқаддамоти ислоҳи корро ҳам лозим шумурда, на ин ки мо дар хона биншинем ва ҳар вақт фарҳанге дуруст шуд ва он фарҳанг, мадориси сад дар сад солеҳе барои писарону духтарони мо ба вуҷуд овард, он вақт мо баччаҳои худро бифиристем. Ва агар фарҳанг дар ин кор кӯтоҳӣ кард, он вақт мо ҳанҷараҳои худро пур кунем ва забони интиқод боз кунем ва бигӯем, фарҳанг чунин аст, фарҳанг чунон аст. Мо вазифа дорем мадориси хуб ва фарҳанги хуб эҷод кунем. Асосан касе, ки дар ҳамаи умр кӯчактарин қадаме барои фарҳанг барнадошта ва дар таъсиси ҳеч муассисаи фарҳангӣ ширкат надошта ва кӯчактарин қадаме барои анҷоми ин фаризаи динӣ ба номи фаризаи илм барнадошта, ҳақ надорад биншинад ва интиқод кунад. Айбҳои фарҳанг аз он ҷо пайдо шуда, ки ҳамин интиқодкунандагони мӯҳтарам фаризаи мазҳабии худро дар мавриди он анҷом надодаанд.
Албатта як матлаб ҳаст, ки ҳатман бояд тазаккур дода шавад. Он ин ки вақте, ки бино шавад риштаҳои тахассусии илмӣ тақсим шавад, албатта занон бояд раштаҳоеро бихонанд, ки бо завқ ва истеъдоди худи онҳо ва эҳтиёҷоти ҷомеа вифқ медиҳад. Оё метавон гуфт, ҷомеа ба пизишки зан ва ҷарроҳи зан ва қобилаи зан эҳтиёҷ надорад?! Барои кадом хонавода аст, ки ҳатто дар бемориҳои махсуси занонагӣ эҳтиёҷ пайдо нашуда бошад.
Чизи аҷибе аст, ки як идда ашхос он ҷо, ки пойи таълимоти занон ба миён меояд, сахт мухолифат мекунанд ва аммо ҳаминки пойи эҳтиёҷ ба миён меояд, занон ва духтарони худро барои муолиҷа дар ихтиёри мардон ва ҳатто дар ихтиёри мардуми кофир қарор медиҳанд.
Ҷиҳоди муқаддас
Ҳоло вақти он аст, ки аз баёноти гузаштаи худам истинтоҷ кунам. Натиҷаи ҳамаи ин ҳарфҳо ин аст, ки авҷаби воҷибот дар асри ҳозир ширкат дар таълимоти умумӣ аст. Ин воҷиб танҳо вазифаи фарҳанг ва фарҳангиён нест, вазифаи ҳар касе аст, ки мусалмон аст ва иддаъои мусалмонӣ дорад, хоҳ аз давлат бошад, хоҳ аз миллат, бояд ба сурати як ҷиҳоди муқаддас дарояд ва ба фармони дин бошад ва ранги динӣ дошта бошад.
Пас уламои руҳонӣ бояд ин ифтихорро бибаранд ва пешқадам бошанд. Мӯъминин ва муқаддасин набояд аз илму мадраса битарсанд ва ваҳшат кунанд ва хаёл кунанд, ки агар илм омад, дин меравад. Ин, суизанн ба ислом аст. Ислом ончунон дине аст, ки дар муҳити илм беҳтар аз муҳити ҷаҳл рушд мекунад. Мо агар медонистем, ки ҷаҳлу ҷаҳолат чӣ бар сари мо оварда ва чӣ бар сари ислом оварда, аз ҷаҳолат ва нодонӣ ва бесаводӣ ваҳшат мекардем, на аз илму мадраса.
Чу илм омӯхтӣ…
Гоҳе дида мешавад, баъзе ашхос барои он ки ваҳшати худашонро аз илм пинҳон кунанд, ба шеъри Саноӣ мутавассил мешаванд, ки мегӯяд:
Чу илм омӯхтӣ аз ҳирс онгаҳ тарс, к-андар шаб
Чу дузде бо чароғ ояд гузидатар барад коло.
