Додгоҳҳои тафтиши ақоид дар қуруни вусто

Таърих

Додгоҳҳои тафтиши ақоид дар қуруни вусто

Нигоҳе ба торих

Калисои котулик дар тӯли чанд қарн дар Урупо раҳбарии ҷомеаи масеҳиро бар ӯҳда дошт. Дар қарнҳои 11-12 мелодӣ бархе ақоиди аз назари калисо “мунҳариф” ва мазоҳиби “навпо” дар қаламрави Урупо зуҳур карданд. Ин падида, якпорчагии ҷомеаи масеҳӣ ва иқтидори калисоро ба хатар андохт. Раҳбарони калисо барои мубориза бо ин масъала, ба “тафтиши ақоид” (inquisition)-и масеҳиён ва ба дунболи он, муҷозоти “мунҳарифон” пардохтанд ва аз ин тариқ кӯшиданд то иқтидори калисои котуликро ҳифз кунанд.

* * *

Омилҳои шаклгирии тафтиши ақоид дар калисои котулик

Дар қарни 11-ум, калисои уртудукс (ортодокс)-и шарқӣ бо ҷудоӣ аз калисои котулики Рум, зарбае муҳлик бар иқтидори ин калисо ворид намуд. Албатта, масъала ба ин ҷо хатм нашуд, балки ба мурури замон, гурӯҳҳо ва фирқаҳои мухталифе ба интиқод аз калисои котулик пардохтанд.

Бурузи фирқаҳо ва мазоҳиби гуногун, ташвиши хотири раҳбарони калисоро ба дунбол дошт. Яке аз ин гурӯҳҳо, которҳо (katharoi) дар ҷануби Фаронса буданд, ки худро масеҳиёни ростин медонистанд. Зуҳури ин гурӯҳ, нигаронии амиқеро барои дастгоҳи попӣ ба вуҷуд овард, зеро ин фирқа тавонист аз маҳбубияти қобили таваҷҷӯҳе бархӯрдор шавад ва миёни ақшори ситамдида ва мустазъаф пайравонеро гирди худ оварад. (1)

* * *

Таъсиси додгоҳҳои тафтиши ақоид

Таъсиси фирқаҳо ва мазоҳиби ҷадид ва парокандагӣ дар миёни пайравони калисои котулик, аз як сӯ подшоҳон ва аз дигар сӯ, раҳбарони калисоро дучори воҳима намуд. Аз ин рӯ, подшоҳони кишварҳои масеҳинишин, ҳамроҳу ҳамсӯ бо раҳбарони калисо, ба фикри чорае барои бурунрафт аз ин вазъият афтоданд, ки натиҷаи он, ташкили “додгоҳҳои тафтиши ақоид” буд.

Агарчӣ маъмулан аз Поп Григурии 9-ум (Pope Gregory IX = Григорий IX) ба унвони бунёнгузори тафтиши ақоид ёд мешавад, аммо ҳақиқат он аст, ки тафтиши ақоид пеш аз вай, ва дар замони Поп Лусиюси 3-ум (Pope Lucius III = Луций III) по гирифта буд. Ӯ дар соли 1184 тайи дастуруламале усқуфҳоро муваззаф намуд, то ба тафтиши ақоид пардохта, аз рушду густариши “бидъатҳо” ҷилавгирӣ намоянд. (2)

Ташкили расмии додгоҳҳои тафтиши ақоид, дар давраи Поп Григурии 9-ум сурат гирифт. Дар замони вай, подшоҳи Орогун (Aragon) дар соли 1226 вуруди “куффор”-ро ба қаламрави подшоҳии хеш мамнӯъ сохт ва ба дунболи ин иқдом, аз Поп Григурии 9-ум дархост намуд, то додгоҳеро таҳти унвони “Додгоҳи тафтиши ақоид” барпо созад. Ин пешниҳоди подшоҳ мавриди мувофиқати Поп қарор гирифт ва аз ин замон, додгоҳҳои тафтиши ақоид ба сурати расмӣ оғоз ба кор намуд. (3)

Ин додгоҳҳо густариш ёфт ва дар манотиқи мухталифи масеҳинишин барпо гардид. Испониё, Пуртуғол, Ҳуланд, Фаронса ва ғайра ҳамагӣ дорои додгоҳҳои маъруфе будаанд, ки номашон дар сафаҳоти торики қуруни вусто рақам хӯрдааст.

* * *

Вазоифи ин додгоҳҳо

Додгоҳҳои тафтиши ақоид мебоист ҳар гуна тахаллуф аз таълимоти калисои котуликро мавриди баррасӣ қарор дода ва муттаҳамонро ба тавба вомедоштанд. Албатта дар бисёре аз маворид, тавба низ кофӣ набуд ва шахси гуноҳкор бояд мутаҳаммили муҷозот мегардид.

