Ҳамлаи ногаҳонии Амрико ба Ироқ

Ҳамлаи ногаҳонии Амрико ба Ироқ
Ахбори байналмилал
Alalam
Ҳавопаймоҳои ҷангии омрикоӣ бомдоди чаҳоршанбе (24 январ) ба чанд пойгоҳи Ҳашди шаъбӣ дар шаҳрҳои Ҷарфуннаср ва Қоим дар устонҳои Бобил ва Анбор дар ғарби Ироқ ҳамла карданд.
Ба гузориши шабакаи хабарии Алъолам, манобеъи маҳаллӣ бомдоди чаҳоршанбе аз шунида шудани садои чандин инфиҷор дар манотиқе дар ғарби Ироқ хабар доданд.
Расонаи ироқии “Собирин нюз” бомдоди чаҳоршанбе аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии омрикоӣ ба минтақаи Ҷарфуннаср дар 60 километрии ҷануби ғарбии Бағдод воқеъ дар устони Бобил хабар дод.
Бархе манобеъ гузориш доданд, ки садои ҳадди ақал 5 инфиҷори маҳиб дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ ба Ҷарфуннаср ба гӯш расидааст.
Як хабарнигори саҳюнисти хабаргузории Reuters низ муддаӣ шуд, ки дар ин ҳамалот, мавозеъи бархе аз гурӯҳҳои муқовамати ироқӣ ҳадаф қарор дода шудааст.
Бархе манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки эҳтимолан Донишкадаи низомӣ дар Ҷарфуннаср ва минтақае наздики гузаргоҳи Тарибил дар марзи Ироқ-Ӯрдун ҳадафи ҳамалот қарор гирифтаанд.
Як мақоми низомии омрикоӣ бомдоди чаҳоршанбе ба шабакаи Алҷазира гуфт, ки нерӯҳои ин кишвар ҳамакнун машғули анҷоми ҳамалоте ба пойгоҳҳои низомӣ дар ғарби Ироқ ҳастанд.
Алҷазира ба нақл аз ин мақоми омрикоӣ гузориш дод, ки ҳамалот ба катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ дар вокуниш ба амалиётҳои ахир алайҳи пойгоҳҳои ин кишвар анҷом шудааст.
Идораи дармони устони Бобил низ гуфт, ки чандин омбулонс ба самти маҳалли ҳамалот дар Ҷарфуннаср эъзом шуда ва бахши уржонси бемористонҳо низ дар ҳолати омодабош ҳастанд.
Дар идома расонаҳои ироқӣ гузориш доданд, ки бахше аз шаҳри Қоим воқеъ дар ғарби ин кишвар низ ҳадафи ҳамалоти таҷовузкоронаи омрикоиҳо қарор гирифтааст.
“Собирин нюз” гузориш дод, ки ҳавопаймоҳои ҷангии омрикоӣ дар ҳамалоти ҷудогонае ба устонҳои Бобил ва Анбор, пойгоҳҳои Ҳашди шаъбӣ вобаста ба дафтари нахуствазирии Ироқро ҳадаф қарор доданд.
Дақоиқе баъд ин расонаи ироқӣ навишт, ки бар асоси гузоришҳои аввалия, ду размандаи Ҳашди шаъбӣ дар ҳамалоти Омрико ба шаҳри Қоим ба шаҳодат расидаанд.
Мақомҳои омрикоӣ мегӯянд, ин ҳамалотро дар вокуниш ба захмӣ шудани теъдоде аз нерӯҳои ин кишвар бар асари ҳамалоти мушаки болистик ба пойгоҳи Айнуласад анҷом доданд.
Ллойд Остин, вазири дифоъи Омрико низ тайи баёнияе муддаӣ шуд: “Иёлоти Муттаҳида дар посух ба ҳадаф қарор додани сарбозони омрикоӣ ҳамалоти ҷадидеро дар Ироқ анҷом дод.”

Alalam

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эъломи оғози амалиёти муҳосараи дарёии режими саҳюнистӣ дар баҳри Медитарона
Ҳамос пешниҳоди Исроил барои оташбас дар муқобили озодии асиронро рад кард

Матолиби пурбоздид