Ва он вақт мегӯянд, бибин ин таҳсилкардаҳо алъон зарарашон барои мамлакат сад дараҷа аз бесаводҳо бештар аст. Бесаводҳо офтобадузд ҳастанд, аммо инҳо рақамҳое чанд миллионӣ дуздӣ мекунанд.
Шакке нест, ки илм ба танҳоӣ зомини саодати ҷомеа нест. Ҷомеа дину имон лозим дорад, ҳамон тавре, ки имон ҳам агар мақрун ба илм набошад муфид нест, балки вабол аст.
قطع ظهري اثنان عالم متهتك وجاهل متنسك
(“Биҳорул-анвор”, ҷ.2 с.111) (“Ду кас камари маро шикастанд: олими бепарво ва ҷоҳили парҳезкор.”) Ислом на олими бедин мехоҳад, на ҷоҳили диндор.
Аммо ин ҳам, ки мо мегӯем: “Чу дузде бо чароғ ояд гузидатар барад коло” ва ба мавриди таҳсилкардаҳои беимон татбиқ мекунем ва натиҷа мегирем, ки пас хатари илм аз хатари ҷаҳл бештар аст, як навъ муғолата аст. Зеро дузде, ки бо чароғ меояд ва колои гузидаро мебарад, дар шаб меояд, на дар рӯз. Шабҳангом ҳам вақте меояд, ки соҳибони хона хоб бошанд. Аммо рӯзи равшан ҳаргиз наметавонад дастбурд бизанад. Ё агар аҳли хона бедор бошанд, наметавонад дастбурд бизанад. Таҳсилкардаҳои беимон ҳам аз ҷаҳолат ва бехабарӣ ва хоболудагии дигарон истифода мекунанд.
Пас ҷаҳли умумӣ дар ин дуздиҳо дахолат дорад. Шумо кишвари худро бо нури илм равшан кунед ва ҳамаи хонаҳоро мисли рӯз кунед, ҳамаи мардумро бедор ва ҳушёр ва бохабар бигардонед, ҳама ҷоро мисли рӯз равшан бикунед, ба илова дар таҳкими пояҳои имон бикӯшед, дигар аз он дузд ҳам дуздӣ сохта нест. Дар ин дуздиҳо чанд чиз даст ба дасти ҳам дода: илми дузд, беимонии ӯ ва ҷаҳли оммаи мардум. Пас дар ин ҷо ҳам ҷаҳолат шарики ҷирм аст.
Ба ҳар ҳол, агар мо мехоҳем дини саҳеҳ дошта бошем, агар мехоҳем аз фақр раҳоӣ ёбем, агар мехоҳем аз мараз наҷот пайдо кунем, агар мехоҳем адолат дар миёни мо ҳукмфармо бошад, агар мехоҳем озодӣ ва демукросӣ дошта бошем, агар мехоҳем ҷомеаи мо бар хилофи ҳоли ҳозир ба умури иҷтимоӣ алоқаманд бошад, мунҳасиран роҳаш илм аст ва илм, он ҳам илме, ки умумият дошта бошад ва аз роҳи дин ба сурати як ҷиҳоди муқаддас дарояд.
Агар мо ин ҷиҳоди муқаддасро шурӯъ накунем, дунё хоҳад кард ва самараашро ҳам худи онҳо хоҳанд бурд, яъне дигарон хоҳанд омад ва миллати моро аз гирдоби ҷаҳолат наҷот хоҳанд дод ва Худо медонад, ки он вақт ин кӯтоҳии мо чӣ латмаи бузурге ба пайкари ислом ворид хоҳад кард.
Муборизаи инсон бо ҷаҳл
Ҳамин рӯзҳо китоберо мехондам ба номи ”Муборизаи инсон бо ҷаҳл”. Ин китоб аз нашриёти Муассисаи Юнеско аст. Муассисаи Юнеско як муассисаи фарҳангии вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид аст. Дар ин китоб фаъолиятҳои ин муассисаро барои таълим ва босавод кардани кишварҳои ақибафтода зикр кардааст. Ҳарчанд аз назаре ҷойи масаррат аст, ки одамӣ мебинад билохира васоиле фароҳам шуда, ки таълимот дар миёни мусалмонон умумият пайдо мекунад ва тадриҷан бесаводӣ мехоҳад аз миёни мусалмонон рахт барбандад, аммо аз назари дигар мӯҷиби таассуф аст, ки мо мусалмонҳо онқадр дар вазоифи худамон кӯтоҳӣ кунем, ки баъд дигарон аз моварои дарёҳо ва уқёнусҳо биёянд ва заҳматҳо бикашанд ва мароратҳо мутаҳаммил шаванд ва пулҳо харҷ кунанд, то ин вазифаро анҷом диҳанд, на танҳо ба таълимоти умуми бипардозанд, балки созмонҳои дигари беҳдоштӣ ва таъовунӣ эҷод кунанд ва ба кӯмаки мардум биштобанд, бо бемориҳои онҳо мубориза кунанд, ботлоқҳоро пур кунанд, молориёро решакан кунанд, шаҳр ва ободиҳои онҳоро ислоҳ кунанд.