Дар яке аз феҳристҳои мунташиршуда, ки дар қарни 15-ум дар Испониё мавриди истифодаи мақомоти додгоҳҳои тафтишӣ буд, гуноҳони зайл ба унвони мавориде, ки бояд муртакибони он таҳти таъқиб қарор гиранд, баршумурда шуда буд:

1) Нисбат додани сифоти нодуруст ба Худованд ва соири авлиёи илоҳӣ;

2) Сеҳр, ҷодугарӣ ва ғайбгӯӣ дар маросим ва ойинҳои динӣ;

3) Кӯмак гирифтан аз аҷинна ва шаётин;

4) Исрор бар гуноҳоне, ки барои онҳо муҷозот дар назар гирифта шуда буд;

5) Инкори бартарии Рум ва сар боз задан аз итоати Поп;

6) Паноҳ додан ба “бидъатгузорон”;

7) Мухолифат бо низоми тафтиши ақоид;

8) Кафну дафни мулҳидон ва касоне, ки ба ҷурми “бидъатгузорӣ” аз сӯи додгоҳҳо маҳкум шудаанд;

9) Худдорӣ кардан аз адои савганд дар додгоҳҳо дар сурате, ки аз онон хоста шавад

… ва ғайра (4)

* * *

Шеваҳои муҷозот

Шеваҳои муҷозот дар ин додгоҳҳо, бисёр мутанаввеъ буд. Навъ ва шиддати шиканҷаҳо дар манотиқи гуногун ва дар замонҳои мухталиф мутафовит буд. Поп Леуи 9-ум (Pope Leo IX = Лев IX) бо ҳар гуна озору азияти “бидъатгузорон” мухолиф буд ва дар мақоми муҷозот, ба такфири онон басанда менамуд (5). Аммо ин шева, давоми чандоне наовард ва аз он пас, шиканҷаи муттаҳамон ба унвони асли ҷудоинопазири додгоҳҳо талаққӣ гардид. Албатта дар авоили фаъолияти ин додгоҳҳо, шиканҷа ва озори муттаҳамон танҳо дар сурате муҷоз шумурда мешуд, ки сабаби хунрезӣ ва ё ҷароҳати доимӣ нашавад, вале ин равия низ ба зудӣ тағйири шакл дод ва дар соли 1256 Поп Олексондри 4-ум (Pope Alexander IV= Александр IV) ин қонунро лағв намуд. (6)

Аз он пас додгоҳҳои тафтиши ақоид дар эъмоли шеваҳои эътирофгирӣ аз муттаҳамон гӯи сибқатро аз якдигар рубуданд. Онон ибтидо аз муттаҳам мехостанд, ки ба ҷурми худ эътироф кунад. Дар сурате, ки вай аз эътироф худдорӣ менамуд, дастури шиканҷаи вай содир мегардид. Маъмурони тафтишӣ пеш аз шиканҷа, ба вай ёдовар мешуданд, ки дар сурати эҷоди ҷароҳат, шикастагии аъзоъ ва ё ҳатто марг, танҳо худи муттаҳам масъул хоҳад буд, зеро аз эътироф ба гуноҳи хеш сар боз задааст. (7)

Сипас шиканҷаҳо оғоз мешуд: хӯрондани миқдори зиёде об аз тариқи қифе, ки дар даҳони муттаҳам қарор медоданд, сӯзондани поҳо, кашидани бадан ба ҳадде, ки аъзоъ ва мафосил пора шавад, нишондан бар рӯи чаҳорпояҳои оҳании доғ, кандани гӯшти бадан бо анбӯри доғ ва шикастани устухон ва ғайра… бахше аз муҷозотҳои роиҷи ин додгоҳҳо буд. (8)

Тоза, эътирофи муттаҳамон дар зери шиканҷа мӯътабар набуд. Аз ин рӯ ибтидо муттаҳамро шиканҷа мекарданд ва сипас ба муддати се соат ӯро ба ҳоли хеш раҳо мекарданд ва он гоҳ аз ӯ мехостанд, то ба гуноҳи худ эътироф кунад. Дар сурате, ки аз эътироф худдорӣ мекард, дубора вайро шиканҷа менамуданд ва боз пас аз гузашти се соат аз вай мехостанд, то ба гуноҳи худ эътироф кунад. (9)

Дар хусуси гуноҳоне, ки муҷозоти марг барои муттаҳам пешбинӣ шуда буд, гуноҳкорро ба ҷаллод месупурданд. Дар ин маворид, расм бар он буд, ки агар муттаҳам ба гуноҳи хеш эътироф менамуд, дар ҳаққи вай “лутф” мешуд. Аммо дар сурате, ки муттаҳам аз эътироф ба гуноҳи хеш ва ибрози пушаймонӣ худдорӣ мекард, ӯро зинда месӯзонданд. (10)

Дар мавриди дафни ҷасади муттаҳамон низ рӯйкардҳои мутафовите вуҷуд дошт. Дар бархе маворид, иҷозаи дафни бадани онон дода намешуд. Дар ин сурат агар касе иқдом ба дафни ҷасади фарди гуноҳкор менамуд, такфир мегардид ва танҳо роҳи раҳоӣ аз бахшоиш он буд, ки мурдаро аз қабр дароварда ва баданашро дур меандохт. (11)

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти Ҷувайбар ва Зулфо
Саломе, ки бӯи мушк дорад

Матолиби пурбоздид