Дидори вазири кишоварзии Тоҷикистон бо сафири Эрон

Дидори вазири кишоварзии Тоҷикистон бо сафири Эрон

Ахбори минтақа

Ба гузориши пойгоҳи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон,

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон, бо Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқт намуда ва заминаҳои тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахши кишоварзиро мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор доданд.

Тарафайн дар ин дидор зимни баррасии иқдомоти анҷомшуда дар хусуси ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои кишоварзӣ байни ду кишвар, бар зарурати густариши беш аз пеши равобит дар бахши кишоварзӣ таъкид намуданд.

Қурбон Ҳакимзода дар ин дидор иқдомот ва дастовардҳои кишвар дар таъмини маводди ғизоӣ ва афзоиши маҳсулоти кишоварзиро ташреҳ намуда ва бар тавсеаи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.

Собирӣ бо ташреҳи дастовардҳои Эрон дар бахши мухталифи ҳавзаи кишоварзӣ, омодагии кишварашро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар ин бахшҳо, аз ҷумла омӯзиши мутахассисон, содироти трактор ва адавоти кишоварзӣ, таъмини базрҳои пурмаҳсул, мубориза бо офоту бемориҳои гиёҳӣ, густариши обхездорӣ ва ҳифозати хок, афзоиши зариби худиттикоии маҳсулоти роҳбурдии асосӣ, домпарварӣ, обзипарварӣ ва парвариши моҳӣ в парвариши паранда, тавсеаи боғот, тавсеа ва фароварии гиёҳони доруӣ, шабакаҳои обёрии сомонаҳои навини обёрӣ, густариши зерсохтҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ва афзоиши тавлидоти саноатии такмилӣ ва табдилӣ дар бахши кишоварзиро ёдовар шуд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афзоиши содироти барқи Тоҷикистон
Муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав беш аз 800 ҳазор нафар тахмин зада мешавад

Матолиби пурбоздид