Ба нуқтаҳое аз нуқоти дурдасти баъзе кишварҳои исломӣ монанди Покистон ва Афғонистон рафта ва дар он ҷо умрон ва ободӣ кардаанд ва ба таълим ва беҳдошти мардум хидмат кардаанд, ки аҳаде аз мо дар он ҷо по нагузошта ва ё агар рафта, барои ахзи вуҷуҳот будааст.
Мутобиқи оморе, ки он китоб медиҳад, баъзе аз кишварҳои исломӣ то чанд сол пеш дар ҳудуди 96 дар садашон бесавод буданд ва тадриҷан беҳтар мешавад ва ба 80 дарсад расидааст. Дар ду соли пеш намояндагони Юнеско дар кишварҳои осиёӣ, конфронсе дар Карочӣ ташкил додаанд ва дар он ҷо тарҳе 20-сола барои босавод кардани кишварҳои осиёӣ таҳия кардаанд; тарҳе, ки аз рӯйи диққат ва бо омори саҳеҳ ва муназзам ва дар назар гирифтани ҳама имконот танзим шудааст. Шавқу рағбате дар умум эҷод кардаанд. Навишта буд, дар килосҳои мубориза бо бесаводии Афғонистон гоҳе марде дида мешавад бо риши анбӯҳ, ки то рӯйи синааш омада, дар канори фарзандон ва наваҳои худ машғули фаро гирифтан ва босавод шудан аст.
Ман намедонам, ният ва ғарази онҳо аз ин корҳо чист? Шояд дар пушти парда як манзури истеъморӣ ҳам дар кор бошад. Вой ба ҳоли мо мардум агар истеъмор бо чунин найрангҳо вориди кор шуда бошад, ки кори мо сохтааст.
Ин ки мегӯям, намедонам ният ва ғарази онҳо чист, воқеан намедонам ва албатта намехоҳам бо изҳори бадбинӣ тибқи маъмул пардаи сиёҳе рӯйи тақсиркориҳои худамон бикашам. Мо мардум одат кардаем, ки бо ҳамл ба фасод кардани корҳои дигарон, парда бар рӯйи кӯтоҳиҳо ва тақсирҳои худ бикашем. Дар ҳамон китоб навишта буд, ки дар яке аз кишварҳои офриқоӣ яке аз миллион мутаассиб гуфта буд, ки шумо урупоиҳо ҳоло, ки эҳсос кардаед, ки қудрати истеъмор заъиф шуда ва нерӯи сиёсии шумо дар ҳоли аз байн рафтан аст, мехоҳед чеҳраи худро ба зери пардаи некӯкорӣ ва хидмат ба халқи Худо пинҳон кунед.
Нияти онҳо дар ин кор ҳар чи ҳаст, барои мо таъсир надорад. Он чи барои мо асар дорад ин аст, ки бифаҳмем агар инҳо дар роҳе, ки пеш гирифтаанд муваффақ шаванд ва то 20 соли дигар кишварҳои исломиро таълим бидиҳанд ва босавод кунанд ва онҳоро аз ҷаҳлу фақр ва беморӣ наҷот диҳанд, чӣ асаре дар руҳияи насли оянда нисбат ба ислом ва мусалмонӣ пайдо хоҳад шуд? Оё наслҳои оянда нахоҳанд гуфт, мо 14 қарн мусалмон ва пайрави дини Муҳаммад (с) будем ва ғарқ дар ҷаҳолат ва бадбахтӣ зиндагӣ мекардем, то билохира пайравони Масеҳ аз он сӯйи ҷаҳон даст дароз карданд ва моро наҷот доданд?! Он вақт чӣ обрӯе барои ислом боқӣ мемонад? Ҷавоби Пайғамбарро чӣ бидиҳем агар бифармояд, оё ба дастури ман, ки гуфтам:
طلب العلم فريضة علی كل مسلم
— амал кардед?! Як қоидаи табиӣ ва таквинӣ ва равонӣ аст, ки:
الإنسان رهين الإحسان
Яъне инсон дар гарави некӣ қарор мегирад. Пайғамбар ҳам фармуд:
من أحيی أرضا مواتا فهو له
Ҳар кас замини мурдаро эҳё кунад, моли худаш аст.
Ҳарчанд ин қоида як қонуни ташреъӣ аст ва марбут ба замин аст, аммо дар мавриди таквиниёт ҳам содиқ аст. Ҳар гурӯҳе, ки биёянд миллатеро эҳё кунанд, онҳоро аз ҷаҳлу фақру бадбахтӣ наҷот диҳанд, молики дилҳо ва руҳҳо ва ақидаҳои он мардум хоҳанд шуд.
Пас бо ин вазъе, ки пеш омада мо бояд дар камоли вузуҳ ин хатарро пешбинӣ кунем, ки дар оянда молики наслҳое, ки баъдан хоҳанд омад нахоҳем буд. Мумкин аст касе бигӯяд, ҳаргиз мусалмон ба масеҳият раҷъат нахоҳад кард, хусусан агар мардум олим ҳам бишаванд ҳаргиз аз тавҳид ба таслис нахоҳанд гаройид.
Арз мекунам, шояд ҳамин тавр бошад, вале қадри мусаллам ин аст, ки агар ба масеҳият гароиш пайдо накунанд, ба ислом ҳам дигар алоқае нахоҳанд дошт. Шояд самараи ин корҳо ба ҷайби коммунистҳо биравад. Агар дар кишварҳои исломӣ ба мӯҷибе аз мӯҷибот, алоқаи динӣ дар ҷавонон аз байн биравад, самарааш оиди коммунизм аст. Пас бо ин хатар бояд мубориза кард. Роҳи мубориза бо ин хатар чист? Оё роҳаш ин аст, ки тибқи маъмул ҷору ҷанҷол роҳ биандозем, ки хайр, Юнеско ҳақ надорад мусалмонҳоро таълим диҳад ва дар ин роҳ заҳмат бикашад ва пул харҷ кунад, соири созмонҳои хайрияи ҷаҳонӣ ҳақ надоранд бо пашшаҳои молориё ва соири бемориҳои кишварҳои исломӣ мубориза кунанд, ба онҳо чӣ марбут, магар онҳо фузулбошӣ ҳастанд.
Шумо худатон фикр кунед, оё ҳамчу сухане саҳеҳ аст? Оё дунё аз мо мепазирад? Оё худи миллатҳои мусалмон ин ҳарфро аз мо мепазиранд? Ё роҳаш ин аст, ки домани ҳиммат ба камар бизанем ва як ҷиҳоди муқаддас оғоз кунем ва ин фаризаро ба дасти худамон амалӣ кунем.
Албатта возеҳ аст, ки роҳи дуввум саҳеҳ аст.
Боз дар ҳамон китоб навишта буд, ки дар Индонезия, ки яке аз кишварҳои исломӣ аст ва бузургтарин кишвари исломӣ аст, таълимоти умумӣ ба сурати як “ҷиҳоди муқаддас“ даромада ва мардум монанди як фаризаи мазҳабӣ онро амал мекунанд. Дар он ҷо ҳар кас, ки “чизе медонад” аз ҳар синфе ва дорои ҳар шуғле, ки ҳаст, фаризаи зиммаи худ медонад, ки дар мадорис биравад ва таълим диҳад, зеро муаллимини расмии фарҳанг кофӣ нестанд барои ҳамаи мадорис.
Ин ҳамон дастури ислом аст, ки таълимро бар ҳама кас воҷиб карда. Он дастур шакли иҷроии имрӯзияш ҳамин аст, ки ба нақли он китоб дар Индонезия амал мешавад.
Идома дорад…
Қаламонлайн